Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТ ДАР СЕ МОҲИ АВВАЛ


14-уми апрел таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар маҷлис муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.


Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи ҷаласа изҳор дошт, ки дар семоҳаи якум рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят таъмин гардид. Зикр шуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Сипас, муовини раиси вилоят Ашурбой Солеҳзода оид ба нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ ҳисобот дод.
Дар моҳҳои январ-март ҳаҷми нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавӣ ба 7,2 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеӣ 8 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми воридоти андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 100,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 944,7 миллион сомонӣ ворид шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ баробар гашт. Дар ин замина 26 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, 273 ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Кишти пунбадона ва дигар зироатҳо низ идома дорад.
Ҳамзамон, дар вилоят 46 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, зиёда аз 1,1 миллиард доллари ИМА ҷалб шудааст.
Гардиши савдо ба 6,9 миллиард сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 786,3 миллион сомонӣ расида, мутаносибан 36,9 ва 7,3 фоиз афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми боркашонӣ 10,1 миллион тонна ва мусофиркашонӣ 45,7 миллион нафарро ташкил дод.
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 6981 иншоот ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар соҳаи маориф 30 иншоот бо 97 синфхона ва дар соҳаи тандурустӣ 28 муассисаи нав мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ин давра 6870 ҷойи нави кор таъсис ёфта, музди миёнаи меҳнат ба 2693 сомонӣ расид.
Дар фарҷоми маҷлис раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз роҳбарони сохторҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо талаб намуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳо, таъмини иҷрои нақшаҳои андоз, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва омодагии сазовор ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Таъкид гардид, ки танҳо бо истифодаи пурраи имкониятҳо ва меҳнати содиқона метавон ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят ноил гардид.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"