![]()
Рӯзе ба хонаи яке аз хешовандон ба меҳмонӣ рафтам. Чун одат, нишастему саҳифаҳои хотироту рӯзгорро варақ зада, аз оламу одам суҳбат мекардем, аммо писари хурдии хонадон, ки тақрибан чор ё панҷ сол дошт, лаҳзае ором намегирифт: гоҳ аз рӯйи курсӣ ба курсии дигар мепарид, гоҳ ба тарафи дар мешитофт, гӯё неруе ноаён ӯро ба беқарорӣ водор месохт. Модараш, ки, зоҳиран, ба ин манзара одат карда буд, бо табассуми маҷбурӣ ва узрхоҳона мегуфт: «Бача аст дигар…».
Суҳбати мо тоза шуда буд, ки ногоҳ садои гиряи талхе хонаро фаро гирифт. Модари бечора бошитоб ва ман низ бо изтироб ба ҳуҷраи дигар шитофтем. Вақте расидем, сару рӯйи ба хун оғӯштаи ҷиянамро дидему ҳуш аз сари модараш парид. Маълум шуд, ки писарак машғули бозӣ шуда, хостааст ба болои ҷевони баланд барояд, аммо пояш лағжидаву бошиддат ба замин афтодааст. Модараш ӯро зуд аз замин бардошта, бо тарсу ҳарос сару рӯйи писарашро тоза мекард. Пас аз муддате писарак, ки ҳанӯз ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд, якбора гӯё чизе нашуда бошад, аз ҷояш хесту бо як ғурури кӯдакона нидо кард: «Ба ман чизе нашудааст, охир ман Человек-паукам!», – гӯён боз ба ҷаҳидану бозӣ кардан пардохт. Модараш, ки ҳанӯз дилаш ором нагирифта буд, «оҳиста писарам», – гуфта ӯро ҳушдор медод.
Сипас, бо лаҳни ҳузнангезе ба ман нигариста гуфт: «Телефонро аз дасташ гирифтам, то сарашро ба тамошои филмҳои тасвирӣ ва бозӣ бо дӯстонаш гарм кунад, аммо аз вақте ки филми тасвирии "Одам-тортанак"-ро дидааст, худашро ҳамон қаҳрамон тасаввур мекунад ва мудом болои ҳар чизе, ки баланд аст, мебарояду мепарад. Ростӣ, ин тақлидкориҳояш маро сахт хавотир кардааст».
Он лаҳза ногаҳон, ки гӯё роҳи халосиро ёфта бошам, маслиҳат додам, ки беҳтар аст, ба ӯ филмҳои тасвирии тоҷикиро монед, то тамошо кунад. Аммо баъд аз гуфтани ин ҳарф худам таассуф хӯрдам.
Модар, бо шунидани суханони ман, ғам аз рӯяш париду бо умед телефонашро зуд ба дастам дод, то намунаи чанд филми тасвирии ватаниро аз интернет барояш пайдо кунам. Ҳарчанд ҷустуҷӯ кардам, аммо ба ҷуз аз як-ду намунаи куҳна, мисли «Сандуқчаи зулбиё», ки дер боз намоиш дода намешавад ва якчанд филмҳои тасвирии хориҷӣ, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, чизе диданӣ наёфтам.
Телефон дар дастам буд, вале ҷавобе барои гуфтан надоштам ва ҳамин маро водор сохт, ки ин мавзуъро рӯйи коғаз биёрам.
Чаро мо филми тасвирии истеҳсоли ватанӣ надорем? Чаро имрӯз мафкураи кӯдакони моро филмҳои тасвирии хориҷӣ, ки, аксаран, мазмуну муҳтавои хуб надоранд, шакл медиҳанд? Ё чаро дар асре, ки аниматсия ба яке аз пурқудраттарин абзорҳои таъсир ба шуури насли наврас табдил ёфтааст, саҳми мо дар ин соҳа қариб ки нонамоён аст?
Кӯдак пеш аз он ки хонданро омӯзад, дунёро аз тариқи воқеаҳое меомӯзад, ки ҳар рӯз мебинад. Қаҳрамони филм барои ӯ на танҳо як образ, балки намунаи зиндаи рафтор мегардад. Агар қаҳрамон аз баландӣ бипараду осеб набинад, кӯдак, ки ҳанӯз фарқи воқеият ва хаёлро дарк намекунад, ба ӯ тақлид менамояд ва он чиро ки мебинад, меомӯзад. Вақте мазмуни тамошокардааш пур аз зӯроварӣ ё рафторҳои хатарнок бошад, ин чизҳо тадриҷан дар зеҳни ӯ муқаррарӣ менамоянд.
Албатта, бояд гуфт ки, на ҳар филми хориҷӣ муҳтавои носолим дорад. Бисёре аз онҳо бо сатҳи баланди техникиву драматургияи ҷолиб офарида мешаванд. Аммо масъала танҳо дар сифати техникӣ ё ҷолибият нест. Масъала дар он аст, ки онҳо фарҳанг, таърих ва маданияти миллии моро намоиш намедиҳанд. Кӯдаки тоҷик, ки ҳар рӯз қаҳрамонони хориҷиро мебинад, тадриҷан ҷаҳонро аз айнаки ҳамон фарҳанг менигарад.
Қобили ёдоварист, ки замоне соҳаи кинои мо бо номи «Тоҷикфилм» ифтихор дошт. Имрӯз ҳам талошҳо ҳастанд, аммо аниматсияи муосири пайваста ва рақобатпазир барои кӯдакону наврасон амалан дида намешавад. Аниматсия кори як рассом нест, он ҳамкории дастаҷамъии сенариянавис, режиссёр, аниматор, оҳангсоз, продюсер ва хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Ва, албатта, бе барномаҳои давлатӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ соҳа худ ба худ рушд намекунад.
Биёед тасаввур кунем, ки агар кӯдакони мо ба ҷойи тақлид ба образҳои хаёлии ғарбӣ, бо бузургии Рустами Достон, шуҷоати Темурмалик ва набарди адолатхоҳонаи Восеъ тавассути филмҳои тасвирии босифат шинос шаванд, дунёи тафаккури онҳо чӣ гуна ранг мегирад? Агар писарбачаи тоҷик ба ҷойи «Ман Человек-паукам!» бо ифтихор гӯяд: «Ман Темурмаликаму Ватанамро ҳифз мекунам!», барои волидайнаш чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт? Ин танҳо иваз кардани як ном ба номи дигар нест, балки иваз кардани ҷаҳонбинӣ ва худшиносии як насл аст.
Шояд ҳамаи ин гуфтаҳо аз афтидани одии як кӯдак оғоз шуда бошад, аммо, дар асл, сухан дар бораи чизи бузургтар аст, он ки насли фардо бо кадом арзишҳо бузург мешавад.
Агар мо имрӯз дастаҷамъона барои фарзандони худ қаҳрамони миллӣ наофарем, онҳо ҳамоно дар зери сояи образҳои бегона ба воя мерасанд. Масъулияти мо сохтани оинаест, ки кӯдаки тоҷик дар он симои воқеӣ ва ифтихори миллии худро бинад ва, албатта, ин як иқдоми наҷибе хоҳад буд, ки ояндаи насли моро равшантар ва пояҳои худшиносии онро мустаҳкамтар месозад.
Руҳафзо МУРОДОВА, "Ҷумҳурият"