ТАМОШОИ ТОҶИКИСТОН
Тамошо кардаам бас солҳо бо чашми боронӣ,
Бар он чи мекашад бошандаи тоҷику эронӣ.
Ҳакими Тӯс – Фирдавсӣ хирадро раҳнамошон кард,
Вале ҷаҳлу хурофа бурдашон сӯйи парешонӣ.
Чиҳил сол аст ман дилхаставу овора мегардам,
Агарчи зистам ҳар ҷо ба ҳолу шаъни инсонӣ.
Ватан фарҳанги наврӯзиву ин дурри дарӣ бошад,
Вале беҳамзабонӣ кай куҷо бигрифт дармоне?!
Шудам дар мулки тоҷикону фарҳанги куҳан дидам –
Гаронқадру дурахшон аст чун лаъли бадахшонӣ.
Муруре гарчи кӯтаҳ карда дар дидори тоҷикон,
Шукуфо дидаам ман он куҳанфарҳанги эронӣ.
Нишони Ҷашни Наврӯзу паёми Курушу Зардушт,
Намоёну фаровон аст дар ин даври Раҳмонӣ.
Намедонӣ чаро? Шояд туӣ дар гуфтаи Ҳофиз:
"Набинад чашми номаҳрам хусус асрори пинҳонӣ".
Гушуда бахти тоҷикон дар ин роз аст мегӯям:
Бувад Раҳмон Раиси садр зи Исмоили Сомонӣ.
ДАР БОРГОҲИ РӮДАКӢ
Гӯри ороме ба зери осмон
Шуҳраташ аммо ба ҳар сӯйи ҷаҳон.
Шоиру хонандаву устоди соз,
Ӯ ба таърихи ҳунар бас сарфароз.
Рӯдакӣ фарзонагиҳо гуфтааст,
Вожагони порсиро суфтааст.
Дар ҷаҳон то ҳаст тоҷикисухан,
Рӯдакӣ номаш чу нуқли анҷуман.
Хиштҳои аввали “кохи баланд”*,
Боду боронаш намеорад газанд;
Ӯ ниҳод, Фирдавсияш бар арш бурд,
Роҳи устодаш ба некуӣ супурд.
Базри шеъри порсӣ аз Рӯдакист,
Рамзи номироии ҳар ду якест.
Ҳар кӣ орад бар забон лафзи дарӣ,
Нек донад Рӯдакиро сарварӣ!
Каюмарс БОҒБОНӢ,
шоир ва пажӯҳишгар, зодаи шаҳри
Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон,
сокини кишвари Финляндия