
8-уми апрел бо ибтикори кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-и шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва масъалаҳои доғи ҷомеа» бо ходимони дин, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорону хонандагон ва фаъолону сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Дар он раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Шомиддин Шарифов, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иштирок доштанд.
Рудобаи Мукаррам дар баромади худ ба масъалаҳои муҳими арзишҳои миллӣ ва нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ омили асосии пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мебошад: “Амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ дар замони тағйирпазирии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа имрӯз яке аз масъалаҳои хеле муҳим дониста мешавад. Маҳз ҳамин омил боиси рушди ҷомеа гашта, заминаи асосии фаъолнокии одамон ба шумор меравад”.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ва бо мақсади иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», инчунин, дигар барнома ва стратегияҳои давлатӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини амният, суботи ҷомеа ва мубориза бо терроризм ва экстремизм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар суханрониҳо ва паёмҳояшон пайваста зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон, махсусан ҷавононро дар муқобили зуҳуроти номатлуб таъкид менамоянд.
Шомиддин Шарифов, дар бораи роҳҳо ва усулҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард: “Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории зич бо оила ва муассисаҳои таълимӣ метавонад сатҳи чунин хатарҳоро ба таври назаррас коҳиш диҳад”.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи насли наврас боз ҳам тақвият дода шавад. Ҷавонон бояд расидан ба қадри неъматҳое чун истиқлолу давлатдории миллӣ, дарки арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдорӣ ва ҳифз намудани онҳоро ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ донанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”