Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ Пайрав Амирзода, дар шаҳри Вашингтон як қатор мулоқотҳои сатҳи баланд сурат гирифтанд.
14-уми апрели соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани мулоқот намуд ва дар он вазъи кунуниву дурнамои ҳамкориҳо, инчунин, масоили ҷалби сармоягузориву татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики калидии стратегӣ дар пешбурди ислоҳоти сохторӣ, рушди инфрасохтор, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва таъмини рушди устувору фарогири иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, ҳамкории муваффақ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчун омили асосии таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди «иқтисоди сабз» таъкид гардид.
Зимни муаррифии вазъи макроиқтисодӣ зикр гардид, ки ислоҳоти пай дар пай ва дастгирии шарикони байналмилалӣ ба таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ду моҳи аввали соли 2026 ба 8 фоиз расидааст. Ҳамзамон, рушди босуръати бахши бонкӣ ва рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ ва васеъ гардидани истифодаи воситаҳои муосири пардохт, ҳамчун нишондиҳандаи муҳими таҳаввулоти низоми молиявӣ арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои молияи сабз, рушди устувор, рақамисозии бахши молиявӣ ва тақвияти фарогирии молиявӣ баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда ва дарозмуддат таъкид карданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
ВАШИНГТОН. МУЛОҚОТИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОНӢ БО
РОҲБАРОНИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР
Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон як қатор мулоқотҳои корӣ анҷом дод. 13-уми апрели соли ҷорӣ мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор ҷаноби Бо Ли баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи барномаи PCI, такмили сиёсати пулию қарзӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва баланд бардоштани шаффофияти бахши молиявиро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ ва устувории низоми молиявӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ низ инъикос ёфта, баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии “Moody’s Ratings” ва “S&P Global Ratings” ҳамчун эътирофи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Дар мулоқот, ҳамзамон, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар марҳалаи нав, аз ҷумла ҷалби кумаки техникӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, такмили низоми комплаенс, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва идоракунии хавфҳои таҳримӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори департаменти Хазинаи байналмилалии асъор барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷиҳод Азур вохӯрӣ анҷом дод. Дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, пешбурди ислоҳоти сохторӣ ва тақвияти суботи макроиқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки ҳамкории судманд бо Хазинаи байналмилалии асъор ба татбиқи муваффақонаи барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI) мусоидат менамояд ва барои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Зикр гардид, ки иқтисодиёти кишвар рушди устувори худро нигоҳ дошта, суръати афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар моҳҳои январ–феврали соли ҷорӣ 8 фоизро ташкил дода, сатҳи таваррум дар ҳудуди 3,6 фоиз қарор дорад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ тамоюли мусбат дошта, дороиҳо, пасандозҳо ва сандуқи қарзӣ афзоиш ёфта, сатҳи кофии сармоя ва пардохтпазирӣ таъмин гардидааст. Инчунин, ӯ идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Хазинаи байналмилалии асъор ҷиҳати пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, таҳкими суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»