Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон– «Пайванд» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби шоҳномашинос, олими суханшинос аз Афғонистон Яъқуби Ясно бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – Ҷамшеди рӯзгори мо» рӯнамоӣ гардид. Дар чорабинӣ намояндагони АМИТ, ИНТ, Вазорати фарҳанг ва як гурӯҳ фаъолони адабиву расонаҳои Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бино ба гуфтаи Яъқуби Ясно, китоб мақолаҳои даҳ соли охири муаллифро фаро гирифта, нахустин матлаби он ҳанӯз соли 2016 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва моҳномаи “Пайванд” чоп шудааст.
– Ман соли 2016 (соли 1395-и хуршедӣ) дар радифи фарҳангиёни форсизабон аз саросари ҷаҳон барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ ба Тоҷикистон даъват шуда будам. Ҷашне бисёр бошукӯҳ буд. Бо номи Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно будам ва, хушбахтона, дар ин Ҷашн эшонро аз наздик дидам, суханронии наврӯзиашонро шунаванда будам ва дарк кардам, ки Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо дилу ҷон барои фарҳанг, ҷашнҳои миллӣ ва мардумии тоҷикону форсизабонон талош меварзанд.
Вақте Афғонистон омадам, мақолае таҳти унвони «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раисиҷумҳури Тоҷикистон – Ҷамшеди рӯзгори мо»-ро навиштам, ки дар нашрияҳои Афғонистон, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, маҷаллаи «Пайванд» нашр шуд. Равоншод Субҳон Кошонов, раиси вақти кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд”, бо ман тамос гирифтанд ва аз ман қадрдонӣ карданд. Ниҳоят, баъди 10 сол шумораи мақолаҳои дар расонаҳои Тоҷикистон, бахусус дар “Ҷумҳурият” чопшудаи банда дар бораи Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуд ва то ба ҳадди як китоб расид. Дар ин росто, қадршиносии пайвастаи ин рӯзномаро ангезаи аслии ин ибтикор медонам. Бинед, ки баъди 10 сол гуфтаҳои мо пероҳани ҳақиқат ба бар кард ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ду иқдоми фаротоҷикистонии хеш – бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар дили Тоҷикистон – шаҳри Душанбе боз ҳам собит карданд, ки Ҷамшеди рӯзгори мо ҳастанд, – гуфт муаллифи китоб.
Китоби мазкур дар бораи талошҳо ва иқдомҳои фарҳангиву иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса намуда, таҳкими ваҳдат, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатиро фаро мегирад. Муаллиф дар навиштаҳои худ, шахсияти нотакрори сиёсӣ ва абармарди фарҳанггустар будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро равшан баён намуда, саҳми Сарвари давлатро дар ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддуни ориёӣ баланд арзёбӣ менамояд. Яъқуби Ясно Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳёгар, васлкунанда, нигаҳдоранда ва идомадиҳандаи арзишҳои бузурги миллию фарҳангии миллати тоҷик муаррифӣ намудааст.
Дар рӯнамоии китоб Абдуҷаббор Раҳмонзода академик, аъзои шурои анҷумани "Пайванд", иброз намуд, ки дар китоби "Эмомалӣ Раҳмон – Ҷамшеди рӯзгори мо" кӯшишҳои хастагинопазири қариб сиву панҷсолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар давлатсозии миллӣ, эҳёи ҳувияти миллӣ ва ҷашнҳои таърихӣ хеле амиқ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Воқеан ҳам, Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат дар ҳавзаи кишварҳои форсизабон ва ҳавзаи Наврӯз ягона ташаббускоре аст, ки ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги ориёӣ камар бастааст. Таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ҳадафмандона пешниҳод гардидааст, – баён дошт А. Раҳмонзода.
Муаллиф номи китобро шарҳ додаву гуфт: “Таъкиди асосии китоб дар он аст, ки агар дар гузаштаҳои дур Ҷашни Наврӯз бо номи шоҳ Ҷамшед пайванд дошт, дар рӯзгори мо бошад, он ба номи Эмомалӣ Раҳмон мепайвандад”.
Дар чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон шеърҳои ҳамосӣ ва наврӯзӣ хонда шуд. Инчунин, пас аз барномаи фарҳангӣ ба иштирокдорон китоби мазкур армуғон гардид.
Маҷмуаи донишманди Афғонистон Яъқуби Ясно қадами ҷиддӣ дар таҳкими дӯстии давлатҳои ҳамҷавор буда, муҳаббати бепоёни ӯро ба мардуми тоҷик ва Сарвари давлати онҳо нишон медиҳад. Он бо ду хат – кириллӣ ва порсӣ чоп шуда, барои мардумони ҳавзаи Наврӯз дастрас аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”