![]()
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО
Оҳангу садояш сарвату дороияш буд, ки ба ӯ шуҳрат оварду миёни мардум маҳбубаш кард. Устодони соҳаи санъат ӯро ҳамчун ҳунарманди баистеъдод эътироф намуданд. Одина Ҳошим ӯро ба сони фарзандаш дӯст медошт ва гуфта буд: «Аз суруду садои Чилахон бӯи Одина Ҳошим меояд».
Чилахон Холов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 22-юми декабри соли 1957 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст.
Чилахони ҷавон паси боду боронҳо, бо садои найи шубонону хирманкӯбон ба воя расид. Бар замми серрангии олами табиату бӯйи гулу бутта, сеҳри наво ӯро бештар ба худ ҷалб карда буд. Бо овози ширадору ҷаззоби ба ҷуссааш мувофиқ, дар кӯҳу пушта сурудхонӣ мекард. Ҳамдеҳагон ин шуғли ӯро ҳаваси бачагӣ мегуфтанд, бехабар аз он ки рӯзе ин писараки шӯхи кӯҳистонӣ ба пояи баланди ҳунар мерасад.
Баъди хатми мактаби миёна Чилахон ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Дар баробари таҳсил дар ин даргоҳи бузург, ӯ дар маҳфилу шабнишиниҳо иштирок намуда, узви фаъоли ансамбли «Наврӯз»-и Университет буд. Ҳамин меҳру муҳаббат ба санъат, ӯро баъди хатми ин боргоҳ ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор овард.
Соли 1986 дар назди Филармония ансамбли фолклориву этнографии «Ганҷина» таъсис ёфт. Роҳбарии онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Нозимов ба уҳда дошт. Чилахон Холов дар асоси озмун, бо дарёфти баҳои баланди ҳайати доварон, ба ин дастаи овозадор шомил гашт. Он ҷо ӯ ҳунари худро сайқал дод. Бо сабку услуби худ дар ин даста яке аз ҳунармандони калидӣ ба шумор мерафт. Баъдтар, бо бадеҳаи «Бозубандамро бидеҳ» аз тарафи оммаи васеи дӯстдорони ҳунар баҳои баланд гирифт.
Чилахон Холов ба таронаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар дошт. «Кадудона», «Фалак», «Қошуқтарош», «Хамида мӯи сиёҳ» барин сурудҳояш дар қалби садҳо нафар мухлисон абадӣ ҷо гирифтанд. Ҳамзамон, ба ашъори адибони классик оҳанг мебаст. Чилахон Холов яке аз дилдодагони ашъори ноби Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ буд. Ғазалҳои ошиқонаву орифонаи ӯро бо сабки хосу эҳсосоти ширин сурудааст, ки писанди умум афтоданд.
Овозаш ба ҳеҷ кас монанд нест. Бақувват асту ширадор. Лаҳнаш табиӣ ва тоҷикист. Наметавонӣ, ки бишнавиву гӯш ба он фаро надиҳӣ...
Чилахон Холов бо сафарҳои ҳунарӣ дар Россия, Фаронса, Нидерланд, Ҳиндустон, Ироқ ва дигар кишварҳо фарҳанг ва ҳунари миллии тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Ӯ шуҳрат наҷуст, балки шуҳрат ӯро пайдо кард ва баъд обрӯ бахшиду маҳбуби мардум гардонд. Истеъдод, ҳунар ва овозаш худододист. Дар баробари ин, боз кӯшиши зиёд ба харҷ медод, ки ҳунару маҳораташро сайқал диҳад, бештару беҳтар ба мардум, ба миллат хидмат бикунад.
Чилахон Холов дар деҳаҳо истеъдод меҷуст, бо ёрии калонсолону пирон сурудҳои мардумиро аз нав эҳё мекард. Мекӯшид, ки суруд бо ҳамон сабку услуби аслаш иҷро шавад. Барқарор намудани оҳангу матни онҳо осон набуд, аммо ӯ мушкилнописанд буд...
Хулоса, ӯ дар рушди санъати мусиқии миллӣ саҳми арзанда гузошта, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст.
8-уми феврали соли 2023 Чилахон Холов дар 66-умин соли ҳаёташ бар асари беморӣ ин дунёро падруд гуфт.
Ӯ аз дидаҳо рафту дар қалбҳо маскан гирифт. Хотираи неку садояш ба ҳеҷ ваҷҳ аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»