Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» пойтахти кишварамон даври нимниҳоии озмуни «Мисс Душанбе – 2026» бошукӯҳ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббус ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шуда, яке аз рӯйдодҳои муҳиму ҷолиби фарҳангии пойтахт маҳсуб меёбад.
Нахуст, ровиёни моҳир ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати ҳакамон– Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Камолиддин Сайфиддинзода, роҳбари гурӯҳи эҷодии озмун ва Моҳпайкар Ёрова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» ва Сафина Ғоибова, моделро ба аҳли толор муаррифӣ намуданд.
Тавре Камолиддин Сайфиддинзода иброз дошт, ҳадафи асосии озмун тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди соҳаи мӯд ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад. Ӯ таъкид кард, ки ин озмун танҳо рақобати зебоӣ нест, балки саҳнаест барои муаррифии донишу маърифат, ахлоқи ҳамида ва истеъдоди эҷодии иштирокдорон.
Марҳалаҳои озмун аз намоиши либосҳои миллӣ ва муосир то баромадҳои эҷодӣ ва саволу ҷавоб иборат буда, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш менамояд, ки бо маҳорати суханварӣ, забондонӣ ва ҷаҳонбинии васеъ диққати доваронро ҷалб намояд. Даври нимниҳоӣ ҳамчун яке аз марҳалаҳои ҳалкунанда фарқияти хос дошт. Иштирокдорон барномаҳои инфиродии худро тавассути видеороликҳо муаррифӣ намуданд, ки мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла ободонӣ ва сабзгардонӣ, корҳои хайриявӣ ва дастгирии ниёзмандонро дар бар мегирифтанд.
Ба гуфтаи Моҳпайкар Ёрова, ин марҳала барои духтарон нисбатан мушкил буд, зеро онҳо бояд ташаббусҳои хайриявиро амалӣ намуда, масъулияти иҷтимоии худро нишон медоданд.
Гуфта шуд, ки аз моҳи феврал то имрӯз беш аз 500 нафар барои иштирок номнавис шуда, то даври нимниҳоӣ танҳо 50 нафар роҳ ёфт. Аз ин шумора 30 нафар ба даври ниҳоӣ гузашта, барои дарёфти унвони асосӣ рақобати шадидро идома медиҳад.
Иштирокдорон аз чунин имконият изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки озмун барои рушди шахсӣ, баланд бардоштани боварӣ ба худ ва нишон додани истеъдод заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, озмуни «Мисс Душанбе – 2026» на танҳо ҷашни зебоӣ, балки омили муҳими тарбияи завқи зебоипарастӣ ва рушди фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, барои муаррифии чеҳраҳои нав ва лаёқатманд саҳми арзанда мегузорад. Ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои «Мисс Душанбе», «Мисс интеллект» ва «Маҳбуби дилҳо» муайян гардида, соҳиби тоҷи тиллоӣ ва мукофотпулӣ хоҳанд шуд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»