Чашм гардун асту боронҳои гарми ашки ман,
Мечакад аз килки мижгон бар варақҳои рухам.
Аз паси тӯри борон ӯро мебинам, ӯро меёбам. Устоди санъат Зафар Нозимро… Ва суханонаш ба гӯшам мерасанд, ҳамон суханоне, ки бо оҳанги ашк ҷӯр шуда, бо садои ларзони ҳазин берун меоянд:
«Маро модарам калон кард, бо ашку бо меҳр парвариш намуд. Падарамро ёд надоштам. Ӯро надидаам. Модарам умедам, муттакоям буд.
Ӯ буду хона нуронӣ буд, серу пур буд, гоҳе хандаю гоҳе ашк ҳам буд.
Баробари аз дарвоза даромадан ӯ ба пешвозам мебаромад.
– Дер омадӣ, писарам… Дар ҳамин як ҷумла ҳама суханҳояш, ҳама дардҳояш гиреҳ мехӯрданд. Шарм мекардам, хиҷолат мекашидам ва ӯро ба оғӯш мегирифтаму мегуфтам:
– Зиқ нашавед, писари оворагарди худро бубахшед.
Нигоҳ мекарду зери лаб табассум менамуд, лек чашмонаш ғарқи об мешуданд.
Дилам менолид, мехостам тамоми шодиҳои оламро оварда, пеши пойи модарам бирезам, қурбони ӯ созам…
Аммо боз бо як сухани модарам, бечора мемондам…
– Маро хавотир накун, дигар барои ман ҳеҷ чиз даркор нест. Интизорӣ баробари ҷон кандан аст…
«Худоё, модарам чӣ мегӯяд. Не, не, ман дигар ӯро интизор намекунам…».
Бузург шудам, хунёгариро пеша намудам. Боз модарамро бештар раҳпо намудам. То омаданам бедорхобӣ мекашид, оромӣ надошт.
Чун садои маро мешунид, пару бол бароварда ба пешвозам мебаромаду мегуфт:
– Худоро шукр…
Рӯзҳо меомаданду мерафтанд. Чор фасли сол гирд мегашт…
Меҳри модарам, бештари бештар мешуд.
Ӯ бемор шуд. Ҳаво боронӣ буд. Ба болои сараш омадам. Ба чашмони пуробам нигаристу гуфт:
– Зиқ нашав, писарам ба корат рав. Медонам, ки сафар дорӣ, чӣ қадар одамон туро интизор. Шодам, ки писари ҳунарманд дорам. Ман нағз, бачем, хавотир нашав…
Бо дуои ӯ сафар кардам, ба ноҳияи дур…
Аз чи бошад, мардум аз ҳад зиёд маро меҳрубонӣ мекарданд, тайёр буданд, тамоми меҳру муҳаббати хешро барои ман ифшо созанд.
Чанд суруд хондаму модаре ба саҳна баромаду гуфт:
– Садқаи овозат шавам, ҳазор раҳмат ба модаре, ки туро ба дунё овардааст, як хоҳиши мани пирро гирӣ, суруде барои модарон бихон…
Ростӣ каме ба ҳаяҷон омадам. Чунин сурудро ҳоло тайёр накарда будам. Ман суруди худамро дар назар доштам. Аммо сурудҳои ба модар бахшидаи дигар ҳофизонро медонистам. Яке аз онҳоро хондам, ки ногаҳ тор аз дастам раҳо шуд…
Дилам сих зад, аз чи бошад, торро бардоштаму борони ашк аз дидагонам рехт…
Ҳис кардам, ки… модарам…
Бо чи азобе худро ба хона расондам…
Модарам хоб буд… Вале қатраҳои ашк дар рӯяш ҷӯя кашида…
– Модар, модари раҳпою меҳрубонам, модари ғамхору ғамгусорам…
Модарамро гусел кардем. Аз чи бошад, ашкҳои дар рухсораш дурахшон ҳеҷ аз пеши назарам намераванд.
Ҳамон вақт ки ҳаво боронӣ шавад, борон борад, ман зери он қадам мезанаму рӯ ба сӯи само карда, баробари борон борони дидагонамро аз сина берун мекунам.
Ёди модар мекунам, ёди суханҳои ӯю меҳрубониҳои ӯро мекунам. Дилам менолад, месӯзад.
Охир:
Модарам бо дарди худ дар боғҳо бигриста буд,
Резад ашки ӯ ҳанӯз аз обгини сояҳо…
Чанд суруди модарро эҷод кардам, аз дилу ҷон хондам. Лек ба як сухани модарам, ба як қатра ашки модарам баробар намешаванд.
Ин сурудҳо ҳолати руҳии маро ифшо месозанду он садои модараму ашкҳояш дилу ҷигарамро ба ово меоранду ҳушдор медиҳанд, ки…».
Ӯ дигар суханонашро идома дода натавонист.
Баъди чанд вақт, он суханони дили хунёгарро шоири сухансанҷ ва огоҳдил Озар бехабар гуфт:
Модарам борон аст,
Ҳарфҳояш обист
Ва чи мусиқии зебост қадамҳояшро.
Дили ман
Ҳаст як ҷангали хушк
Ва зи чашмам ҳоло
Ҳаст ҳамдунаи шодӣ пинҳон,
Лек имрӯз чу модар зи дарам боз ояд.
Мешавам сабзтарин як беша,
Модарам борон аст.
Ҳама андуҳи дилам мешӯяд…
Шоир ҳолати руҳии худро ба риштаи назм кашида бошад ҳам, ба назари ман сухани нотамоми он хунёгарро гӯё гуфта бошад…
Борон меборад, бар сару рӯи мо…
Аз паси тӯри боронӣ ӯро – он устоди санъат Зафар Нозимро мебинам, бо модараш дар гулгашти зебое сайру гашт дораду ашкҳои модарашро пок мекунад, вале бар сару рӯи худаш борони раҳмат мерезад ва сурудаш ба гӯшу ҳуши ман зангӯла мезанад.
– Модар, модар…
Охир «модарам борон аст».
Ш. Ҳақназаров, рӯзноманигор