Халқи бузургвори ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури "Роғун" то абад равшан бод!
Эмомалӣ РАҲМОН
Бешак, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва таърихи он бо ҳама нишебу фарозаш дар асли хеш як достони бузургест ва мо ҳоло чанд саҳифаи онро варақгардон мекунем, то бори дигар аз сарнавишти шигифтангезаш воқиф гардем.
Давлати шуравӣ, ки Тоҷикистон ба ҳайати он дохил мешуд, бо мақсади рушди обу энергетика ва ба хотири тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии сарзамини Осиёи Марказӣ бунёди Неругоҳи «Роғун»-ро ба нақша гирифт.
Соли 1976 муҳандисон, лоиҳакашон ва сохтмончиён аз ҷумҳуриҳои шуравӣ дар макони неругоҳи оянда ба бунёдкорӣ сар карданд. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои коргарон ва мактабу кӯдакистонҳо босуръат оғоз ёфтанд. Аз ду самт кандани нақб низ сар шуд. Ниҳоят рӯзи 27-уми декабри соли 1987 маҷрои дарёи Вахш тағйир ёфт ва бунёди садди 335-метра оғоз гардид. Ба бунёди бузургтарин манбаи неруи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ асоси пойдор гузошта шуд.
Дар айёме, ки кор бо ҷӯшу хурӯш давом мекард, бузургтарин давлати абарқудрати шуравӣ аз ҳам пош хӯрд.
Дар Неругоҳи азими «Роғун» низ бинокорӣ қатъ ёфт, коргарону мутахассисон корро тарк намуданд. Техникаву таҷҳизоти асосиро аз Тоҷикистон берун бурданд ва сарвати «Роғун» талаю тороҷ гардид.
Пас аз он ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ҷумҳурӣ ба ҳаёти осоишта баргашт, боди мурод ба рӯи Неругоҳи «Роғун» вазид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 бори аввал бо мақсади шинос шудан бо вазъи Неругоҳ ба шаҳри Роғун омаданд ва шоҳиди харобиҳои беназир гардиданд.
Обхезиҳои даҳшатнок ва селҳои офатбори соли 1993 «Роғун»-ро тамоман аз кор бароварда ва мавҷи муқтадир садди «Роғун»-ро тамоман ба коми худ фурӯ бурда буд. Нақбҳо ва толори мошинҳоро қуму сангу лойқа пур карда ва осори меҳнати гарони 15-солаи ҳазорон коргарон тамоман аз миён рафта буданд. Дидани ин манзараҳои ҳузнангез басе ғамангез буд.
Гарчанде ин ҳамаро Президент бо чашми худ диданд, ноумед нагаштанд, балки дар як гӯшаи дили бузургашон ситораи умеду орзу медурахшид.
Пешвои миллат бо азму талошҳои бардавом ва бо матонату сиёсати хирадмандонаи хеш ба эҳёи Неругоҳи «Роғун» камар бастанд ва он дар асри XXI ба корзори беназири миллати тоҷик табдил ёфт.
Бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2007 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо саҳмдории Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин иқдом гувоҳи он буд, ки иродаи роҳбарияти олии Тоҷикистон дар бунёди Неругоҳи «Роғун» устувору қавист ва онҳо ҳеҷ гоҳ аз ин роҳ пас нахоҳанд гашт. Оқибат, бунёди Неругоҳи азиме, ки дар он 300 корхонаи саноатӣ бояд саҳм мегирифт, ба дӯши Тоҷикистони аз лиҳози иқтисодӣ ҳанӯз камқувват афтод.
Сарвари давлат ба нангу номус, ба азму матонат ва ҳиммати баланди халқи маҳбуби худ такя карданд. Пешвои миллат 5-уми январи соли 2010 ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуданд ва даъват ба амал оварданд, ки дар бунёди «Роғун», яъне манбаи нуру гармии хонадони хеш, саҳмгузорӣ намоянд. Ин суханони басо самимӣ, саршор аз меҳру муҳаббат ва ифтихоромези Президенти кишвар аз қаъри дил бархоста, дар сартосари кишвар баланд садо дод, дилҳоро тасхир кард ва касеро бетараф нагузошт: «Миллати азиз ва тоҷдори ман! Имрӯз вақти исбот кардани тоҷдориат расидааст! Имрӯз замони нишон додани нангу номус ва ғайрату ҳиммат фаро расидааст! Миллати ҳимматбаланду номдори ман! Ҳоло фурсати ҳифзи номи некат расидааст! Имрӯз фурсати ватанхоҳиву ватандории мо, ворисони тамаддуни ҷаҳонӣ ва меросдорони Рӯдакиву Фирдавсӣ ва ҳазорон алломаҳо ва имрӯз вақти озмоиши руҳи бешикасти авлоди Спитамену Деваштич, Абумуслиму Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон родмардони ин миллати фарзона фаро расидааст».
