Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамчун ниҳоди ваколатдор, дар баробари пешгириву ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, ахиран корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эҷоди мафкураи зиддикоррупсиониро тақвият бахшида, вобаста ба ин силсилаи мулоқоту вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро васеъ ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла, тибқи иттилои маркази матбуоти Агентӣ, моҳи апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси ин ниҳод дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва ба ин васила паст кардани шиддати коррупсия як қатор вохӯриҳои судманд баргузор гардиданд.
Зимни суҳбату вохӯриҳо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда, татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсияро тавзеҳ доданд.
Иброҳими САЙФУЛЛО, “Ҷумҳурият”