Баргашт Чоп кардан

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ. МУАЛЛИФИ МАҚОЛАҲОИ МУАММОӢ ДАРГУЗАШТ

То ҷое огоҳем, барои инсонҳое чун Ғайбулло Ҳалимов хомаву коғаз чизҳои муқаддас ба шумор мерафтанд. Ӯро садоқат ба сухан соҳибэҳтиром карда буд. Ҳанӯз аз ҷавонӣ хабару мақола, лавҳаю очерк, матлабҳои танқидиаш дар ҷаридаҳои гуногун чоп мешуданд. То 78-солагӣ, то рӯзе, ки ба Ҳақ пайваст, сарбози сарсупурдаи матбуот боқӣ монд. Бино ба навиштаи шогирдонаш, ҳатто дар замони хидмати низомӣ ҳам бо ҳафтаномаи «Дар поси ватан»-и округи ҳарбии осиёимиёнагӣ ҳамкорӣ доштааст.

Баъди адои хидмати низомӣ сардабири «Дар поси ватан» ба сарбоз, ҳамзамон хабарнигори ҷавон Ғайбулло Ҳалимов тавсиянома дода буд бад-ин мазмун: «Ғайбулло Ҳалимов метавонад дар ҳар рӯзнома фаъолият намояд».

Минбаъд Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо дипломи аъло хатм намуд. Дар замони донишҷӯӣ ва пас аз он низ ҳамчун омӯзгор бо нашрияҳои ноҳиявию вилоятӣ, бавижа бо «Кулябская правда», «Учителская газета» ҳамкорӣ дошт.

Рӯзноманигорӣ дар хуни ӯ гӯё ҷорӣ буд ва ин аст, ки мехост ҳар чи зудтар аз омӯзгорӣ ба кори шавқдошта пардозад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯро ба рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»-и шаҳри Кӯлоб (“Ҳақиқати Кӯлоб”) даъват карданд. Сармуҳаррири рӯзнома он замон нависандаи номвар Шоҳмузаффар Ёдгорӣ буд. Ва Ғайбулло Ҳалимов пас аз чанде мусаҳҳеҳӣ мухбири махсуси рӯзнома дар ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ таъин гардид. Муддате бо даъвати муҳаррири рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ – Карим Давлат ба ин ҷарида омад. Соли дуҳазорум мухбири махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар минтақаи Кӯлоб шуд ва қариб ёздаҳ сол муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии ин минтақаро инъикос мекард. Матлабҳои ӯ бештар муаммоӣ буданд ва бо ҳар шева дар ҳалли ин ё он мушкил сабаб мешуданд.

Сонитар бемор шуду чанде ҳамкорияш бо «Ҷумҳурият» қатъ гардид. Замоне ҳам дар ҳафтавори ҳизбии “Минбари халқ” қалам меронд.

Мо аҳли қалами «Ҷумҳурият» медонем, ки даҳ соли охир ҳамкории бештарро бо ин ҷаридаи якасра дошт ва гоҳ-гоҳе бо ҷони хаставу тани ранҷур ба идора меомад. Як даста мақолаҳои муаммоӣ дошт. То вопасин нафас пайи ислоҳи камбудиҳо мегашт.

Сабаби аслии пайгирии мавзуъҳои замину кишоварзӣ ба боғдориву деҳқонии худаш ҳам рабт дошт. Ӯ, ки худаш дар айёми пирӣ бо кори замин саргарм буд, муаммоҳои вобаста ба хоҷагидориро хуб пайгирӣ менамуд. Дар чор гектар замин полезӣ ва ғалладона кишт намуда, боғи нозанини пурмева ҳам дошт.

Ёду ёдгори хомакаши садоқатварз, корманди собиқадор ва муаллифи фаъоли "Ҷумҳурият" гиромӣ бод!

Бузургмеҳри БАҲОДУР,

“Ҷумҳурият”