Баргашт Чоп кардан

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Таҷдиди агрегати №7 НБО «Норак»
24-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд.
Сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Норак оғоз ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, агрегати №7 Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ба истифода доданд.


Тавре зикр гардид, корҳои сохтмонӣ ва таҷдид моҳи октябри соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом пазируфтанд. Паймонкори асосии лоиҳа ширкати «Андритз гидро» буда, иҷрои корҳои зерпаймониро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик СГЕМ” ба уҳда дошт.
Дар доираи ин лоиҳа, таҷҳизоти асосии гидроагрегат нав шуда, технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ҷорӣ гардиданд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки кори агрегат боэътимод ва самаранок ба роҳ монда шуда, муҳлати истифодаи он барои солҳои зиёд таъмин шавад.
Маблағгузории навсозии гидроагрегати №7 дар доираи ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ амалӣ гашт. Аз ҷумла, барои татбиқи ин лоиҳаи муҳим 34 миллион евро дар шакли қарз ҷалб шуда, ҳамзамон, 9,5 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ равона гардид. Ин тарзи маблағгузорӣ имкон фароҳам овард, ки корҳои навсозӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом ёфта, самаранокии фаъолияти Неругоҳ ба таври назаррас баланд бардошта шавад.
Пас аз анҷоми навсозӣ, иқтидори истеҳсолии гидроагрегат афзуда, он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Хотиррасон гашт, ки корҳои навсозии таҷҳизоти НБО «Норак» соли 2019 оғоз ёфта, то ин вақт 3 агрегати он иваз шудааст. Ҳамчунин, таҷҳизоти зиёди ёрирасон мавриди навсозӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи навсозии 3 агрегат, тавоноии Неругоҳ 260 МВт афзуд, ки ин аз иқтидори НБО «Сангтӯда – 2» бештар мебошад. Ҳоло навсозии агрегати чоруми Неругоҳ бо маҷмуи таҷҳизоти ёрирасони он идома дорад.
Дар маҷмуъ, тибқи лоиҳаи навсозии Неругоҳ, ҳамаи агрегатҳои он бо харҷи 750 миллион доллари ИМА то соли 2032 нав карда мешаванд. Ҳамчунин, бо харҷи зиёда аз 1 миллиард доллар ҳамаи неругоҳҳои барқии мавҷудаи Тоҷикистон навсозӣ мешаванд, ки ба ин восита муҳлати хизмати онҳо 70 – 80 соли дигар тамдид меёбад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кормандон ва мутахассисони соҳа баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар пешрафти энергетикаи кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ин соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, ба масъулон супориш дода шуд, ки ба истифодаи самараноки таҷҳизоти нав, нигоҳдории босифати онҳо ва омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бо татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург, Тоҷикистон, тадриҷан, мавқеи худро ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли «неруи сабз» тақвият бахшида, ба таҳкими пояҳои истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат мекунад.


