![]()
Ҷӯрабеки Муъмин аз камшумортарин муаллифони мо буд, ки робитаву ҳамкории худро то вопасин нафас бо “Ҷумҳурият” наканд. Ҳамагӣ 7 рӯз пеш шеъри нави худро бо номи “Хандаи Наврӯз” ба суроғаи рӯзнома фиристод, ки ҳамин гуна мисраъҳо дорад:
Наврӯз ҷаҳонгир шуда аз Ватани мо,
Атри нафасаш паҳн шуда аз чамани мо.
Машъал шуда дашту даман аз лолаи сурхаш,
Ҷамшед фуруд омада дар анҷумани мо.
Азбаски шумораи телефони моро намеёбад, ба дӯсти дерини худ, корманди идора Раҷабалӣ Исматуллоев занг мезанаду аз бемории худ ва шеъри нави хеш мегӯяд. Устод Раҷабалӣ омада, паёми шоирро расондаву супурдани шеъри нави ӯро барои чоп хоҳиш кард. Гуфтам, ки, аллакай, супурдаам ва шояд дар кӯтоҳтарин фурсат чоп шавад.
Инчунин, мақолаи дигараш ҳам дар бораи НБО “Роғун” дар дасти чоп аст. Ин аст садоқати як тан ҷавонмард ба коғазу қалам, ки то охирин лаҳзаҳои ҳаёт аз навиштану эҷод бознаистод ҳатто дар рӯзҳои беморӣ ҳам Меҳан ва арзишҳои фарҳангии онро ситоиш намуд. Чунин сидқу сафои Ҷӯрабеки Муъмин барои мо – ҷавонон омӯзанда аст.
Шоми гузашта Сайрам Бақозода, рӯзноманигори шинохта дар саҳифаи худ хабар гузошт, ки Ҷӯрабек Муъмин пас аз бемории кӯтоҳмуддат аз ҷаҳон гузашт. Ростӣ, бисёр дилхун шудем. Ӯ ба шаҳри Душанбе маҳз ба дидори рӯзноманигорони идораи мо меомад. Ҳамкорияш бо мо, бино ба навиштаи худаш, таърихи 53-сола дошт. Ҳатто дар мақолаи “Ҳаққи қалами “Ҷумҳурият” ширин аст” (15.3.2025, № 56) навишта буд: “Бо пешниҳоду чопи матолибам таҳти рубрикаи “Проблема ва мулоҳиза” дар “Ҷумҳурият” соли 1996 сазовори унвони Журналисти шоистаи Тоҷикистон (баъдтар ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон табдил ёфт) гардидам”.
Мақолаҳои публитсистии ӯ аз саҳифаҳои рӯзнома ба чандин китобҳои чопкардаи “Ҷумҳурият” ҳам роҳ ёфтаанд, ки кирои сутудан ҳастанд.
Ӯ як инсони хоксору заминӣ, шоири хубу самимӣ ва, аз ҳама муҳим, дар муҳити ноҳияи Файзобод ва шаҳру ноҳияҳои гирду бари он устоди сухан шинохта мешуд. Қариб барои ҳама хомакашони то панҷоҳсолаи Файзобод ҳаққи устодӣ дошт. Дар замони сармуҳаррири ҳафтаномаи маҳаллии “Набзи Файзобод” буданаш, дасти қариб ҳама аҳли эҷодро мегирифт, аз назокатҳои таҳрир ва кори мураккаби рӯзноманигориву шоирӣ сабақҳо медод. Ба китобҳои қаламкашони ҷавон сарсухан менавишт, дуо медод ва аввалин чакидаҳои хомаи онҳоро дар нашрияҳои гуногун чоп мекард.
Ҳамзамон, Ҷӯрабеки Муъмин барои рӯшан кардани таърихи дерини диёри Файзобод, ки дар замонҳои рафта чун Вашгирд ному овоза дошт, чандин китобҳои хубу хонданӣ ба нашр расондааст. Дар ин росто, ӯро донандаи хуби таърихи зодгоҳи хеш меҳисобиданд. Маслиҳату машварати ӯро қариб ҳама масъулони ҷамъиятиву хидматчиёни давлатӣ ғанимат медонистанд. Касе чун ӯ ҳама гӯшаву канор, боду ҳаво, ёдгориҳои таърихӣ ва шахсиятҳои номошнои Файзободро намедонисту намешинохт.
Даргузашти чунин шахси фозилу оқил ва шоири ширинкалом барои хешу пайвандон ва ҷомеаи рӯзноманигорону адибони тоҷик талафоти ҷуброннопазир аст. Ёду ёдгораш гиромӣ бод!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
АЗ ИДОРА:
Роҳбарият ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз даргузашти ду корманд ва як ҳамкори содиқи ин нашрияи ҳувиятсоз сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони эшон ҳамдардӣ ва изҳори тасаллият менамоянд.
Номи ин се қаламкаши мумтоз бо навиштаҳои мондагорашон дар таърихи матбуоти тоҷик ва дар қалби ҳампешагон то ҷовидонӣ маҳфуз хоҳад монд.