Баргашт Чоп кардан

РАНГҲО ВА САНГҲОИ ГӮЁ. (ЧАНД СУХАН ДАР ТАВСИФИ ҲУНАРИ РАССОМӢ ВА МУҶАССАМАСОЗИИ ҒАФУРҶОН ҶӮРАЕВ)


Ҳунарманди ростин рангу санг, чӯбу оҳанро ба сухан меорад. Таъсири ҳамин сухани бесадо бинандаро мафтун мекунад, ба ваҷд меорад, ба ӯ эҳсоси шодмонӣ мебахшад, ғамро мезудояд, дилҳоро таскин мебахшад ё ангезаҳоро барои андеша медиҳад...


Бесабаб нест, ки одамон соатҳо дар паси дарвозаи Лувр ё галереяи Третяков навбат мепоянд, то аз дидани ҳунари Микеланҷело, Леонардо да Винчи, Ван Гог, Пабло Пикассо, Салвадор Дали, Рембрандт ва дигарон ҳаловат бибаранд. Дар замони муосир низ садҳо нафар бо кори рассомӣ машғуланд ва бо услубҳои гуногун – ренессанс, импрессионизм, кубизм, сюрреализм ва ғайра асар меофаранд.
Санъати тасвирӣ бахши муҳими мероси фарҳангии тоҷикон, василаи нигоҳдорӣ ва муаррифии фарҳанг ва таърихи миллат аст. Осори ин санъат дар тарбияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба гузашта ва фарҳанг, воқеан ҳам, муассир аст. Дар Тоҷикистон низ ҳунармандони соҳибистеъдод кам нестанд ва яке аз онҳо Ғафурҷон Ҷӯраев аст. Асарҳои ӯ бештар ба таърих, фарҳанг ва табиати Тоҷикистон бахшида шудаанд. Услуби рассомии Ғафурҷон Ҷӯраев бо реализми бадеӣ, рангҳои равшану қавӣ, мавзуъҳои миллӣ ва композитсияи пурқуввати монументалӣ фарқ мекунад.
Яке аз мавзуъҳои муҳиме, ки аз оғози фаъолияти эҷодӣ рассом ба он таваҷҷуҳ кардааст, таърихи миллати тоҷик аст. «Муҳофизати Суғду Бохтар», «Роҳи абрешим», «Ҳахоманишиҳо», «Сосониҳо», «Исмоили Сомонӣ. Амирон ва вазирони Сомонӣ», «Асри тилоӣ», «Асри тилоӣ. Пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон», «Наврӯзи Аҷам», «Баҳори Аҷам» ва ғайра дар заминаи андешаҳо перомуни таърихи миллат офарида шудаанд.
Ду асари монументалии рассом «Асри тилоӣ» ном дорад ва ҳар ду ҳам дар ду тарафи девори яке аз толорҳои «Қалъаи Хуҷанд» ҷой гирифтааст. Агар дар асари аввал замони Сомониён, шукӯҳу азамати нахустин давлати тоҷикӣ, пешрафти илму дониш ва фарҳанг ба қалам омада бошад, дар асари дигари ҳамном замони истиқлоли Тоҷикистон, Пешвои миллат ва дар канори ӯ аз як тараф Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур ва, аз тарафи дигар, Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ҷой гирифтаанд. Ҳар ду асар ҳам бо рангҳои пурҷилои зард кашида шудааст, мисли ин ки рӯзгор муҷаллову офтобиву зарин аст. Дар ҳар ду расм ба ғайр аз шахсиятҳои асосӣ, ки дар сафи пешанд, пасманзар ҳам хеле муҳим аст. Асари аввал гӯё аз се бахш иборат аст. Дар миён шоҳ Исмоили Сомонӣ савори аспи сафед бо либосҳои фохир ва чеҳраву андоми пур аз шаҳомату ҷиддият фармоне дар даст нишастааст. Азбаски равшании бештар ба чеҳраву андоми ин қаҳрамон фуруд омадааст, назари бинанда ҳам, пеш аз ҳама, ба ӯ меафтад. Виқору зебоии шоҳ ва аспи сафеди ӯ беихтиёр таваҷҷуҳро ба худ мекашанд. Дар ду тарафи шоҳ ду гурӯҳ ҳалқа задаанд. Ҳар ду гурӯҳ ҳам намояндагони илму ҳунар, наққошиву мусиқӣ ҳастанд, ки ба ин нукта ҷузъиёти гуногун ишора мекунад. Дар дасти яке китоб, дар дасти дигаре мӯқалам, дар дасти бонуе асбоби мусиқӣ, дар атроф китобҳои зиёде, дар рӯйи фарш обдаставу кӯзаҳо, варақаву номаҳо, чеҳраҳо андешаманду нуронӣ, ғарқи фикру эҷод офарида шудаанд.
Деворнигораи дувум ҳам, ки хусусияти монументалӣ дорад, гӯё як навъ ҳамоҳангӣ ва қаробате бо расми аввал пайдо кардааст. Ин расм ҳам шартан аз се бахш иборат аст. Дар бахши марказӣ, ки равшании бештаре дар он ҷамъ омадааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дар ду бахши дигар қаҳрамонони дигари миллат ҳама бо тамоми қаду қомат ва либосҳои хоси худашон: Президенти кишвар бо либоси замонавӣ ва нишони сарварии кишвар дар гардану сари сина; устодон Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар тан костуму галстукҳо; устод Айнӣ бо тоқии чоргӯша ва чакмани сабуке дар сари китф; Нусратулло Махсум дар сар тоқии даврашакли гулдӯзӣ, дар тан аз болои гимнастёрка шинели дароз; Шириншоҳ Шоҳтемур гимнастёркаву шими галифе, мӯзаҳои соқаш баланди то зону, миёнро бо тасма маҳкам баста пеши назар меоянд.