Ифтитоҳи ҳашт иншоот
24-уми апрел зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи агрегати №7 НБО «Норак» ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди беморхонаи марказии шаҳри Норакро, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дорои шароити муосири хизматрасонии тиббӣ буда, дар он 35 кас бо кор таъмин шуд. Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бинои нави танзимгарон, ташхисгоҳ ва мошинсарой барои мутахассисоне буд, ки дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшоӣ ва полизӣ масъуланд. Дар бинои мазкур барои 40 мутахассис шароити мусоиди корӣ фароҳам омадааст.
Мақсад аз бунёди иншоот барқарорсозиии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва обҳои корезӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардидани вазъи санитарию экологии шаҳри Норак арзёбӣ гардид. Инчунин, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар деҳоти Лангар корхонаи парандапарварии мурғи гӯштӣ ба истифода дода шуд.
Дар корхона 6 ҳазор сар паранда парвариш меёбад. Масъулон нақша доранд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саршумори мурғро ба зиёда аз 15 ҳазор расонанд. Ҳамчунин, 2 муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак дар деҳаи Чал-Чал ва Чашма ба фаъолият оғоз намуд, ки ин иқдоми созанда дар самти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли наврас аҳамияти баланд дорад. Бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 60 кӯдак дар деҳаи Чашмаи 1 бо 12 ҷойи кор дар хизмати сокинон қарор гирифт.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ, бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Норак бо 11 ҷойи кор ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳамчунин, бинои нави фурӯши молҳои ниёзи мардум ва фурӯши сабзавоти тару тоза дар бозори «Рамзи Норак» аз ҷониби соҳибкори ҷавон Аминҷон Асадуллозода ифтитоҳ шуд, ки дар он 80 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.
Инчунин, тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзиш бунёд ёфт, ки ба рушди футболи кишвар ва оммавигардонии варзиш мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдукарими Назар коргоҳи хурди истеҳсоли бетон дар назди корхонаи «Дукон» дар деҳоти Дуконӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 40 метри мукааб дар як рӯз буда, дар он 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар ҳамин ҷо масъулон лоиҳаи осоишгоҳи муосири табобатӣ, истироҳатӣ ва сайёҳӣ, ки дар соҳили зебоманзари дарёи Вахш ҷойгир мешавад, муаррифӣ карданд. Осоишгоҳ барои қабули зиёда аз сад кас дар як вақт пешбинӣ гашта, дар он даҳҳо сокини маҳалӣ соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд шуд. Ҳоло сохтмони се муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 900 кӯдак дар шаҳри Норак идома дорад, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати густариши корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.


Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшоии “Глобал Инвест”
24-уми апрел дар шаҳри Норак Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшоии “Глобал Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Хуҷамурод Азимов дар доираи таҷлили сазовор аз Ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуд. Иншоот дар минтақаи саноатии шаҳри Норак ҷойгир буда, дар он намудҳои гуногуни оби нӯшоӣ истеҳсол мешаванд. Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Тавре зикр шуд, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 15 ҳазор капсула ва 5 ҳазор зарфи оби нӯшоиро ташкил медиҳад. Ба иттилои масъулон, дар шаҳри Норак, дар доираи татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 31 расида, маҷмуи маҳсулоти соҳа дар панҷ соли охир зиёда аз 2 миллиарду 427 миллион сомониро дар бар гирифт. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 46 номгӯйи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхонаи “Глобал Инвест” дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дидан намуданд. Дар намоишгоҳ 7 номгӯйи маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла намудҳои оби нӯшоӣ, равған, собун, капсула, гранула (донаҳои полиэтиленӣ), микросемент ва армасетка ба намоиш гузошта шуд, ки дар баробари таъмини бозори дохилии кишвар ба содирот низ нигаронда шудааст.
Дар ин корхона ҳамкории олимон бо истеҳсолот ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, истеҳсоли микросемент, ки маҳсулоти нодир ба шумор рафта, дар дохил ва хориҷи кишвар харидори зиёд дорад, натиҷаи ҳамкории корхона бо олими ихтироъкори тоҷик Комрон Сафарзода мебошад. Ин намуди семент дар сохтмони НБО «Роғун» васеъ истифода мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари боздид аз намоиши маҳсулоти ватанӣ, ҳамчунин, аз намоишгоҳи бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалии иборат аз гӯшаҳои маҳсули дасти ҳунармандон, таомҳои гуногуни тоҷикӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва мисли инҳо, ки дар саҳни бинои корхонаи мазкур ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
Хуҷамурод Азимов, дар баробари соҳибкори пешқадами кишвар буданаш, дар тарбияи дуруст, соҳиби маълумоти олӣ ва соҳибкасб кардани фарзандон шахси муваффақ аст. Ӯ фарзандонро ба аз худ кардани илму омӯзиши касб ҳидоят кардааст. Натиҷа ҳамин аст, ки духтарон дар ҷамъият ҳар як соҳиби кори худ ҳастанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ Хуҷамурод Азимов барои иқдомҳои созандаву ибратбахш изҳори сипос намуданд.


