Баргашт Чоп кардан

ДАНҒАРА ДАР ОСТОНАИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. СОЗАНДАГӢ АЗ МЕҲРИ ВАТАН ҶӮШ МЕЗАНАД


Имрӯзҳо ба шарофати меҳнати сарҷамъонаи мардуми ноҳия дар роҳи ободу зебо гардондани макони зисти худ аз роҳу мактаб сар карда, то корхонаву боғу гулгаштҳо симои бисёре аз деҳоти он ба куллӣ дигаргун гаштааст. Сокинони баору нанги ҳар деҳа заҳмати шабонарӯзӣ кашида, корҳоеро анҷом додаанд, ки аз диданашон кас ҳаловат мебарад. То Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, дар маҷмуъ, бунёди 165 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ дар нақша буд, аммо бо иродаву талоши соҳибкорону сокинони бонанги ноҳия, аллакай, 530 иншоот бунёд шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст. Сохтмони 48 иншооти дигар идома дошта, дар назар аст, ки боз 30 иншооти навбунёд дар арафаи Ҷашни миллӣ ба истифода дода шавад.


САРҶАМЪИИ МАРДУМ ДАР РОҲИ ОБОДӢ
Ба иттилои Наврӯз Раҳмонов, сармеъмори ноҳия, иншооти бунёдшуда беш аз 320 дарсади нақшаро ташкил медиҳад, ки далолат ба саҳмгузории бесобиқаи соҳибкорону сокинон дар иҷрои корҳои ободонию созандагист.
– Аз рӯзҳои аввале, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз ёфтанд, мардуми меҳнатқарини ноҳия низ вориди майдони созандагӣ гардида, дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Аллакай, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша дар марказу деҳоти ноҳия иншооти замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоту дорои шароити беҳтарин дари худро ба рӯйи мардум боз карданд. Бунёди муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи умумӣ, боғчаҳои бачагона, беморхонаву марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхона, меҳмонхонаю нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, хобгоҳу биноҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонию савдо дар гӯшаю канори ноҳия туҳфаи фарзандони бошарафи он ба истиқболи ин Ҷашни бузурги миллӣ мебошад, – иттилоъ дод Наврӯз Раҳмонов.


САЙРУ ТАМОШО ДАР КӮЧАҲОИ ОБОДУ ГУЛПӮШ
Воқеан, он чи ҳангоми сайру тамошо дар кӯчаҳои маркази ноҳия ва деҳоти он ба назар мерасад, гуфтаҳои болоро собит месозанд, ки чи қадар корҳои созандагии нодир анҷом ёфтаанд. Махсусан, кӯчаю роҳҳои асфалтпӯшу чароғон, боғҳои зебои фароғатӣ, биноҳои хуштарҳу замонавии маъмурию ҷамъиятӣ, иншооти истироҳатӣ, хизматрасонӣ ва марказҳои фарҳангӣ дар ноҳия мушоҳида мешаванд, ки самари иқдомҳои пешгирифтаи мардуми ноҳия, бахусус соҳибкорони он, дар партави сиёсати созандагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ин радиф, ҳамчунин, ба хотири рушди варзиши деҳот ва ба ин васила, беҳтар намудани инкишофи руҳию ҷисмонии насли наврас, то ки аз ҳар гуна кирдорҳои номатлубу зараровар дар канор бимонанд, 15 майдончаи варзиш, майдони бозии кӯдакон, толори варзиш ва ҳавзи шиноварӣ сохтаву ба ихтиёри сокинон гузошта шуд.
Мардуми заҳматкаш, ҳамзамон, бо дастгирии соҳибкорон ва саҳмгузории дастаҷамъона барои ободонии роҳу пулҳо, бунёди обанборҳо, кашидани хатҳои оби ошомиданиву обпартоҳо, кандани чоҳҳои амудӣ камари ҳиммат баставу заҳмати шабонарӯзӣ пеша карданд, ки самари талошҳояшонро кас бо чашми сар дида, ҳаловат мебарад. Дар як муддати кӯтоҳ дар деҳаҳое, ки қаблан аз вайронии роҳу пулҳо ва норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, сокинон соҳиби роҳҳои асфалтпӯшу чароғон, пулҳои мустаҳкам ва обанборҳову хатҳои об гардиданд. То имрӯз, дар маҷмуъ, аз ҳисоби мардум ва манбаъҳои дигар 4 обанбори калонҳаҷм, 37 нуқтаи оби ошомиданиву канализатсия, 17 пул сохта ва ё таъмир гардида, 21 чоҳи амудӣ канда шудааст. Инчунин, 88 километр роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯшу бетонпӯш гашта, 15 километри он чароғон шудааст. Ҳамзамон, ба масофаи 55 километр хатти нави барқ кашида шуда, 75 зеристгоҳи барқии пуриқтидори замонавӣ дар маҳалҳои сераҳолӣ гузошта шуд, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.


