Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР. САБЗ. РАҚАМӢ. ҲУШМАНД»


Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» бо иштироки ҳайати дипломатӣ ва шарикони хориҷӣ (беш аз 500 нафар меҳмон аз 20 кишвари ҷаҳон), доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ, васоити ахбори омма, инчунин, гурӯҳи ташаббускори ҷавонон расман ифтитоҳ гардид.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, аз ҷумла изҳор дошт, ки ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ин чорабинии бонуфуз аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар сарчашма мегирад. Сарвари давлат пешрафти минбаъдаи кишварамонро бо мисолҳои возеҳ зикр дошта, таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро тақвият бахшад. Дар ин раванд ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди «иқтисоди сабз», гузариш ба модели иқтисоди ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад».
– Воқеан ҳам, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои калидии рушди минбаъдаи давлат маҳсуб ёфта, пешрафти суръати он барои идоракунии иқтисод, молия, энергетика ва хидматрасониҳо мусоидат мекунад. Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ на танҳо иқтисод, балки сохтори иҷтимоӣ ва низоми идоракунии давлатҳоро тағйир медиҳанд. Он аз ҷиҳати иҷтимоӣ низ муфиду самаровар буда, дастрасии аҳолиро ба маълумот ва хидматрасониҳо беҳтар намуда, нобаробарии минтақавӣ ва мушкилоти табииро коҳиш медиҳад ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро боло мебарад, – афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Таъкид гардид, ки Форум ҳамчун майдони муҳими мубодилаи таҷриба, пешниҳоди ташаббусҳои нав ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои «иқтисоди сабз», технологияҳои рақамӣ ва идоракунии ҳушманд хидмат намуда, ба густариши ҳамкории бисёрҷонибаи байни давлатҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи Форуми мазкур гузарондани саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, мусобиқаҳои сайёҳии варзишӣ ва чорабиниҳои дигари канорӣ гузаронда мешаванд.
Ҳадафи асосии Форум ба тақвияти ҳамкориҳои устувори байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва соҳибкорӣ, рушди фаъолияти ҷавонон ва навовариҳо, инчунин, таҳкими нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази эътирофгардидаи минтақавӣ ва байналмилалии рушди устувор равона гардидааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»