Дар ҷавоби муроҷиати Пешвои миллат дар муддати ду моҳ аз тарафи мардуми ҷумҳурӣ ба суратҳисоби Неругоҳи «Роғун» 734 миллион сомонӣ ворид гардид. «Роғун» ҷони тоза пайдо кард ва барои эҳё гардидан ҷаҳду талош намуд.
Махсусан, соли 2016-ро метавон баҳори гулафшони «Роғун» ҳисобид. Ҳамон сол, моҳи май, дар шаҳри Душанбе маросими оғози татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 доир гашт. Дар маросими баргузории он ҳайатҳои расмии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуда, ин лоиҳаро ҳамкории воқеӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ қаламдод карданд. Лоиҳаи мазкур аз нигоҳи меъёрҳои тиҷоратӣ ва технологӣ камназир буда, аз 1342 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат иборат хоҳад буд. Тавассути онҳо дар як сол то панҷ миллиард киловатт-соат неруи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон метавон интиқол дод. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур аз як миллиард доллари ИМА фароҳам омада буд.
Инчунин, соли 2016 дар таърихи бунёдкориҳои «Роғун» саҳифаи наве боз гардид. Рӯзи 29-уми октябр бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд ва бунёди сарбанди баландтарин дар ҷаҳон оғоз гардид. Он рӯз дар майдони Неругоҳ ҳазорон коргарон, роҳбарони ташкилоту идораҳо, аҳли илму адаб ва меҳмонон ҷамъ омада буданд.
Чун соат ба даҳ расид, ҳама мепиндоштанд, ки ҳоло булдозерҳои бузург вориди майдони сохтмон мегарданд, бо фурӯ рехтани сангу шағали зиёд маҷрои Вахшро дигар мекунанд. Аммо чунин нашуд ва расо соати даҳ Пешвои миллат танҳо вориди майдони корзор гардиданд ва ба булдозери бузурги вазнин нишаста, онро ба сӯйи анбуҳи бузурги сангу шағал равона карданд.
Ҳазорон нафар Сарвари давлатро назора мекарданд ва чашм аз булдозер намеканданд. Хомӯшии гароне сартосари майдонро фаро гирифта буд ва касе ҳарфе намезад. Танҳо ду садо – яке садои булдозери Президент ва дигаре садои рӯди Вахш шунида мешуд.
Президенти муҳтарам савори булдозер бо руҳи болида ва бо азми дучанд анбуҳи сангу шағалро ба маҷрои дарё мерехтанд. Ҳозирон бо тапиши дил ва шӯру ҳаяҷон нигоҳ аз булдозер намеканданд, ки он бо ҷӯшу хурӯш кор мекард. Аз байн расо як соат гузашт, аммо булдозери Президент авҷи корро суст намекард, баръакс метезонд. Маҷрои дарё торафт тангтар мегашт ва садои пуртуғёни Вахш кам-кам хомӯш мешуд.
Пешвои миллат аз соати 10 то соати 11:30, яъне яку ним соат бидуни таваққуф савори булдозери вазнин ба маҷрои дарёи Вахш сангу шағал рехтанд ва оқибат, маҷрои онро дигар карданд. Он лаҳзаҳо дар ҳаёт амалӣ гардидани орзуҳо ва нақшаи хешро бо чашми худ медиданд ва қалбашон аз шодию фараҳ лабрез мегашт. Соли 2016 беш аз 15 ҳазор коргарону коршиносон ва 2100 техникаву мошинолот шабу рӯз машғули кор буданд.
Бояд ёдовар шуд, ки лоиҳаи Неругоҳи «Роғун» аз нигоҳи техникиву бинокорӣ дар ҷаҳон назир надорад. Тамоми иншооти Неругоҳ дар дили замин ҷойгир шудааст.
Нақби зиёда аз 70-километра тамоми асбобу анҷоми сохтмони бузургро чун як пайкари воҳид ба ҳам мепайвандад. Бинои зеризаминӣ аз толори мошинҳо ва аз трансформаторҳо иборат буда, 67 метр баландӣ дорад. Толори мазкур аз ҷиҳати шукӯҳу азамат беназир буда, дар радифи бузургтарин ва пурҷилотарин кохҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.
