
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз соли 2005 ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад. Ин ҷашни тамоми сокинони Тоҷикистони азиз аст, зеро пойтахти ҳар мамлакат муҳимтарин рамзи ҳастии он ва далели устуворию пойдории давлати мустақил мебошад. Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, яке аз ҷавонтарин пойтахтҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба шумор равад ҳам, вале хеле рушдёфтаву ободгашта ва дилрабою ҳуснорост.
Пойтахти Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни таърихиро аз сар гузарондааст, аммо муҳимтарин марҳала барои он маҳз пас аз соли 1991, баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, оғоз ёфтааст. Ба шарофати истиқлол Душанбе дар сартосари олам ҳамчун пойтахти як давлати мустақилу соҳибихтиёр шинохтаву эътироф шуд. Истиқлоли давлатӣ ба рушду такомули бесобиқаи шаҳри Душанбе мусоидат кард. Шаҳри азизи мо мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифт ва сафи меҳмонону сайёҳон дар андак муддат афзуд. Дар Душанбе пайи ҳам сафоратхонаҳои аксар мамлакатҳои ҷаҳон бунёд ва ифтитоҳ ёфтанд, ин ҷо маркази баргузории як қатор ҳамоишу симпозиум ва тантанаҳои байналмилалӣ баргузида шуд. Махсусан, дар даҳ соли охир кишварамон бо суръати баланд тараққӣ кард. Дар ҳудуди шаҳр чандин боғу марказҳои фароғатии нав, майдончаҳои варзишу истироҳатӣ барои кӯдакону наврасон, фурӯшгоҳҳои муҳташам ва марказҳои гуногуни хидматрасонӣ бунёд шуданд. Пойтахти тозаю озода ва гулпӯши мо ҳамагонро мафтун мекунад. Дар тамоми минтақаҳои пойтахт биноҳои истиқоматии замонавӣ бо тарҳу намуди зебою дилрабо қомат афрохтаанд ва бунёди чунин биноҳо идома дорад. Кас дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, махсусан дар саҳни донишкадаю донишгоҳҳо, намояндагони халқҳои гуногунро дида, сарафроз аз он мешавад, ки Душанбе имрӯз ба шаҳри дӯстию рафоқат табдил ёфтааст...
Мо бояд пойтахти азизи худро самимона дӯст дорем, дар ободию шукуфоии он саҳм гузорем. Бояд ҳамчун омӯзгор ва зиёӣ таблиғгари мақоми волои пойтахт бошем, шогирдони худро даъват намоем, ки Душанбе – пойтахти мамлакатро дӯст доранд, аз таърихи он огаҳӣ дошта бошанд ва донанд, ки ин шаҳри дилоро муҳимтарин нишони давлатдории тоҷикон ва далели ҳастии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ба шогирдон мунтазам ёдрас кардани ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле судманд хоҳад буд: “Душанбе ҳамчун пойтахт ифодагари ҳастию пойдории халқи тоҷик дар паҳнои ҷаҳон аст ва ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, бояд дар рушду такомули пайвастаи он ҳиссагузор бошем” .
Маҳфуза НОСИРЗОДА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии №19-и ноҳияи Айнӣ