Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Парчами ифтихор дар ҳар хона” аксияи ватандӯстона роҳандозӣ гардид.
Дар доираи ин иқдом, ки аз ҷониби ташкилоти “Созандагони Ватан”-и ҲХДТ амалӣ гашт, ҷавонон ба кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр баромада, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро насб намуданд. Ҳамзамон, сокинони шаҳр бо руҳияи баланди ватандӯстӣ аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуда, парчамҳоро дар манзилҳои худ овехтанд.
Мунзифа Ғаффорӣ, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, гуфт: “Ҳадафи асосии аксия баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва аҳолӣ мебошад”.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ нақши муҳим дошта, ҳар як шаҳрванди кишварро ба дӯст доштани Ватан ва ифтихор аз рамзҳои миллӣ раҳнамоӣ менамояд.
Иштирокчиёни аксия иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор дар чунин чорабиниҳо ширкат варзида, минбаъд низ дар ободиву пешрафти Ватан саҳм мегузоранд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”