Баргашт Чоп кардан

ДӮСТӢ. ЗИНДАГӢ ТАРОВАТИ ТОЗА ДОРАД

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина, барои бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ тадбирҳои муассир меандешанд.

Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир ба хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар доираи корҳои ободонӣ бинои маъмурии шабакаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Дӯстӣ» ва майдончаи варзиши деҳаи Ҳаёти Нав мавриди истифода қарор гирифт. 

Бинои маъмурии шабакаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои сохтмони он 5 миллиону 97 ҳазор сомонӣ равона шуд. Иншоот бо тарҳи муосир қомат афрохта, аз 21 дафтари корӣ иборат мебошад ва барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар доираи лоиҳа тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд гардидааст. Аз ҷумла, манораи обёрӣ, ҳоҷатхона, дегхона, танӯр барои сӯзондани партовҳои тиббӣ, майдончаи махсус барои ҷамъоварии партовҳо ва ҳавзи оташхомӯшкунӣ сохта шудаанд. Ин тадбирҳо барои таъмини бехатарӣ ва риояи меъёрҳои санитариву гигиенӣ мусоидат менамоянд.


Бинои иловагӣ дар назди МТМУ №14 бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо сарфи 4,6 миллион сомонӣ сохта шуд. Иншоот аз ҳафт синфхонаи барҳаво ва ду дафтари корӣ иборат буда, синфхонаҳо бо системаи муосири гармидиҳӣ таъмин гардидаанд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки хонандаҳо дар фасли сармо бароҳат ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

 
Корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Дӯстӣ» дар деҳаи Қайендеҳи деҳоти Деҳқонобод аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъахон Назаров бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, намунаи равшани саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди маҳаллӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз то як тонна шир коркард шавад. Дар корхона панҷ намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол ва ба бозори дохилӣ пешниҳод мегардад. Ин иқдом метавонад дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот саҳми назаррас гузорад.

 
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди инфрасохтори варзишӣ дар маҳал майдончаи варзиш дар майдони 882 метри мураббаъ сохта шуд. Корҳои сохтмонии иншоот бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Имомиддинов амалӣ шуда, барои татбиқи лоиҳа беш аз 550 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Майдонча ба макони муносиб барои машғул шудан ба варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ табдил ёфта, дар рушди соҳа саҳми назаррас хоҳад гузошт.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”