Баргашт Чоп кардан

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО


Афсари ришвахӯр ба толори суд рафт
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ алайҳи як масъули вобаста ба даъвати ҳарбиро бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. Сатторзода, афсар оид ба мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов, нишон додааст, ки номбурда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, даст ба аъмоли ҷинояткорона задааст. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2025 бо сӯиистеъмол аз мақоми хизматии худ аз шаҳрванд Б.Ш.Т. барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъвати тирамоҳии даъватшаванда С.А.А. ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ин замина, нагузарондани даъватшаванда аз комиссияи ҳарбӣ - тиббӣ 15 000 сомонӣ гирифтааст.
Парвандаи ҷинояти нисбат ба А. Сатторзода бо моддаи 391 қисми 1 (сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан, ё бефаъолиятии ҳокимият) оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.


Қаллобӣ ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 42-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Кормандони милитсия муайян карданд, ки ин мард моҳи январи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 420 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки боғчаи бачагонааш, воқеъ дар деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдатро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Аммо ин ваъдаро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”