
Корманди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” Иброҳими Сайфулло, ки соле қабл довталабона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, дар зарфи як соли охир навиштаҳояш бо имзои сарбоз-хабарнигор нашр мешуданд, баъд аз анҷоми хизмати ҳарбӣ бо сари баланд ба назди волидайн баргашт.
Ҳайати намояндагони ноҳия бо роҳбарии муовини раис Зуҳро Ҳакимзода Иброҳим ва се сарбози дигари аз хизмати ҳарбӣ рухсатшударо дар деҳаи Булёни Поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.
Дар маросими пешвоз, ҳамчунин, як қатор намояндагони расмӣ аз кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳузур доштанд.
Зуҳро Ҳакимзода зимни суханронӣ дар ин чорабинии хотирмон ба падару модарони сарбозон барои тарбияи хуби фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара арзи сипос намуд. Мавсуф таъкид кард, ки ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардондани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонони бонангу номус, ба ҳисоб рафта, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонмардон дарси ҷасорату мардонагӣ меомӯзад ва дар ин мактаб онҳо ҳамчун ҷавонмардони далеру шуҷоъ тарбияву камол меёбанд.
Дар маросими тантанавӣ барои хизмати софдилонаи ҳарбӣ ба сарбозони рухсатшуда сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара тақдим шуд.

Иброҳими Сайфулло бо хушнудӣ изҳор дошт, ки хизмати ҳарбӣ, воқеан, мактаби обутоби ҷисмонӣ ва камоли ифтихор аз ватандорист. Маҳз ҳамин мактаб имкон медиҳад, ки ҳар як ҷавони баору номус эҳсоси меҳанпарастии худро такмил бахшад ва ба қадри арзишҳои ватандорӣ бирасад. Мавсуф, ҳамчунин, аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” тавсиф намуд, ки тули як сол навиштаҳои ӯро бо имзои ифтихории “Сарбоз-хабарнигор” рӯйи чоп овард.
Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир, дар баробари гусели тантанавии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, маросими истиқболи онҳо низ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст, ки ин иқдом орзуи сарбоз буданро дар зеҳну шуури насли ҷавон бедор намуда, онҳоро дар масири хизмати содиқона ба Ватан қарор медиҳад. Яъне, иқдоме, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара татбиқ сохтанд, барои кулли масъулони ваколатдор намунаи ибрат пазируфта мешавад.
Дарвеш ҚУРБОНОВ,
“Ҷумҳурият”