Дар ноҳияи Рашт бо назардошти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат ба рушди ин соҳаи афзалиятнок диққати хосса дода шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ, ҳарчи бештар истифода бурдан аз захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ва коркарди пурраи он равона карда шудааст.
Бино ба иттилои Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, дар солҳои 2022 – 2026 бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар аст, ки 5-тои он ба соли 2023 рост меояд. Шумораи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 1 апрели соли равон ба 20 адад расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона зиёд мебошад.
Дар давоми се моҳи сипаришудаи соли равон ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 8 миллиону 700,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 173,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ҳамзамон, дар назар аст, ки бо ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, бақайдгирии корхонаи коркарди қуму шағал дар шаҳраки Навобод, коргоҳҳои мебелбарорӣ ва истеҳсоли сафолакҳо дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, коргоҳи истеҳсоли макарон дар назди Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм ва коргоҳи истеҳсоли хишти сабук (газоблок) дар маҳаллаи Сари Пул ба анҷом расонда шавад.
Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи технопарк дар ноҳияи Рашт таҳия гардидааст, ки вобаста ба мавҷудияти манбаъҳои ашёи хом ва коркарди онҳо бунёди корхонаҳои гуногун дар назар аст. Лоиҳаи мазкур ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешниҳод мегардад.
– Тадбирҳои дар соҳаи саноат пешбинигардида имконият медиҳанд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли саноат боло рафта, ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шаванд, – гуфт раиси ноҳия.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”