Ба истифода додани хатти истеҳсоли панҷараҳои оҳании ҶСП «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ»
24-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи «Глобал Инвест» ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанӣ оғоз бахшиданд.
Коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанӣ дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ»-и шаҳри Норак бунёд ёфт. Иншооти нави саноатӣ барои наздик шудан ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, сохта шуда, дорои таҷҳизоту технологияи муосир мебошад.
Маҳсулот бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ бо шаклу сифати хуб истеҳсол гашта, ҷавобгӯйи стандартҳо мебошад.
Дар раванди боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти корхона, аслан, барои мустаҳкамгардонии хатти сарҳад пешбинӣ шуда, насби осон ва истифодаи тулонии он кафолат дода мешавад.
Тавлиди чунин навъи маҳсулот, ки дар заминаи дастгирии Ҳукумати кишвар аз бахши хусусӣ ба роҳ монда шудааст, ҳаҷми зарурати воридотро коҳиш дода, аҳамияти муҳими иқтисодӣ дорад.
Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, корхона метавонад дар як шабонарӯз 1500 ва дар як сол зиёда аз 180 ҳазор дона панҷараи оҳанӣ истеҳсол намояд. Ин ҳаҷм имкон медиҳад, ки маҳсулот баробари таъмини талаботи дохил, ҳамчунин, ба хориҷи кишвар содир шавад. Барои расидан ба ин ҳадаф, таъсиси хатҳои нави истеҳсолӣ дар назар аст.
Зимни суҳбат бо Сарвари давлат роҳбари корхона Хуҷамурод Азимов уҳдадор шуд, ки 300 км масофаи сарҳади давлатиро бо чунин панҷараҳо таъмин намояд.
Дар корхона 30 мутахассис дар ду баст фаъолият мекунад, ки ҳамаи онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона бо насби ҳисоби панелҳои офтобӣ 1,5 МВт неруи барқ истеҳсол мегардад ва насби онҳо барои 1,5 МВт-и дигар идома дорад. Бо ин иқтидорҳо корхона талаботи худро бо неруи барқ таъмин менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хатти нави истеҳсолӣ ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, баланд бардоштани сифати маҳсулот, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ҷалби бештари мутахассисони ватанӣ дастуру тавсияҳо доданд.


Ифтитоҳи маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»
24-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулнур» оғоз бахшиданд.
Маҷмааи гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида ташкил шуда, 6 гектари он барои бунёди гармхонаҳои муосир пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 3 гектар пурра обод шуда, дар 1 гектари он гули садбарг ва дар 2 гектари дигар гулҳои гуногуни мавсимӣ бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ парвариш меёбанд.
Дар гармхона таҷҳизоти муосири кишоварзӣ дастрас гардида, дорои низоми худкори рақамӣ мебошад. Ин низом танзими ҳарорат, намнокӣ ва дигар омилҳои муҳити парваришро фароҳам оварда, барои рушди босамари гулҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ замина муҳайё месозад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маҷмааи гармхонаҳо парвариши зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор гули садбарги навъҳои гуногун бо усули муосир ба роҳ монда шуда, ҳамзамон, зиёда аз 3 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд. Дар маҷмаа дарахтони гуногун, аз ҷумла олуи туркӣ, санавбар, липа, маҷнунбед, каштан, арчаи кабуд ва ноки ороишӣ парвариш ёфта, муҳити атрофи иншоот мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ оро дода шудааст.
Дар гармхона 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, аз ин шумора 42 касашро занон ташкил медиҳад. Дар мавсими ҷамъоварӣ ва омодасозии гулҳо иловатан 40 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб мешавад. Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар маҷмааи гармхонаҳо идома дошта, зиёда аз 700 метр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардиданд. Ҳамзамон, биноҳои ёрирасон навсозӣ шуда, минбаъд сохтмони ошхона, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди истироҳат барои кормандон дар назар аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва ташкили дурусти раванди истеҳсолот баҳои баланд дода, ба масъулон дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда фаъолиятро густариш диҳанд ва баробари қонеъ намудани талаботи дохилӣ содиротро ба роҳ монанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки бунёди чунин гармхонаҳои муосир дар шаҳри Норак намунаи равшани татбиқи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ буда, ба таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.


