Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд интихоб шуд.
Интихоботи мазкур эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро ба талошҳои Тоҷикистон ва уҳдадории он барои пешбурди авлавияти аҳолӣ ва рушд, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, баробарии гендерӣ, ҳуқуқ ва некуаҳволии занон, кӯдакон ва ҷавонон, нишон медиҳад.
ТОҶИКИСТОН – МИСР
Баррасии ҳамкориҳо дар самти мубориза бо хатарҳои замони муосир
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мисри Араб дар Тоҷикистон Тамер Фатҳӣ Абдуссалом Ҳамад вохӯрд.
Ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишварро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Иштироки Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия
17-19-уми апрел муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия, ки ҳамасола дар Туркия баргузор мегардад, иштирок намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Форум яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати ҷаҳонӣ, амният ва ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чорабинӣ якчанд мулоқоти дуҷониба бо намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
CASA – 1000
Пули энергетикӣ соли 2027 фаъол мегардад
18-20-уми апрел дар шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000 ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳа барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани эътимод миёни кишварҳои аъзо ва таъмини содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аҳамияти стратегӣ дорад.
Айни замон аз чор давлати аъзои лоиҳа дар сетои он: Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон сохтмон ба анҷом расида, корҳо дар ҳудуди Афғонистон идома доранд.
Намояндагони ширкати KEC иброз доштанд, ки корҳои боқимонда дар ҳудуди Афғонистон, тибқи нақшаи таҷдидшуда, баҳори соли 2027 ба анҷом мерасанд.
Озмуни «Топ – 35 шарики боэътимоди сол» доир мешавад
Озмун ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуда, дар он соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон метавонанд иштирок намоянд.
Мақсад муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат намудан ба рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ мебошад.
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ
Конференсияи илмӣ-амалӣ дар доираи Ҳафтаи илм
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ҳафтаи илм дар ҷумҳурӣ дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва рушди санъати мусиқии тоҷик: масъалаҳои эҷодӣ, илмӣ ва таълимӣ-пажӯҳишӣ дар мактаби олии мусиқӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гашт.
Ректори Консерватория Б. Давлатзода дар мавзуи “Нақши Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар рушди мусиқии касбӣ”, профессор А. Низомов дар мавзуи “Семантикаи “Шашмақом”” ва масъалаҳои этногенези халқи тоҷик”, дотсент С. Каримзода дар мавзуи “Услуби силсиласозӣ дар анъанаи фалаки помирӣ” ва ғайра маъруза намуданд.