Ниҳоят, 16-уми ноябри соли 2018 фаро расид ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахш намудани тугмачаи «оғоз» агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтанд. Мавҷи шодию хурсандӣ сартосари Тоҷикистонро фаро гирифт. Аз аввалин нури «Роғун» чеҳраи Тоҷикистон гул-гул шукуфт ва ин пирӯзиро ҳар як сокини кишвар пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи ҳақиқату адолат меҳисобид.
Барои ширкат дар ин тантанаи таърихӣ бисёр намояндагони воломақоми кишварҳои гуногун, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳову созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Ба ифтихори тавлиди аввалин неруи барқи «Роғун» дар майдони сохтмон бо иштироки Пешвои миллат ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид. Дар майдон шодию нишот мавҷ мезад ва чеҳраҳо ҳама хурраму шукуфону гулгун буданд. Аз файзи ин рӯзи фархунда чашмонашон барқосо медурахшиданд ва гӯё нури «Роғун» дар чеҳраашон ва дар дидагонашон таҷассум ёфта буд.
Махсусан, коргарон суханони Президенти кишварро бо шодмониву кафкӯбиҳо истиқбол менамуданд ва дилашон аз ифтихору шодмонӣ лабрез буд.
Оре, маҳз онҳо буданд, ки бо неруи бозуяшон, бо хираду азму иродаи матинашон «Роғун»-ро ба «кохи нур» табдил медоданд.
Пешвои миллат аз минбари баланд ба сокинони кишвар муроҷиат намуда гуфтанд: «Нахустшуълаи Неругоҳи азими «Роғун» ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ҳумоюн бод!»
Пас аз ба кор оғоз намудани агрегати аввал азму иродаи коргарони Неругоҳ дучанд боло рафт. Боз Пешвои миллат мужда расонданд, ки дар соли 2019 агрегати дуюми «Роғун» ба кор хоҳад даромад. Ин хабари хуш дар фазои Тоҷикистон боиси хушнудиву руҳбаландии хурду бузург гардид.
Ниҳоят, он рӯзи фархунда фаро расид ва 9-уми сентябри соли 2019 дар Рӯзи Истиқлоли давлатӣ – Ҷашни бузурги миллӣ агрегати дуюми «Роғун» ба тавлиди нури ҳаётбахш сар кард.
Дар муддати ду сол пай дар пай ба тавлиди неруи барқ оғоз намудани ду агрегати «Роғун» ба воқеаи бузурги таърихӣ табдил ёфт.
Президенти мамлакат дар Рӯзи Истиқлоли давлатӣ чун армуғони идона ба ҳар хонадони тоҷик нуру рӯшноӣ туҳфа намуданд.
Ба тавлиди барқ оғоз намудани агрегати дуюми «Роғун» дар сархатти воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон қарор гирифт. Беш аз 140 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Чин, Покистон ва дигар давлатҳо ба Тоҷикистон омаданд. Тоҷикистон ва «Роғун» дар маркази хабаргузориҳои ҷаҳон қарор гирифтанд.
Дар майдони сохтмон бо иштироки Президенти кишвар ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид. Президент зимни суханронӣ ба кор андохтани агрегати дуюми «Роғун»-ро пирӯзии мардуми тоҷик ва коргарони қаҳрамони Неругоҳ ҳисобида, зикр намуданд, ки ин Неругоҳи азим фарзанди азиз ва ҷигарбанди истиқлолу озодии Тоҷикистон мебошад. Дар поёни суханронӣ аз забони Пешвои миллат ин шиор дар сартосари мамлакат танин андохт: «Тоҷикистон, ба пеш, ба пеш!»
Ин шиори ватандӯстона имрӯз нерубахш ва сафарбаркунандаи кулли мардуми Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт мебошад.
Вақте солномаи Неругоҳи «Роғун»-ро варақ мезанем, мебинем, ки Сарвари давлат чун бунёдгузор ва нерубахши «Роғун» аз соли 2002 то соли 2022 чордаҳ маротиба ба «Роғун» ташриф овардаанд ва ҳар боздид дар бунёди он нақши худро гузоштааст. Суҳбату мулоқотҳои гарму самимӣ бо коргарон ҳамеша онҳоро ба корномаҳои нав илҳом бахшидаанд.
