
Бани башар шояд миллион сол боз зиндагӣ мекунад, аммо муаммои кӣ будан, чаро омадан, барои чи омадан ва чи рисолат доштанашро дар ҷаҳон ҳанӯз ҳам намедонад. Дар ин байн як зумра инсонҳои тозазамир қонуни инсон буданро кайҳо ёфтаанд. Он бисёр сода аст: некӣ бикун! Агар некӣ ҳам карда натавонистӣ, сухани нек бигӯй!
Ҳунарманди гулдаст Машварати Лутфуллоҳ чунин қонуни хуҷастаи нонавиштаро кайҳо боз ба рӯзгори худ татбиқ карда. Ошиқи ҳунарҳои мардумӣ, ошпазӣ ва "Шашмақом" аст.
Бавижа, аҳли ҳунар буданаш сутуданист. Бо риштаҳо, ман он риштаҳоро риштаҳои нур мегӯям, зардӯзиву гулдӯзӣ мекунад. Сӯзани дасташ сӯзан нест, балки чӯбдастаяки муъҷизанок аст, ки бо он кинаву кудурат, ғаму дард ва камукости рӯзгоронро дур меронад. Дар ҳунар эъҷоз дарёфта.
Машваратбону ҳамроҳи аҳли оила маҳз ба хотири тавсеаи ҳунар ба шаҳри Душанбе омад. Чанд сол дар баробари ҳунармандӣ, дар мактаби № 72-и пойтахт омӯзгор буд ва ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул гашт. Аслан, ӯ омӯзгори синфҳои ибтидоист ва солҳо дар тарбияти тифлакон дар боғча масъул будааст.
Бо вуҷуди серкорӣ тадриҷан маҳсули ҳунараш дар намоишгоҳҳои хурду бузург пешкаши бинандагону шавқмандон мегардад. Ниҳоят муштариёни корҳои ӯ афзуда, дар кӯтоҳтарин муддат меҳмонону сайёҳони хориҷиро ҳам тасхир намуд.
Воқеан ҳам, ҳунар муъҷиза меофарад. Ӯ бо меҳру муҳаббат ва маҳорати хосса чунон меҳнат мекунад, ки ҳар як тасвир дар гулдӯзиҳо тавассути риштаҳо зиндаву зебо ҷило медиҳанд. Вақте шумо бо намунаҳои ҳунари он кас ошно мешавед, ба як хулоса меоед: «Бо риштаҳо ҳам мешавад мусаввирӣ кард».
- Гузаштагони пуршарафи камина аз аҳли ҳунар буданд. Ҳанӯз наврас будаму ёд дорам, ки чӣ гуна модару бибиям гулдӯзӣ мекарданд, бо матоъ, ришта, сӯзан ва рангҳо бозӣ карда, бо замзамаи «Шашмақом» маҳсули ҳунарӣ меофариданд. Албатта, дар чунин муҳит будан, хушоянд буд ва ҳамин минвол меҳри ҳунарҳои мардумӣ дар сиришти мо низ ҷой гирифт ва то имрӯз бо ҳунар – бо риштаву сӯзан нафас мекашем. Ростӣ, яке аз хусусиятҳои ҳунар ин аст, ки шуморо аз дарди бекорӣ мераҳонад ва на танҳо зиндагиатонро рангин, ризқатонро фаровон, балки ҷисману руҳан зебову солим нигаҳ медорад, - изҳор медорад қаҳрамони мо.
Дар ҳақиқат, ҳар миллатро бо ҳар гуна дастовези илмию ҳунарӣ ва техникию фарҳангӣ мешиносанд. Дар ин росто, халқи тоҷикро бо Наврӯз, адабиёт, ҳунарҳои мардумӣ шинохтаанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»