Баргашт Чоп кардан

КАМОЛИ МАЪРИФАТ. СИЛОҲИ ПУРҚУДРАТ АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОИСТ


Дар ҳоле ки ҷаҳони муосир дар оташи ҷангҳои бемаънӣ месӯзад ва минтақаи Ховари Миёна беш аз ҳар вақти дигар ноором аст, мусалламан ҳифзи сулҳу субот ва якпорчагӣ барои ҳар кишвару давлате арзиши бештар касб мекунад, зеро даргириҳои мусаллаҳона нишон медиҳанд, ки дар сурати ғафлату ноогоҳӣ ва фосилагирӣ аз арзишҳои милливу давлатӣ имкон дорад ҳаёти осоишта халалдор гашта, суръати рушду пешрафт аз ҳаракат боз монад. Аз ин рӯ, ҳифзи амният, субот ва ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ, бахсус ҷавонон, аст.
Ба иқболи миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли мо сол ба сол рушд карда, ба дастовардҳои бесобиқа ноил мегардад.
Ҳамон тавре ки борҳо таъкид шудааст, музаффариятҳои кишвари мо дар сиёсати дохилию хориҷӣ ва нуфузафзоӣ дар саҳнаи байналмилалӣ аз файзи сулҳу субот ва хиради сиёсии Пешвои муаззами миллат ба даст омада, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин арзишҳо бирасем. Гузашта аз ин, зарур аст, ки ҳифзи неъматҳои истиқлолу озодиро аз таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм рисолати ватандории худ шиносем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз хатари бо роҳҳои мағзшӯйӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба сафи ташкилотҳои тундраву ситезаҷӯ аз байн нарафта, гурӯҳҳои манфиатхоҳи ифротпеша, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғоти бардурӯғ кӯшиш мекунанд, то ҷавононро ба доми худ кашанд. Ин тоифа дар бархе мавридҳо, муваффақ мешаванд, ки бо ваъдаҳои фиребанда, таҳриф намудани арзишҳои динӣ ва истифодаи эҳсосоти ҷавонон онҳоро аз роҳи дуруст мунҳариф созанд ва ба доми бало гирифтор кунанд.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони ватандӯсту худогоҳ бояд дарк намояд, ки шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ на танҳо худсӯзиву ҷиноят, балки хиёнат ба Ватан, миллат ва ояндаи худ мебошад. Чун таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм арзишҳои инсониро поймол карда, ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунанд ва рушди давлатро бозмедоранд.
Пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, аз сатҳи маърифат ва худогоҳии ҷавонон вобаста аст ва ин неруи ояндасозро зарур аст, ки донишманд, худшинос ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ бошанд. Онҳо бояд дар шинохти фарҳанги миллӣ, таърихи пурғановати худ, дастовардҳои беназири даврони истиқлол дасти расо дошта бошанд ва ин неъматҳоро ба ҳар қиммате ҳифзу ҳимоя кунанд. Ин дар ҳолест, ки гиромӣ доштани арзишҳои Ватани озоду соҳибистиқлол ва дар шоҳроҳи тараққиёт қарордошта вазифаи муқаддасу ҷонии ҳар як фарди худогоҳу ояндабин аст.


Одинашоҳ САФАРЗОДА,
судяи суди шаҳри Душанбе