Ташрифи навбатии Пешвои миллат 27-уми сентябри соли 2024 ба «Роғун» идомаи сафарҳои пешин буда, ҳадаф аз он шинос шудан бо раванди корҳои сохтмонӣ ва дидору мулоқот бо коргарон мебошад. Ва, инчунин, мақсади машварати корие, ки Президент бо коргарон анҷом доданд, суръати бештар бахшидан ба корҳои сохтмон буд.
Пешвои миллат 27-уми августи соли 2025 дар аснои боздиди навбатии худ аз Неругоҳи «Роғун» бо корҳои то ин замон анҷомёфта аз наздик шинос шуданд ва изҳори хурсандиву қаноатмандӣ намуданд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо назардошти аҳамияти тақдирсози Неругоҳи «Роғун» барои равнақи корҳои сохтмонӣ дар маҷмуъ, аз соли 2008 то соли 2025-ум 48 миллиарду сад миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, то кунун баландии сарбанди Неругоҳи «Роғун» ба сатҳи 145 метр расидааст. Дар бунёди манбаи нур навтарин технология мавриди истифода қарор мегирад. Ин имкон хоҳад дод, ки иқтидори агрегатҳо афзуда, ба ҷойи 3600 мегаватти лоиҳавӣ ба 3780 мегаватт хоҳад расид, яъне 180 мегаватт меафзояд.
Коршиносони сатҳи байналмилалӣ итминон доранд, ки то соли 2035, ки «Роғун» пурра ба кор медарояд, иқтидори тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 50 фоиз меафзояд ва содироти он ба 60 фоиз хоҳад расид.
Пешвои миллат зимни мулоқот бо бунёдкорони Неругоҳ бори дигар таъкид намуданд, ки «Роғун» корзори воқеии нангу номус ва арсаи воқеии матонату фидокорӣ ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ (16-уми декабри соли 2025) таъкид намуданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири рушду равнақи соҳаи энергетика аз тамоми захираву имкониятҳо истифода хоҳад кард. Дар муддати 10 соли гузашта ба соҳаи энергетикаи кишвар беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
Пешвои миллат зимни Паёми хеш мужда расонданд, ки ба шарофати заҳмати шабонарӯзӣ ва қаҳрамононаи коргарон моҳи сентябри соли 2027 мо агрегати сеюми Неругоҳи «Роғун»-ро ба кор меандозем ва бо сари баланд истиқлоли энергетикии Тоҷикистони маҳбубамонро пурра таъмин менамоем. Пешвои миллат дар ин иртибот ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфтанд: «Мову шумо рӯзҳои сахту сангини бар дӯши миллат омадаи солҳои 90-ро паси сар кардем. Як зимистони дигар дар пеш аст. Тирамоҳу зимистони соли 2026 аз зимистони имсола сабуктар мегардад, чунки мо иқтидорҳои навро ба истифода медиҳем. Вазъият хеле беҳтар мешавад ва мову шумо аз соли 2027 хомӯш кардани барқро фаромӯш мекунем».
Ин хабари хуш чун насими айёми баҳорон дар фазои ҷумҳурӣ паҳн гардид ва боиси хушнудиву сарбаландии мардуми тоҷик гашт. Хурду бузурги Тоҷикистон итминони комил пайдо карданд, ки кору пайкори қаҳрамононаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар сафҳаи таърихи Тоҷикистони нав бо оби тилло сабт хоҳад гашт.
Неругоҳи «Роғун» нодиртарин манбаи адонашавандаи нур дар арсаи ҷаҳон аст, ки дар дили кӯҳи хоро чун як шаҳри азим бунёд мегардад ва садсолаҳо ба мардум равшаниву зиндагӣ мебахшад.
Наслҳои нав ба наве, ки ба олам хоҳанд омад, аз дидани ин кохи боҳашамати нур ба ҳайрат меоянд. Қалбашон нисбат ба авлодони хеш, ки зери раҳнамоии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин Неругоҳи азимро бунёд кардаанд, аз ифтихору сарфарозӣ саршор хоҳад гашт.
Шукӯҳу азамати «Роғун» ончунон бузург аст, ки танҳо хираду тафаккури олӣ ва табъу истеъдоди дурахшон қодир аст онро дар пероҳани сухани баланд ва нобу зебо таҷассум созад.
Неругоҳи «Роғун» рамзи иқтидору тавоноӣ ва пирӯзиҳои даврони истиқлоли Тоҷикистони озод аст.
Шуҳрати ҷаҳонии «Роғун» – шуҳрати ҷаҳонии Тоҷикистони нав аст. «Роғун» хуршедест, ки бар фарози Машриқзамин медурахшад ва хонаву дари мардумонро нурборон менамояд.
Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон