КИШТИ ПАХТА
Бино ба маълумоти фаврии раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба ҳолати 5 майи соли равон дар майдони 398388 гектар кишти баҳорӣ гузаронда шудааст.
Дар ин раванд кишоварзони ҳамаи манотиқи кишвар имрӯзҳо таваҷҷуҳи асосии худро ба кишти пахта, нигоҳубин ва рӯёндани ҳосили баланду хушсифат равона намудаанд, зеро кишти пахта муҳлати муайянро дар бар мегирад. Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи зикршуда дар майдони 177569 гектар (95,5 дарсади нақша) пахта кишт шудааст, ки 123202 гектари он ба вилояти Хатлон, 51843 гектар ба вилояти Суғд ва 2533 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
НАСЛГИРӢ АЗ ЧОРВОИ МАЙДА
Тавре аз раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат оид ба наслгирӣ аз чорвои майда иттилоъ доданд, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии мамлакат 373929 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27581 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 87-сарӣ рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.
ВОРИДОТ ВА ВАЗЪИ ТЕХНИКАЮ
МОШИНОЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 апрели соли равон ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 457 техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардидааст, ки 259-тои онро трактор ташкил медиҳад.
Оид ба вазъи техника ва мошинолоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27448 трактори гуногунтамға мавҷуд буда, 77 дарсади он омодаи кор мебошад. Ба ин номгӯй тракторҳои шудгоркунанда, комбайни ғалладарав, ядакҳо ва испорҳои тракторӣ, култиваторҳо, тухмипошакҳо, достҳои тракторӣ, тойбанду тагрезчин, комбайнҳои ҷуворимаккағундор, картошкаканакҳо, картошкашинонакҳо, мошини пахтачинӣ ва алафҷамъкунакҳо дохил мешаванд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»