ДЕҲОТ СИМОИ ШАҲРАКРО МЕГИРАД


Сафари мо пас аз дидани маркази ноҳия дар деҳоти Сафобахш идома ёфт. Аҳли ин деҳотро зимни гаштугузор дар кӯчаю гузаргоҳҳои он саргарми корҳои созандагӣ дидем. Суҳбату вохӯриҳоямон перомуни омодагиашон ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз шавқи кор дарак медод. Бошандагони деҳоти Сафобахш аз зумраи мардуми бошарафи ободкор мебошанд, ки натиҷаи ташаббускории онҳо дар бунёди иншооти гуногун бармало мушоҳида мешавад. Танҳо дар деҳаи Сафедоб бо азми сокинон муассисаи томактабии замонавии 2-ошёна, ду бунгоҳи тиббӣ, китобхона, обанбор барои таъмини оби ошомидании деҳа сохта шуда, 11 километр роҳ асфалтпӯш гаштааст.


Баҳодур Давлатов, мутасаддии корҳои сохтмонӣ дар бунёди муассисаи замонавии томактабии деҳа, моро бо иншооти мазкур шинос намуда, доир ба иқдоми неки соҳибкорони деҳа чунин иттилоъ дод:
– Бошандагони деҳаи Сафедоб моҳи феврали 2025 ба сохтани як бинои замонавии таълимӣ ташаббус пеш гирифтанд, ки бо дастгирии соҳибкорон, ба бунёди боғчаи бачагонаи дуошёна муваффақ гардиданд. Аллакай, 90 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, танҳо корҳои рангуборкунӣ боқӣ мондаанд. Боғча аз 8 синфхонаи таълимӣ, 8 ҳуҷраи хоб, ошхонаю ҳуҷраҳои корӣ, майдони бозӣ ва ошхона иборат аст. Илова бар ин, дар шафати боғча барои мураббиён хобгоҳ бунёд ёфтааст. Ҳамзамон, дар назди МТМУ №10 ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони деҳа майдони замонавии футболи хурд сохта шуда истодааст.
Директори МТМУ №10 Сиёвуш Давлатзода, ибтикори аҳли деҳаро аз баракати ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат медонад:
– Аз он шукр мекунам, ки дар кишвари соҳибистиқлол ба сар бурда, шоҳиди созандагиҳои бемисл мегардам. Танҳо дар деҳаи мо бо иқдоми соҳибкорон ба муносибати Ҷашни дарпешистодаи миллӣ 11 километр роҳ асфалтпӯш гардид ва дар назар аст, ки 6 километр роҳи дигар низ таъмир шавад. Баробари ин, обанбори калонҳаҷм барои таъмини оби ошомидании сокинон сохта шуд ва мушкилоти танқисӣ аз обро бартараф намуд. Дар ин қатор дар деҳаи мазкур бо ёрии шахсони саховатпеша, аллакай, ду бунгоҳи тиббӣ бунёд ёфт ва сохтмони бунгоҳи сеюм ҳам оғоз меёбад.
Инчунин, баҳри нигоҳдории 200 тонна меваю сабзавот сардхонаи замонавӣ сохта шуд, ки айни ҳол дар хидмати мардум қарор дорад. Ба хотири баланд бардоштани завқи китобхонии аҳолии деҳа китобхонаи замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст.


ДЕҲАИ БАҲОР. АРЗИ СИПОСИ ТАБИБОН БА РОҲБАРИ ДАВЛАТ
Сайфиддин Ҳакимов, корманди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Баҳори ноҳия, бо изҳори сипос аз дастгирии пайвастаи Сарвари давлат чунин изҳор дошт:
– Мо – бошандагони деҳаи Баҳор, аз он хушнудем, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуда, ба ҷараёни созандагиҳо дар тамоми қаламрави мамлакат вусъати тоза бахшиданд. Аз ҷумла, дар деҳаи мо бинои нави бунгоҳи тиббӣ қомат афрохт, ки шароити кори табибонро боз ҳам беҳтар намуд. Қаблан мо – духтурон дар бинои якҳуҷрагии куҳна кор мекардем, ки барои хизмати саривақтии тиббӣ расондан чандон мусоид набуд. Ҳоло бо иқдоми соҳибкорон ва нафарони накукор соҳиби бинои нави замонавӣ гардидем. Ман аз номи худ ва аҳли кормандони бунгоҳи тиббии деҳаи Баҳор ба Пешвои миллат ҷиҳати чунин ғамхорӣ нисбат ба табибон миннатдории самимӣ изҳор медорам.
Ба иттилои Хатлон Шарифзода, раиси Ҷамоати деҳоти Сафобахш, тақрибан 90 дарсади иншооти ҷашнӣ бо дастгирии соҳибкорон бунёд ёфтааст.


ДЕҲОТИ КОРЕЗ. БУНЁДИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ АСТ
Дар деҳоти Корез созандагиҳо вусъати тоза доранд.
Ҷӯрахон Қазоқов, масъули пешбурди корҳои тарғиботии деҳот, изҳор дошт, ки ба муносибати пешвози сазовори Ҷашни миллӣ дар ин ҷо бунёди 42 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки 37-тои он, аллакай, сохта, ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 маркази саломатӣ, меҳмонхона ва муассисаи томактабӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аксари иншооти ҷашнӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорони деҳот сохта шудаанд. Ҳамзамон, дар ин радиф 3,5 километр роҳи маҳаллӣ бо саҳми соҳибкорон бунёд ёфт.
Дар деҳоти Корез мо бо як қатор иншооти бунёдшаванда аз ҷониби соҳибкорон шинос шудем, ки сохтмони бештари онҳо дар ҳоли анҷомёбӣ мебошад.


Ташрифулло Саъдуллоев,
Кароматулло АТО,
Душанбе – Данғара – Душанбе