Таърихи миллати тоҷик дар баробари адабиёту фарҳанги бузург, ҳамчунин, ба бунёдкориҳои азим пайванд мегирад. Агар мо ба таърихи гузаштаи дур назар андозем, ниёгонамон на бо ҷангу хунрезӣ, балки бо фарҳанг, илм ва санъати меъмории худ дар ҷаҳон ном баровардаанд. Дар тули ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик бо меҳнати созандаи худ шаҳрҳо бунёд карда, фарҳанги ғанӣ ва муҳити пешрафтаи иҷтимоиро ба вуҷуд овардаанд.
Аз қадимтарин марказҳои тамаддуни тоҷикон, ба мисли Саразм, Карон (Дарвоз) то шаҳрҳои бузурги таърихӣ – Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан ва то пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, мо як силсилаи пайвастаи рушди меъморӣ ва шаҳрсозиро мушоҳида мекунем. Ин анъанаи бунёдкорӣ имрӯз низ идома дорад ва пайванди мустақими байни гузаштаи бостонӣ ва муосирро нишон медиҳад. Имрӯз бунёди иншооти азими миллӣ, сохтмони аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” идомаи ҳамон анъанаи деринаи созандагии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамчун корманди осорхона робитаи ногусастаниеро байни ин ду қуллаи тамаддуни меъморӣ ва созандагии тоҷикон мушоҳида мекунам.
Аввалин нишонаи меъморӣ ва шаҳрсозии тамаддуни тоҷик ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ дар Саразм пайдо шуд. Саразм дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, беш аз 5500 сол пеш асоси шаҳрсозӣ, меъморӣ, фарҳанг, тамаддун ва ташкили муҳити зиндагии фарҳангиро бунёд гузошт. Муайян гардид, ки дар ин макон сокинон бо гилу санг хонаву қасрҳо сохтаанд, асбобҳои филизӣ ва зарфҳои сафолӣ истеҳсол намудаанд ва фаромӯш накардаанд, ки устуворӣ ва нақшаи муназзам барои зиндагии ҷамъиятӣ аҳамияти калон дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, аз ҷумла асбобҳои филизӣ, зарфҳои сафолӣ ва нақшаи хонаҳои мустаҳкам, гувоҳӣ медиҳанд, ки гузаштагони мо ҳанӯз он замон илми ҳисоб ва муҳандисиро хуб медонистаанд. Ҳар як ёдгории таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ нишонаи ирода ва ҳунари волои ниёгони мо мебошад. Ин раванд нишон медиҳад, ки анъанаи шаҳрсозӣ ва муҳандисӣ дар фарҳанги тоҷикон аз давраи энеолит ташаккул ёфта, ҳамчун мероси ниёгон то имрӯз идома дорад.
Маҳз ҳамин пайванди анъанаҳо имрӯз дар пойтахти муосири Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷассум меёбад. Пойтахт замоне як деҳаи хурд буд, аммо имрӯз ба як маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар табдил ёфтааст. Осорхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва донишгоҳҳо на танҳо мероси бостониро ҳифз менамоянд, балки ҷавононро бо ирода ба ҳисси созандагӣ ва ватандӯстӣ тарбия мекунанд. Бунёди Кохи Наврӯз, Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва дигар иншоотҳо бо нақшу нигори миллӣ ва санъати муҳандисии таърихӣ нишон медиҳад, ки фарҳанги шаҳрсозӣ ба наслҳои оянда пайваст мондааст. Бунёди НБО “Роғун” ҳамчун намунаи равшани ин пайванд аст. НБО “Роғун” яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии зеризаминӣ, калонтарин комплекси гидроэнергетикии минтақа бо баландтарин дарғот (335 м) ба ҳисоб меравад, ки мардуми шарафманди тоҷик солҳо боз бунёд намуда истодаанд. Чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадашон изҳор менамоянд: ““Роғун” барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад”. Аз як тараф, агар дар оянда НБО “Роғун” кишвари моро ба ҳадафи сеюми миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ расонад, аз тарафи дигар рамзи ирода, ваҳдат ва қудрати созандаи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён бозгӯ мекунад. Дар сохтмони он ҳазорон муҳандисону кормандони тоҷик иштирок доранд, ки бо заҳмати худ мероси таърихии ниёгон, яъне, созандагиро идома медиҳанд.
Осорхонаҳо низ дар ин пайванди таърихӣ нақши бориз доранд. Онҳо мероси бостонӣ ва ёдгориҳои таърихиро ҳифз мекунанд, ҳамчунин, барои ҷавонон мактаби ибрат ва омӯзиши анъанаи созандагӣ мебошанд. Ба воситаи намоишгоҳҳо ва корҳои илмӣ онҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як сохтмон, ҳар як шаҳр ва иншооти муҳими миллӣ пайванди мустақим бо ирода ва ҳунари ниёгон дорад.
Ҳамин тавр, аз Саразм, Панҷакент, Самарқанд, Бухоро ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе то иншооти азими миллӣ чун “Роғун” мо як силсилаи пайвастаи тамаддун ва бунёдкориро мебинем. Ин силсила нишон медиҳад, ки тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз миллати созанда буда, бо дониш ва меҳнат роҳи ободии сарзаминро идома додаанд. Пайванди гузашта ва имрӯз ёдрас мекунад, ки миллати тоҷик ҳамеша созандаву бунёдкор буд ва бо такя ба мероси ниёгон дар роҳи рушд ва ободии кишвар қадам хоҳад гузошт.
Афрӯза САНГИНОВА,
мудири Хона-музейи Н. Шарифов, бахши МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ”