Бо фарорасии фасли баҳор ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз, мавсими навбатии сайёҳӣ дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Ба ин муносибат мо тасмим гирифтем, ки хонандагони худро аз баъзе навгониҳои соҳа огоҳ созем. Дар соли 2026 интизор меравад, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сатҳу сифати нав касб намуда, мақоми кишварро ҳамчун як макони барҷастаи экологӣ мустаҳкам созад ва шумораи сайёҳонро афзоиш диҳад. Талошҳо, асосан, ба рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва ташвиқи ҷашнвораҳои миллии тоҷикон, аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, равона хоҳанд шуд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори ваколатдори соҳа баҳри пешрафти сайёҳӣ дар кишвар ва дарёфту ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тавре Кумита иттилоъ медиҳад, соли гузашта ҷиҳати муайян намудани камбудиҳо вазъи соҳа таҳлил гардида, зиёда аз 20 таклифу пешниҳод вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонда шудааст. Масълаҳои мазкур айни ҳол дар баррасии Кумита ва сохторҳои дахлдор қарор дошта, интизор меравад, ки дар моҳҳои наздик ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳа тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд.
Ҳамзамон, бино ба гуфтаи раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумахонзода, Кумита нақша дорад, ки дар давоми соли 2026 портали махсусро барои пешниҳоди маълумот оид ба инфрасохтори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва оммавӣ гардонад. Ин портал имкон медиҳад, ки шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ маълумоти муфассалро вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ, инфрасохтори соҳавӣ ва субъектҳои хизматрасонӣ ба осонӣ дастрас намоянд. Инчунин, таъсиси Фонди рушди сайёҳӣ дар назар аст, ки фаъолияти он ба дастгирии ташаббусҳои нав ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ равона хоҳад шуд. Гузашта аз ин, ҳамаи хизматрасониҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои нав омода шудааст, ҷойгир карда мешаванд. Ин иқдом ба содагардонии коргузорӣ, шаффофияти хизматрасониҳо ва дастрас гардидани онҳо барои шаҳрвандону соҳибкорон мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ, татбиқи сифатноки тадбирҳои болозикр дар соли ҷорӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши даромади миллӣ мусоидат намуда, ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки мавқеи худро ҳамчун як маркази сайёҳии минтақавӣ таҳким бахшад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»