Ӯ ҳанӯз дар Тоҷикистон ва дар саросари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ном набароварда буд. Шуҳрату овозаи ӯ баъдан, пас аз чоп шудани силсилаи мақолаҳояш дар рӯзномаи «Комсомольская правда» дар соли 1967, ки аз рӯзгори мардуми Бадахшон қиссаҳо мекард, густурда гардид.
Ва ҳамин мақолаҳо сабаб шуданд, ки ӯро барои кор ба ин рӯзнома даъват карданд ва ҳамчун рӯзноманигори махсуси «Комсомольская правда» дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба фаъолият оғоз намуд.
Вақте ман нав Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор омада будам, Отахон дар рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» фаъолият дошт. Дере нагузашта бо даъвати муҳаррири мо Абдулло Зокир (шодравон) Латифӣ ҳам ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор омад. Ӯ ба русӣ менавишт, мо ба тоҷикӣ тарҷума мекардем.
Ҳамин ҳамкорӣ барои ман, ҳамчун рӯзноманигори ҷавон, мактаби бузурги омӯзиш буд, яъне дар таъсири мақолаҳои иншокардаи ӯ.
Ман бисёр лаҳзаҳои ҳамкориро дар ёд дорам. Ин ҷо метавонам қиссаҳои ба Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ҷалб кардани занону духтарони деҳаҳои атрофи пойтахтро нақл бикунам. Он даврон аз Русия гурӯҳ-гурӯҳ духтарон меомаданд, то дар Комбинати номдори мо кор кунанд. Латифӣ мегуфт: «Чаро духтарони худамон дар комитет кор намекунанд?».
Дар ин назҳати воқеан миллӣ ману Нур Табаров ва Бахтиёр Муртазо ҳамдасти Латифӣ будем. Силсилаи мақолаҳои мо дар ҳалли ин муаммо нақши арзанда мебозид.
Боре мудири мактаби деҳаи Чорбоғ ба идораи рӯзнома бо шикоят омад: «Шумо коре кардед, ки ягон духтар баъди хатми синфи 8 ба мактаб намеояд ва ҳамаашон роҳи Комбинати нассоҷиро пеш мегиранд!» Яъне, ин маънӣ дошт, ки коргоҳи нассоҷӣ пур аз коргарбонувони тоҷик шудаанд.
Ҳамин тавр буд Латифӣ, ки ташаббусҳояш оммавӣ мешуданд ва дасти ҳамаи мо ва ҳама эҷодкоронро мегирифт ва мададгорамон шудан мехост.
Масалан, бузургтарин аксбардори мо Муҳиддин Олимпур қадамҳои аввалини худро дар ин роҳ мегузошт. Аммо «соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост».
Боре Отахон ба ман гуфт: «Асарҳои Муҳиддин зебоиро тараннум мекунанд. Мо то ҳол чунин суратгир надоштем. Бояд намоиши асарҳои ӯро ташкил дод».
Бо ёрии Латифӣ дар толори кинотеатри Ҷомӣ таҳти унвони «Чилдухтарони тоҷик» намоиши пуровозаи суратҳои Олимпур баргузор гардид ва номи ин ҳунарманд дар ҷумҳурӣ танин биандохт. Баъдан бо пешгуфтори Латифӣ чанде аз ин асарҳо дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба чоп расиданд.
Ин ба далелҳои қабли дигар гувоҳ аз онанд, ки Отахон марди ватандӯст буд, ватандӯсти донишманд ва ҷасур.
Ва дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат барои Ватан мезист, талош мекард, барои Ватан месӯхт ва дар ҳама ҳолат наҷоти Ватан ва миллат авваламри зиндагиаш буд.
…Солҳое, ки вай дар Эрон умр ба сар мебурд, дар сафаре - ҳамсафари вай - янгаи азизи мо-ҳамроҳи моён ба Теҳрон рафтанд.
Чанд рӯз он ҷо будем.
Аммо Латифиро надидам.
Дар рӯзи охир, вақте ки дар назди меҳмонхонаи «Лола» барои бозгашт ба автобус менишастем, аз куҷое Латифиву янга пайдо шуданд. Янга худро дошта натавониста, якбора ба гиристан сар кард. Латифӣ пушт гардонд. Саросема аз ҷайбаш рӯймолча берун кард. Эҳсос кардам, ки чашмони ӯ ҳам нам гирифтаанд. Фаҳмидам: бо дарду ғами Тоҷикистони он замон ҷангзада зистану аз он дур будан бисёр ҷонкоҳ аст!…
Вай барои Ватан мезист, барои Ватан механдид ва барои Ватан гириста метавонист. Вай дар роҳи наҷоти Ватан ҳар чи дошт, пеш мегузошт, лозим шавад ҷонашро ба гарав мемонд. Чунин мекард, ки Ватан ором шаваду ҳамдигарфаҳмии байни мо, тоҷикон, рушд кунад, нумӯ ёбад.
Афсус, ки амсоли вай инсонҳо каманд рӯйи дунё ва хосса баъди шаҳид шуданаш ин бештар эҳсос мешуд…
ГУЛНАЗАР, Шоири халқии Тоҷикистон,
соли 2006