Баргашт Чоп кардан

НАҚЛИЁТ. 44 ҲОДИСАИ ПОЙМОЛ ШУДАНИ ҚОИДАИ ҲАРАКАТ ДАР СЕ МОҲ

Аз 13-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» оғоз гардид, ки то 23-юми апрел идома меёбад.


Дар ин бора корманди шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Шаҳбоз Саидзода ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» маълумот дод.

Ба гуфтаи ӯ, мутаассифона, содиршавии садама бо иштироки пиёдагардон тамоюли афзоиш дошта, аз 44 ҳодисаи роҳу нақлиёте, ки дар се моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе сабт шудаанд, 32 ҳолати онро пахш кардани пиёдагардон ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин садамаҳо, 6 пиёдагард ба ҳалокат расида, 26 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. 

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар аксар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр пиёдагардон низ ҳангоми гузаштани роҳ дидаю дониста, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон менамоянд. Ин дар ҳолест, ки дар роҳҳо аломатҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ насб гардидаанду гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.



Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд. Ҳамзамон, ба тарбияи ҳуқуқии фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро бо аломатҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шинос намоянд.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»