Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ЭҲЁИ ТАЪРИХ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН


Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои камназири фарҳангӣ ноил шуд. Бояд тазаккур дод, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки боиси парокандагии ҷомеа гардид, роҳбарияти давлат барои таҳкими ваҳдати миллӣ ба эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ рӯ овард. Аз ҷумла, симои Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати аввалини тоҷикон дар асри IX, ҳамчун рамзи муттаҳидсозандаи миллат баргузида шуд.


Бунёди муҷассамаи бошукӯҳи Исмоили Сомонӣ дар пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе ва номгузории воҳиди пуливу нишонҳои давлатӣ ба номи ӯ иттиҳоди маънавии сокинони кишварамонро таҳким бахшид. Ин тадбирҳои рамзӣ нишон доданд, ки давлатдории миллии тоҷикон дорои пояҳои устувори таърихист ва имрӯз низ руҳияи истиқлолхоҳиву ягонагӣ аз мероси пурғановати ниёгон неру мегирад.
Бо талошҳои Сарвари давлат, эҳёи арзишҳои фаромӯшгардида ва виросати таърихии миллат ба як ҳаракати густурдаи давлатӣ табдил ёфт. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои барқарорсозии суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ гаштанд. Масалан, Иди Наврӯз, ки яке аз қадимитарин мероси фарҳангии минтақа мебошад, мақоми давлативу байналмилалӣ касб намуд. Бо ташаббуси кишварамон ва кишварҳои ҳамдӯст, СММ соли 2010 Наврӯзро ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ эълон кард, ки ин дастоварди муҳим ҷойгоҳи фарҳанги миллии моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам устувор намуд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқиқ ва эҳёи таърихи миллӣ, таълифи асарҳои таърихӣ мебошад. Пешвои миллат тули фаъолияти пурсамари худ тақрибан 20 китоби илмӣ-таҳлилӣ ба табъ расондаанд, ки машҳуртарини онҳо асари «Тоҷикон дар оинаи таърих» маҳсуб мешавад. Ҷилди аввали он соли 1999 таҳти унвони «Аз Ориён то Сомониён» рӯйи чоп омада, ба таҳқиқи сарчашмаҳои бостонии миллати тоҷик аз даврони қадим то замони давлати Сомониён бахшида шудааст. Ин асар ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ тарҷума ва нашр гардида, дар маҳфилҳои илмии ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Аз ҷумла, соли 2014 тарҷумаи фаронсавии он дар Парлумони Аврупо ва осорхонаи шоҳигарии Брюссел пешкаши муҳаққиқони аврупоӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ин таҳқиқоти фундаменталӣ кӯшиданд, ки барои миллати тоҷик дар марҳалаи пасошуравӣ як ҳувияти нави шоиставу ифтихормандона ташаккул диҳанд. Дар сарсухани китоб омадааст, ки таърихи пурифтихори тоҷикон борҳо бо хатарҳо рӯ ба рӯ шуда, душманони зиёде мавҷудияти миллати моро инкор мекарданд. Бо истинод ба далелҳои илмӣ ва манобеи таърихӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозанд, ки тоҷикон ҳамчун миллат аз давраҳои бостон арзи вуҷуд дошта, дар ташаккули тамаддуни Шарқ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Роҳбари давлат менигоранд, ки тоҷикон яке аз халқҳои куҳанбунёд буда, тули садсолаҳо дастовардҳои онҳоро дигарон нодида гирифтаанд ё ба номи худ мансуб кардаанд. Дар партави ин андеша, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки давлатҳои қадими Бохтару Суғд бояд ҳамчун нахустқалъаҳои давлатдории тоҷикон шинохта шаванд. Дар ин асар давлатдории Сомониён даврони тиллоии таърихи тоҷикон (819-999) арзёбӣ гардида, ҳамчун оғози ташаккули давлатдории миллии иборат аз пояҳои фарҳанги ориёиву эронӣ тавсиф мегардад. Ҳамин тарз, Пешвои миллат бо овардани далелҳои таърихӣ собит месозанд, ки миллати тоҷик вориси ҳақиқии тамаддуни бостонии ориёӣ ва фарҳанги пурғановати онон аст. Дар зимн, маҳали будубоши Зардушт ва пайдоиши китоби муқаддаси Авесто низ ба сарзамини аҷдодии тоҷикон марбут дониста мешавад, ки ин ҳама дар бедорсозии руҳияи ифтихори миллӣ нақши созгор дорад.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашнҳо ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ низ хеле муҳим мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои миллат чандин санаҳои таърихиву фарҳангиро бо шаҳомати хосса таҷлил кард, ки ҳадафи онҳо зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, соли 2006 бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Соли тамаддуни Ориёӣ эълон гардид, ки дар ҷараёни он силсилаи чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ баргузор шуда, як қатор китобҳои арзишманд оид ба фарҳанги ориёӣ нашр шуданд. Сарвари муҳтарами давлат тариқи мақолаи тадқиқотии «Омӯзиши тамаддуни ориёӣ» далелҳои илмиро дар бораи вуҷуди халқи ориёӣ ва таъсири он ба тамаддуни Осиёи Марказӣ шарҳ доданд. Ин тадбирҳо дар Соли тамаддуни ориёӣ ба худшиносии таърихии тоҷикон такони тоза бахшид.
Ба шарофати тадбирҳои рӯзафзуни Пешвои миллат, имрӯз дар кишвар фазои озоди таҳқиқоти илмии таърихӣ фароҳам омадааст. Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳти пуштибонии Ҳукумат барномаҳои вижаи омӯзиши таърихи халқамонро пеш мебаранд.
Дар ҷамъбаст, метавон гуфт, ки нақши Пешвои муаззами миллат дар эҳёи таърихи халқи тоҷик ва таҳкими худшиносии миллӣ беназир аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ тавонистанд ҷараёни омӯзиши таърихро ба як ҳаракати умумимиллӣ табдил диҳанд, то ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ огоҳ ва сарфароз бошад.


Мирзоғолиб РАҲИМОВ,
омӯзгор