Баргашт Чоп кардан

Тоҷикистон гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад


Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барномаи ҳамгиро оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва рушди сардкунии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардида, аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад.
Ҳадафи асосии лоиҳа коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо – газҳои дорои таъсири баланди гармхонаӣ то 70 фоиз то соли 2029 мебошад.


НУРОБОД. ҶАШНИ НАВРӮЗ ТАНТАНА ДОШТ
Дар ноҳияи Нуробод Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо манзалати хос ва руҳияи баланди идона таҷлил гардид.
Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ, дар варзишгоҳи марказии ноҳия намоиши дастовардҳо, ҳунарҳои мардумӣ, анвои таомҳои миллӣ, инчунин, дастархонҳои рамзии «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ташкил шуд.
Иброз гардид, ки Наврӯз аз куҳантарин оинҳои миллӣ буда, мардуми тоҷик онро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд. Дар доираи тантанаҳои Ҷашни Наврӯз дар ноҳия мусобиқаи байналмилалии гӯштигирӣ баргузор гардид, ки дар он паҳлавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.


Иштироки судяҳои Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ
Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона, дар мавзуи «Эътироф ва ба иҷро расондани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ дар фазои ҷаҳонӣ: мушкилоти ҳифзи ҳуқуқ ва дурнамои рақамикунонӣ» Конфронси дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он судяҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии иштироки ҳайати судяҳои кишвар дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омӯзиши усулҳои муосири татбиқи қонунгузории байналмилалӣ ва таҳкими амалияи судии самаранок, инчунин, баррасии масъалаҳои марбут ба рақамикунонии равандҳои судӣ мебошад.


Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Минск
Аз 9 то 11-уми апрел дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск, Намоишгоҳи 28-уми байналмилалии хидматрасониҳои сайёҳӣ «ОТДЫХ –2026» баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистон иқтидори сайёҳии худро муаррифӣ кард.
Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Беларус, дар Намоишгоҳ намояндаи Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, табиати нотакрор, обҳои мусаффо ва рушди инфрасохтори соҳаро муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин, дар бораи ислоҳоти давлатӣ барои осон кардани рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ ва фароҳамсозии фазои мусоиди сармоягузорӣ ба бахши сайёҳӣ маълумот дода шуд.