Баргашт Чоп кардан

Дидори вазири молия бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ


Дар пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – шаҳри Вашингтон, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори амалиёти молиявӣ, рақобатпазирӣ ва инноватсияи Бонки ҷаҳонӣ Сесил Нианг вохӯрд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густа-риши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди бахши молиявӣ, тавсеаи дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ, рушди бозори дохилии сармоя, рақамикунонии иқтисод ва беҳтар намудани фазои сармоягузориро баррасӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди назар изҳори омодагӣ намуданд.


СММ дар ноҳияҳои марзӣ майдонҳои футбол месозад
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва роҳбари Агентии муҳоҷирати СММ дар Тоҷикистон Виктор Лутенко мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди футбол дар вилояти Суғд, ҷалби бештари аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, ба ин намуди варзиш, татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва бунёди майдонҳои футбол дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии Фонди UEFA барои кӯдакон татбиқи лоиҳаи махсус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ оғоз мегардад. Дар доираи ин лоиҳа, бунёди майдонҳои муосири футбол дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудааст.


ДУШАНБЕ
Ҳамкориҳо бо БАТР тавсеа меёбанд
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва БАТР-ро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи хос ба масъалаи истифодаи зарфиятҳои ҳамкорӣ доир ба рушди инфрасохтори соҳаҳои обтаъминкунӣ, корезӣ, гармидиҳӣ ва таҷдиду бунёди роҳу пулҳо равона гардид.


Наврӯзи сохтмончиёни “Роғун”
15-уми апрел бо ибтикори ҲХДТ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Роғун Санъатулло Саидзода, намояндагони сохторҳои ҳизбӣ аз ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Меҳмонон бо минтақаҳои сохт-мон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои наврӯзӣ, ки хоси миллати тоҷик буда, бисёр рангину зебо ороста шуда буд, шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки НБО «Роғун» ба мактаби бузурги дӯстиву бародарӣ ва сулҳофарӣ табдил ёфта, боиси ифтихору сарфарозии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад ва ин сифатҳо ба арзишҳои Наврӯз тавъаманд.


15 медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика
Аз 8 то 13-уми апрел дар шаҳри Ашқобод (Туркманистон) 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии математика баргузор гардид.
Дар он 28 хонандаи тоҷик иштирок намуда, сазовори 15 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар ин Олимпиадаи фаннӣ хонандагони зиёда аз 15 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.


МАСТЧОҲ
Дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад
Соли 2026 дар ноҳияи Мастчоҳ кишти зироати баҳорӣ дар 19 ҳазору 631 гектар ба нақша гирифта шуда, аз ин 12 ҳазору 430 гектарро кишти пунбадона ташкил медиҳад.
Махсусан, соли равон кишти пунбадона дар зери плёнка дар зиёда аз 3 ҳазор гектар дар назар буда, талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин усули кишт сол ба сол меафзояд. Ин омил ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин арзёбӣ мегардад.


Горан Стеванович фаъолиятро дар тими миллии Тоҷикистон анҷом дод
Мутахассиси сербӣ Горан Стеванович, бинобар ба анҷом расидани муҳлати шартнома, вазифаи сармураббии дастаи миллии Тоҷикистонро тарк кард.
Ба иттилои ФФТ, таҳти роҳбарии ӯ тими миллӣ дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 натиҷаи назаррас нишон дод: дар чор бозӣ се пирӯзӣ ва як мусовӣ карда, роҳхати қисми ниҳоиро соҳиб шуд.


Намоиши аксҳо бахшида ба Рӯзи пойтахт
15-уми апрел дар Майдони “Истиқлол” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, намоиши аксҳои Душанбе оғоз гардид.
Намоиши мазкур то 19-уми апрел идома ёфта, ҳадафи асосии он муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахти Ватани маҳбубамон, тарғиби дастовардҳои шаҳрдорӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад.
Беш аз 100 акс, ки аз ҷониби аксбардори маъруф Дидор Саъдуллоев омода гардидааст, дастовардҳои солҳои охири рушди шаҳри Душанберо инъикос менамоянд.