Се медал дар Чемпионати Осиё
Аз 30-юми март то 10-уми апрел дар шаҳри Уланбатори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс доир гашт.
Тавре Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар дод, дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ беш аз 200 варзишгари 25 давлат, аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 варзишгар, иштирок дошт.
Дар натиҷа, Парвиз Каримов дар вазни -90 кг медали нуқра гирифт. Ӯ дар финал аз Ҳалимҷон Мамасолиеви ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд.
Миҷгона Самадова дар вазни -57 кг миёни бонувон ва Некрӯз Салимов дар вазни -80 кг миёни мардҳо ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
ГӮШТИН
Кудиев ва Ахмедов дар Чемпионати Осиё медал гирифтанд
Аъзои дастаи мунтахаби гӯштии тарзи озоди кишвар Абдулмаҷид Кудиев ва Мустафо Ахмедов дар Чемпионати Осиё медали биринҷӣ гирифтанд.
Мусобиқаи қоравӣ аз 6 то 12-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир гашт. Дар он, ки аз рӯйи ду равия – гӯштии юнонӣ-римӣ миёни мардҳо ва гӯштии тарзи озод миёни мардҳову бонувон сурат гирифт, ҳудуди 350 варзишгар аз 23 давлат ширкат намуд. Ҷумҳурии моро 13 паҳлавон намояндагӣ карда, 2 медал ба даст оварданд.
ФУТБОЛ
Тими наврасони Тоҷикистон – чемпиони CAFA
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ғолиб шуд.
Мусобиқаи CAFA бо ширкати 5 даста – Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбе-кистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар шаҳри Тошканд доир гашт. Футболбозони навраси мо бо роҳбарии сармураббӣ Ҷаъфар Ахмедов 4 бозӣ анҷом дода, бар дастаҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0), Афғонистон (3:2) пирӯз гашта, бо тими наврасони Ӯзбекистон мусовӣ (0:0) бозӣ карданд.
Ин панҷумин ғалабаи дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар ин гуна мусобиқа аст. Пештар тими мо дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 низ зинаи аввалро гирифта буд.
Имсол Ӯзбекистон ҷойи дуюм ва Қирғизистон мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Ҳамчунин, ду бозигари мунтахаби мо Биҳиштӣ Раҷабзод ҷоизаи "Бозигари муфидтарин" (MVP), Сиёвуш Назаров бошад, бо задани чор гол беҳтарин нишонзан эътироф гардиданд.
“Истиқлол” ба ҷойи аввал баромад
Бозиҳои даврҳои сеюму чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Бозии марказии даври сеюм миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Равшан” мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Дар бозиҳои дигари ин давр “Хуҷанд” бар “Истаравшан” (1:0), “Ҳосилот” бар “Сардор” (3:2) пирӯз гашта, “Вахш” аз КМВА (0:1), “Парвоз” аз “Регар-ТадАЗ” (0:1) ва “Барқчӣ” аз “Эсхата” (1:2) мағлуб шуданд.
Дар даври чорум, ки 10-12-уми апрел доир гашт, КМВА бар “Барқчӣ” (2:1), “Равшан” бар “Эсхата” (3:1), “РегарТадАЗ” бар “Ҳосилот” (1:0), “Истиқлол” бар “Парвоз” (3:0) ғалаба карданд. Ду бозӣ миёни дастаҳои “Сардор” – “Хуҷанд” (2:2), “Истаравшан” – “Вахш” (1:1) мусовӣ анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз чор давр “Истиқлол” бо 8 хол дар садри ҷадвали мусобиқа аст. “Хуҷанд” низ, ки 8 хол дорад, дар ҷойи дуюм аст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”