Баргашт Чоп кардан

МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ


Ӯ 38 сол умр дид ва дар айни камолоти ҳунараш аз олам даргузашт. Дар ин умри кӯтоҳ барои миллати тоҷик хидмати шоён кард ва номи худро дар саҳифаи дурахшони фарҳанги тоҷик абадан сабт намуд. Ӯ фарҳангпараст буд, олам ва ботини зебои худро дошт.
Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 10-уми октябри соли 1939 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст...
Соли 1957 дар рӯзҳои даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва шеъри «Мамлакати ман» аз ашъори Мирзо Турсунзодаро қироат намуда, маҳорати волои худро нишон дод.
Маҳмудҷон Воҳидов хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарский (ГИТИС, Москва) буд. Баъди хатми Донишкада, ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ ва аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои классикӣ, махсусан образи «Хайём», «Рӯдакӣ» ва намоишҳои як ҳунарпеша («Гуфтугӯ бо худ») шоҳкориҳои санъати саҳнавӣ ба шумор мераванд. Дар филмҳои машҳуре чун «Зуҳури Рӯдакӣ», «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» ва «Сиёвуш» нақшҳои фаромӯшнашаванда офаридааст.
Ӯ ҳунарманди тавоное буд, ки ба театри тоҷик фазои нав ва насими тозаеро ворид сохт. Ҳунарманде буд, ки дар санъати суханварӣ ҳарфи зиндаи таъсирбахшро овард, андешаву афкори амиқро овард. Ӯ на танҳо як ҳунарманд, балки як файласуф, донишманд буд.
Барои Маҳмудҷон Воҳидов, ки бо ҳунари волою худододи худ фарҳанги миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ менамуд, дар кишварҳое чун Россия, Эрон, Канада, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус кафкӯбӣ намудаанд.
«Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарманди шинохта на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси ҷаҳон буд гӯем, хато намекунем. Ӯ ҳунарманд, коргардон ва наттоқи варзида буд. Аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон театри як ҳунарпешаро аз эҷодиёти Умари Хайём ба саҳна гузошт. Баъдан, ашъори Ҳофизи Шерозиро ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ рӯйи саҳна овард. Вақте дар Фрунзе (ҳоло Бишкек), Москва ва дигар шаҳрҳо ҳунарнамоӣ мекард, он ҷо чипта ёфт намешуд. Мардум барои даромадан ба намоишҳои ӯ навбат мепоиданд»,– мегӯяд ҳунарпешаи театр ва синамо Марям Исоева.
Чингиз Айтматов гуфта буд, ки ровии ҳунармандеро чун Маҳмудҷон Воҳидов надидааст ва касеро дар Осиёи Марказӣ ҳамтои ӯ намедонад. Ин гуфтаи нависандаи ҷаҳоншумул баъд аз шеърхонии Маҳмудҷон Воҳидов ба забони русӣ ва тоҷикӣ дар даҳаи фарҳанги тоҷик дар Қирғизистон буд.
Бо вуҷуди ҷавонӣ, Маҳмудҷон Воҳидов дар соҳаи синамо ҳам муваффақ шуда буд. Дар филми «Ситорае дар тирашаб» ӯ нақши Аҳмади Донишро иҷро намуд, ки аз тарафи санъатшиносону тамошобинон баҳои баланд гирифт. Баъдан, дар чандин филмномаҳо нақши асосиро бозид.
Солҳои 70-уми асри ХХ Маҳмудҷон Воҳидов ба таҳия ва басаҳнагузории филмномаҳо шуруъ намуд. Нақшаву нияти зиёд дошт. Бар замми ин, мехост дар заминаи Иттифоқи нависандагон театреро ташкил диҳад. Аммо умр вафо накард. Соли 1977 дар синни 38-солагӣ ба таври фоҷиавӣ ин дунёро падруд гуфт ва ҳама орзуҳояшро бо худ бурд. Инак, наздик ба ним аср мешавад, ки ӯ дигар нест, вале ҳунари ӯ, садои ӯ дар дилу дидаҳо асрҳо боқӣ хоҳанд монд.


Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»