![]()
![]()
25-уми апрел дар ноҳияи Данғара Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар семоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ шуд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои ҷойдоштаро баррасӣ карда, барои ислоҳи онҳо дар назди масъулони шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Масъалаҳои дарёфти захираву имкониятҳои нав ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи вилоят ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои он низ матраҳ гардид.
Гуфта шуд, ки дар вилоят ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дошта, ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода супурда шуданд. Дар маҷмуъ, нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилоят то имрӯз 112 фоиз, яъне барзиёд, иҷро гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди беш аз 7000 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят самараи заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланди вилоят ва соҳибкорони ватандӯст арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлон, бахусус соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд, миннатдории самимӣ изҳор доштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифа гузоштанд, ки бо истифодаи пурраи имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба корҳои ободониву бунёдкорӣ суръати бештар бахшида, то охири соли равон ба истифода додани боз садҳо иншооти нави ҷашниро таъмин намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Дар ҷараёни сафари навбатии корӣ мо дар шаҳри Норак агрегати ҳафтуми Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор додем, ки ин раванд идомаи мантиқии корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ мебошад».
Зимни мулоқот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодии вилоятро таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти вилоят дар семоҳаи якуми соли 2026 ба 7 миллиарду 208 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз афзудааст. Вале, ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин суръати рушд ва саҳми вилоят дар иқтисоди миллӣ, бо дарназардошти имкониятҳои бузурги иқтисодии вилояти Хатлон, ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки бо истифодаи иқтидорҳои мавҷуда суръати рушди иқтисодӣ, бахусус дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот, боз ҳам тақвият дода шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор маънидод намуданд. Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки истифодаи самараноки ҳамаи имкониятҳои мавҷударо таъмин сохта, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои кор, рушди истеҳсолот ва афзоиши содиротро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи иҷрои пурраву саривақтии нақшаи даромадҳои буҷет ва таҳкими интизоми андозро баррасӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти андоз ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нақшаи даромадҳои буҷет, тавсеаи заминаи андозбандӣ, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии андозҳо ва коҳиш додани бақияи қарзи андоз тадбирҳои қатъӣ ва муассир андешанд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки назорат аз болои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тақвият ёфта, интизоми андоз дар ҳамаи сатҳҳо таъмин ва истифодаи воситаҳои рақамикунонӣ барои шаффофият ва самаранокии маъмурикунонии андоз васеъ гардонда шавад.
Дар семоҳаи якуми соли равон ҳаҷми қарзи аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолии вилоят додашуда 1 миллиарду 790 миллион сомониро ташкил дода, 21 фоиз афзоиш ёфтааст. Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш гирифтанд, ки ҳаҷми қарздиҳиро ба бахшҳои истеҳсолӣ, бахусус саноат ва кишоварзӣ, ба таври назаррас зиёд карда, ҷалби пасандозҳои аҳолиро боз ҳам тақвият диҳанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро барои дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ, махсусан дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамаи бахшҳо, бахусус дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, вазифадор намуданд.
Роҳбарияти вилоят ва дигар сохторҳои марбута вазифадор гаштанд, ки барномаи мушаххаси рушди иқтисоди рақамиро таҳия ва татбиқ карда, рушди инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла дастрасии фарогир ба интернети баландсуръатро дар тамоми ҳудуди вилоят таъмин созанд. Ҳамчунин, зарур шумурда шуд, ки низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ гардида, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ вусъат дода шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби сармоя ба соҳаи технологияҳои рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ ва савдо, ҳамчунин, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши рақамии аҳолӣ андешидани чораҳои муассирро таъкид карданд.
Дар соҳаи саноат ба масъалаи барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба рушди саноати коркард, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Барои бартарафнамоии мушкилоти соҳаи энергетика татбиқи саривақтии лоиҳаҳо дар самти коҳиш додани талафоти неруи барқ зарур шумурда шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи масъулонро ба рафъсозии камбудиҳо дар самти истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда ҷалб намуданд. Супориш дода шуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни аҳолӣ ва корхонаҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ тақвият дода шавад. Гуфта шуд, ки моҳҳои январ – марти соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон ба 1 миллиарду 240 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 фоиз беш аст. Мақомоти марбута супориш гирифтанд, ки сохтори содирот ба таври куллӣ такмил ёфта, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки содиротӣ, бахусус дар соҳаҳои саноати коркард ва кишоварзӣ, васеъ ба роҳ монда шавад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, вазъи ҷалби сармоя, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ аз масъулони соҳа истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об тақозо гардид. Дар ин замина, супориш дода шуд, ки баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рушди пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ таъмин шавад. Масъалаи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ махсус таъкид гашт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини шуғли аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии мардумро аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ маънидод намуда, аз роҳбарони ҳамаи сатҳҳо фаъолияти ҷиддиву самарабахшро талаб карданд.
Дар соҳаи маориф ба масъалаи мутобиқнамоии имкониятҳои мавҷудаи инфрасохтори таълимӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони баландихтисос ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки солҳои охир дар соҳаи тандурустӣ низ сарфи назар аз корҳои назарраси анҷомдодашуда, дар самти бунёду таъмири муассисаҳо як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои бартараф кардани камбудиҳо дар соҳаҳои муҳими маориф ва тандурустӣ дастуру супоришҳо доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои бузурги вилояти Хатлон дар самти рушди сайёҳӣ, зарур шумурданд, ки ба масъалаи бунёди иншооти сайёҳӣ, таъмиру таҷдиди иншооти мавҷуда ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ҳамчунин, вазъи риояи қонунҳову тартибот ва мубориза бо ҷинояткорӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда ва бартараф намудани камбудиҳо муҳокима шуд.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, тозагиву озодагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро тақозои замон номиданд. Зарур шумурда шуд, ки ҳар як оила, ҳар як маҳалла ва ҳар як шаҳру ноҳия барои тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ободии кӯчаву маҳалҳо ва муҳити атроф саҳми арзандаи худро гузоранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Фароҳам овардани шароит барои таълими фарзандон, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омодасозии ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа – ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд, бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошта бошад».
Баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.