Баргашт Чоп кардан

ДЕВАШТИЧ. СОКИНОНИ ДЕҲАИ ОБИБОРИК РОҲИ АСОСИИ ДЕҲАРО АСФАЛТПӮШ МЕКУНАНД

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич асфалтпӯшкунии роҳи асосии деҳа оғоз гардид.

Дарозии роҳ 3,2 километр буда, бо сарфи наздики 2 миллион сомонӣ асфалтпӯш хоҳад шуд, ки барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинон мусоидат менамояд. Ҳоло корҳои тахту ҳамвор намудани роҳ идома дошта, бо гарм шудани ҳаво марҳалаи асосии асфалтпӯшкунӣ оғоз мегардад. Корҳои мазкур бо дастгирии сокинон амалӣ мешаванд.
– Сокинони деҳаи Обиборик қаблан низ дар самти корҳои созандагӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Аз ҷумла, бо маблағгузории худ ва нафароне, ки ҳаҷҷи умра рафтанӣ буданд, бунгоҳи тиббии деҳаро навсозӣ карда, барои беҳтар намудани хидматрасонии тиббӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон, бо заҳмати якҷоя аз масофаи 10 километр хатти оби ошомиданӣ кашида шуд, – гуфт ба хабарнигори “Ҷумҳурият” сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ.
Сокинон бо пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд низ барои ободонии диёр саҳми арзандаи худро мегузоранд.


НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. БО ИФТИТОҲИ МТМУ №22 МУШКИЛИ СОКИНОН ҲАЛ ШУД

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мавриди истифода қарор гирифт, ки ба таҳкими соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиби таълим барои хонандаҳо равона шудааст.



Муассиса дуошёна буда, аз 10 синфхона иборат мебошад. Иншоот бо сарфи беш аз 6,3 миллион сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда, дорои буғхона, амбор, ҳоҷатхона, обанбори ҳаҷмаш 50 метри мукааб ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.
Ба гуфтаи Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, маҳаллаи навбунёди Фазл Набӣ дар қисмати шимолии деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло воқеъ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст. Дар маҳалла 1038 кас истиқомат мекунад. Бо сабаби набудани муассисаи таълимӣ хонандаҳои маҳалла маҷбур буданд, ки ҳар рӯз се километр роҳро тай намуда, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон – Фархорро гузашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №52, ки дар деҳаҳои Тагноб ва Файзободи деҳоти Даштигуло ҷойгиранд, таҳсил намоянд. Бо назардошти ин зарурат, бунёди муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи мазкур иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”