Санги асоси бунёди марҳалаи дуюми маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ»
24-уми апрел дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахш ба оғози сохтмони марҳалаи дуюми маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд.
Иқдоми мазкур бо мақсади амалигардонии нақшаҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар роҳандозӣ шуда, аз самтҳои зотпарварӣ, истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолии гӯшти мурғ иборат мебошад. Амалисозии марҳалаи дуюм бо бунёди як силсила иншоот то сентябри соли 2027 ба итмом мерасад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки татбиқи марҳалаи дуюм дар се самт ба нақша гирифта шуда, ҷойгиршавии он дар 5 мавзеи ноҳияи Данғара роҳандозӣ карда мешавад. Се самти кор иборат аз парвариши чӯҷаи зотӣ бо сохтмони 5 мурғхона ва инфрасохтор, парвариши мурғи модарӣ- истеҳсоли тухми инкубатсионӣ бо сохтмони 6 мурғхона ва инфрасохтори лозима ва парвариши мурғи гӯштӣ бо сохтмони 12 мурғхона ва инфрасохтор ба нақша гирифта шудааст.
Ҳудуди заминҳое, ки ин иншоот дар он сохта мешавад, зиёда аз 36 гектарро ташкил дода, дар умум 23 фермаи иловагии парвариши паранда бо биноҳои маъмурӣ, санитарӣ, анборҳо, гузаргоҳҳо ва таваққуфгоҳҳои техника бунёд меёбад. Кашидани хатти барқ дар масофаи беш аз 10 километр ҳам пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои масъулон, 48 ҳазор сар мурғи модарии парваришшаванда барои истеҳсоли 7,3 миллион дона тухми инкубатсионӣ омода шуда, иловатан, ба хоҷагиҳои хурди парандапарварӣ пешкаш мегардад. Таъкид гардид, ки иқдоми таъмини тухми инкубатсионӣ дар вилояти Хатлон бори аввал татбиқ мешавад. Мавзеи парвариши мурғи гуштӣ имкон фароҳам меорад, ки дар ҳар як мурғхона то 40 ҳазор сар паранда парвариш шуда, пайвастгари занҷираи истеҳсолоти имрӯзаи ширкат гардад. Тибқи дурнамо, истеҳсоли гӯшти мурғ бояд то 10 ҳазор тонна дар як сол расонда шавад.
Дар иншооти сохташаванда, таҷҳизоти муосири ширкатҳои ҷаҳонӣ насб гардида, хатҳои хӯрок, об, равшанӣ, гармӣ ва поксозии ҳаво бо таҷҳизоти рақамии худкор ба роҳ монда мешаванд. Таҷҳизоти насбшуда ҳарорати заруриро ҳангоми парвариши паранда аз рӯйи талабот ва меъёрҳо танзим намуда, барои парвариши мурғҳои хушзот шароити лозима муҳайё месозад. Ҳамин тавр, бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо дар як сол зиёда аз 5,8 миллион сар чӯҷаи мурғи гӯштӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ парвариш мегардад.
Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳои пешбинишуда мумфарш мешаванд. Ҷиҳати амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҷамъият тасмим гирифтааст, ки марҳала ба марҳала дар ҳар мавзеъ барои эҳтиёҷоти худ панелҳои офтобӣ насб намояд. Ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани мурғхона зиёда аз 47 техника ва механизми махсус истифода хоҳад шуд.
Дар марҳалаи дуюми маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» зиёда аз 200 ҷойи кори доимӣ таъсис хоҳад ёфт. Дар ин ҷода маҷмаа тасмим гирифтааст, ки дар заминаи имкониятҳои мавҷудаи амалӣ ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа, бахусус дар самти чорводорӣ, парандапарварӣ, рустанипарварӣ, механизатору байтор, технолог ва мутахассисони дигар Академияи «Мармарӣ»-ро дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва марказҳои омӯзишии Аврупо таъсис диҳад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи иншооти бунёдшавандаро мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои кор арзёбӣ намуда, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои пешбинишуда ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.


