Ҷавобгарӣ барои тасарруфи беш аз 500 ҳазор сомонӣ
Сармуҳосиби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак Боев С.Г. дар тасарруфи маблағҳои буҷетӣ айбдор мешавад.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш давоми солҳои 2022-2025 давра ба давра дар асоси супоришномаҳои пулгузаронии таҳрифшуда 530050 сомониро дар ҳисоботи муҳосиботӣ ҳамчун пардохтҳои иттифоқи касаба ва суғуртаи кормандони муассиса нишон дода, аммо на ба суратҳисоби иттифоқҳои касаба, балки ба суратҳисоби корти бонкии мудири анбори шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак Ядгоров М.И. гузаронда, ҳар ду ин маблағҳоро ба манфиати шахсиашон тасарруф намудаанд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати Боев С.Г. ва Ядгоров М.И. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4, банди “б” (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ...) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Марде, ки 33 адад соатро дуздид, ба курсии айбдорӣ нишаст
Кормандони милитсия як сокини шаҳри Душанберо, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 29-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Боздоштшуда 15-уми феврали соли 2026 бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдои «Миледи», воқеъ дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Шоҳмансур, 33 адад соати дастии занона ва як адад атрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, зарари расонда ба соҳибмулки нуқтаи савдо 71 ҳазор сомониро ташкил дода, айни ҳол вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”