Баргашт Чоп кардан

ХАТИ ТАҚДИРБИНИ МО – ДУШАНБЕ

Замони мо, замини мо – Душанбе,
Ало чархи барини мо – Душанбе.


Ту шаҳри Офтобу кӯҳу обӣ,
Гулободи беҳини мо – Душанбе.


Ба номат сарнавиштам гашт пайванд,
Ки номат дар ҷабини мо – Душанбе.


Ба хоки ту дирафши мо баланд аст,
Баландовотарини мо – Душанбе.


Ту Балхию Самарқандию Хоразм,
Бухорои навини мо – Душанбе!


Садои орзуҳо бо ту зебост,
Таманнову танини мо – Душанбе.


Азизӣ мисли Ҷоми Ҷам бароям,
Хати тақдирбини мо – Душанбе.


НАМОДИ ТОҶИКИСТОН
(суруд)


Душанбе шаҳри нотакрору дилбар,
Душанбе шаҳри хуршедии Ховар.
Ба Истиқлоли Меҳан нур бахшӣ,
Намебинам ба ту шаҳре баробар.


Барои мо ту шаҳри беҳтаринӣ,
Ту соҳибтоҷи мулки нозанинӣ.
Наву зебо шуда симоят имрӯз -
Намоди Тоҷикистони навинӣ.


Дар оғӯши ту гулҳои чаман ҳаст,
Дар оғӯши ту бахти марду зан ҳаст.
Бидуни ту нафасгирам, Душанбе
Ба боғу гулшанат атри Ватан ҳаст.


Барои мо ту шаҳри беҳтаринӣ,
Ту соҳибтоҷи мулки нозанинӣ.
Наву зебо шуда симоят имрӯз -
Намоди Тоҷикистони навинӣ.


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”