Оғози фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи «Муосир»
24-уми апрел дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири идомаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти рушди босуръати соҳаи саноати кишвар ба фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2024 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оғози корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба талошҳои ҷавонмардони ватандӯст баҳри пешрафту шукуфоии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор баҳои арзанда доданд. Имрӯз барои идомаи бунёдкорӣ ва ба роҳ мондани занҷираи арзиши иловашуда, корхонаи нави маҳсулоти саноатии марҳалаи дуюм бунёд ёфт.
Фаъолияти корхонаи саноатӣ бо тариқи технологияи замонавӣ ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолотро маркази идоракунии рақамӣ тавассути мониторҳои насбшаванда назорат менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи муштараки «Муосир» бо беш аз 18 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсолияш дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулоти ниҳоиро ташкил медиҳад.
Ашёи хом ба корхона аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас мегардад. Ҳоло дар корхонаи муштараки «Муосир» якчанд намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхонаи муштарак дар кишварҳои минтақа низ маъруф буда, дар ҳаҷми намоён содирот мешавад. Ҳоло дар ин корхонаи саноатӣ зиёда аз 170 корманд бо кори доимӣ машғул буда, 90 дарсади онро мутахассисону коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Мутахассисони корхона дорои ихтисоси баланд буда, фаъолияти кории онҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои такмили маҳорати касбии кормандон дар корхона синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Дар он кормандон бо ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд аз курси омӯзишӣ мегузаранд. Бо шинондани дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳо атрофи корхона ва шафати роҳравҳо сабзу хуррам карда шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти марҳалаи дуюми корхонаи саноатӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфт, нақши онро дар татбиқи ҳадафи стратегӣ, яъне гузариш аз кишвари аграрӣ - индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ муҳиму зарурӣ арзёбӣ карданд.


Гузоштани санги асоси бунёди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара
24-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос шуданд.
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳамсозии шароити муосири корӣ барои мутахассисону кормандон ва беҳсозии сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта мешавад. Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нав ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ бунёд хоҳад ёфт. Дар он, тибқи нақша, толори асосӣ бо 650 ҷойи нишаст, 7 толори хурду миёна, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, меҳмонхона, ошхона бо 150 ҷой ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир мешаванд. Бино бо истифода аз шаклҳо ва ороишоти хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, намои берунии он зебову дилкаш хоҳад буд. Бинои имрӯзаи мақомот, 42 сол қабл – соли 1984 сохта шудааст ва бо дарназардошти зарурат дар шафати он бинои нави 12-ошёна бо тарҳи замонавӣ бунёд мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулону кормандонро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд. Ҳоло дар марказ ва деҳоти ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ дар 48 иншооти таъиноти гуногун идома доранд.
Бояд гуфт, ки барои истиқболи шоистаи Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, вале дар воқеъ то имрӯз бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия 530 бинову иншоот ба истифода дода шуда, нақша бамаротиб бештар ба иҷро расид. Дар назар аст, ки моҳи сентябри ҳамин сол наздики 30 иншооти дигар дар марказ ва деҳоти ноҳия ба истифода дода шавад.


Гузоштани санги асоси бунёди бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ
24-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Нуралӣ Миралии ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маркази савдо ва хизматрасонӣ дар маркази ноҳия ба таври муосир ва бо сифати баланди меъморӣ сохта шуда, дар он 200 кас бо кори доимӣ таъмин мегардад. Тибқи лоиҳа, бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он марказҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, сарулибоси гуногун, тарабхона, қаҳвахона, кинотеатр, марказҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ бунёд ёфта, барои сокинону меҳмонон шароити хуби корӣ ва хизматрасонӣ фароҳам мешавад. Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ аз ҷониби ширкати ватании «Баракат» бо арзиши зиёда аз 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар бунёди он 100 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб мешавад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи маркази савдо ва хизматрасонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ширкати ватаниро барои саҳм гузоштан дар ободонии ин гӯшаи диёр муҳим номиданд. Ширкати ватанӣ барои мутобиқсозии иншоот ба талаботи байналмилалӣ корҳои лоиҳакаширо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Таъкид гашт, ки бо назардошти рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва афзоиши шумораи аҳолӣ, бунёди чунин иншооти замонавӣ дар маркази ноҳия муҳим мебошад. Зеро роҳандозии ин тадбир имкон фароҳам месозад, ки мардум аз хизматрасониҳои муосир ба таври васеъ истифода намоянд.
Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тезондани корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар, ки ҳоло ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия идома доранд, дода шуданд.