Бо он ки Ғафурҷон Ҷӯраев ихтисоси рассоми монументалистро дорад, дар равияҳои дигари рассомӣ низ маҳорат ва сабки хосаш ба зуҳур омадааст. Яке аз самтҳои кори ӯ кашидани портрет аст. Чеҳраҳо, тарҳи сурати инсон дар осори наққошии ӯ хеле ҷолибанд. Чеҳраи падар, симои Пешвои миллат, портрети Бобоҷон Ғафуров, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрал, Ҷӯрабек Муродов, Афзалшо Шодиев, чеҳраи мӯйсафеде аз Панҷакент, симоҳои хотирмони чанд нафар бонувон – ҳама хеле табиӣ буда, ҷаҳони ботинии қаҳрамононро боз мекунанд.
Манзаранигорӣ низ шуғли писандидаи рассом аст. Манзараҳои зебои Хушекати ноҳияи Айнӣ, кулбаҳои хоксоронаи мардуми Ворух, кӯҳсори хушобуранги Исфара, саҳроҳои Кошғар, манзараи Кӯҳистони Мастчоҳ, деҳоти Чин, кӯҳҳои пуршаҳомати Фон – обу рангҳои равшану офтобӣ ё тираву хира, сурху сабз, зарду нилгун вазъи табиат, фасли сол, шабу рӯзро ба хубӣ инъикос менамоянд. Чашму дили бедори нигоранда, ҳолати руҳии ӯ низ дар пасманзари ин пейзажҳо ниҳон аст.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Ғафурҷон Ҷӯраев ҳайкалсозӣ аст. Муҷассамаҳое, ки ӯ то ин дам сохтааст, беҳтарин гӯшаҳои кишварамонро оро медиҳанд. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Зафаробод, муҷассамаи Нақибхони Туғрал дар ноҳияи Айнӣ, муҷассамаи Садриддин Айнӣ дар боғи Айнии пойтахт, ҳайкали Гулназар дар маркази ноҳияи Айнӣ, композитсияи Ҷомӣ ва Навоӣ дар боғи Алишер Навоӣ дар Душанбе, «Дуои модар» – дар назди фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ва ғайра маҳсули ҳунар ва андешаи қаҳрамони мост.
Пайкараи «Дуои модар» аз беҳтарин муҷассамаҳоест, ки Ғафурҷон Ҷӯраев сохтааст. Тавассути он симои зан-модар ҳамчун рамзи муҳаббати саршор, зиндагибахш ва парастори беҳтарин фарзандони тоҷик тасвир шудааст. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки симои модари тоҷикро бо либоси миллӣ ва рӯймол дар сар бо ду дасте, ки барои дуо боз аст, таҷассум намояд. Дар фурудгоҳ гузоштани ин муҷассама ҳам рамзӣ аст, зеро модар ҳамеша бо дуои нек фарзандонро ба сафар гусел мекунад ва чашм ба роҳи онҳо мемонад.
Композитсияи «Ҷомӣ ва Навоӣ» чун тимсоли дӯстии ду миллат ва ҳамкориҳои эҷодии тоҷикон ва ӯзбекҳо тарҳрезӣ шудааст. Мавлоно Ҷомӣ дар як даст китоб ва дасти дигарро ба муҳаббат ба дасти Алишери Навоӣ гузошта нишастаанд ва ба сӯйи шогирд бо меҳри хосе назар дӯхтаанд. Навоӣ як зина поёнтар дар канори устод рост истода бо иродату эҳтиром бо ду даст дасти устодро доштаанд. Ҳар ду ҳам орому андешаманд ҳастанд. Ин муҷассама як навъ арҷгузорӣ ба фарҳанг ва адабиёти миллӣ, равобиту ҳамкориҳои адабии халқҳо мебошад.
Асарҳои Ғафурҷон Ҷӯраев бештар мазмуни миллӣ дошта, таърих ва фарҳанги тоҷикон, табиати зебои кишварро таҷассум мекунанд ва арзишҳои инсонӣ ва умумибашариро тарғиб менамоянд. Ифодаи ғояҳои инсондӯстӣ ва зебоипарварӣ, воқеияти тасвир, истифодаи рангҳои равшан ва пурғановат, композитсияҳои таъсирбахш, мувозинати ранг ва шаклу фазо асарҳои ин ҳунарманди мумтозро хотирмон ва муассир кардаанд. Таъсири онҳо дар ташаккулу тарбияи худогоҳии миллӣ низ назаррас аст ва маҷмуи фазилатҳои шахсӣ ва ҳунарии ин рассом ва муҷассамасози номвар имкон медиҳад, ки ӯро шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ донем.
Матлубаи МИРЗОЮНУС, профессор