
Дар шаҳри Ҳисор, агар гӯем, ки деҳоти Навобод дар ҷараёни корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешсаф аст, муҳобот намешавад. Бо ин далел, ки давоми соли 2025-ум ва чор моҳи соли равон дар ин деҳот чандин иқдомҳои ободонию бунёдкорӣ, аз қабили асфалтпӯш ва бетонпӯш кардани роҳҳои деҳаҳои Лолагӣ, Обигармӣ, Ҳуҷум, Мавлонҷар, Чуқурак, Шопур, Ситора, Ғӯриёт, Себистон ва Ойбошу Файзбахш, сохтмони бинои мактабу синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Кӯҳон, Ситора, Чуқурак, Мавлонҷар, Навобод, Себистон, Лолагӣ, даҳҳо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бунгоҳи тиббиву толорҳои варзишро роҳандозӣ намудаанд.
Чанде пеш раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода дар деҳаи Себистони деҳоти Навобод дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинон иштирок карда, чун рамзи эҳтиром ба мардуми бунёдкор дар чидани хишт шарикӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки деҳа то имрӯз мактаб надошт ва хонандагон ба деҳаҳои атроф, ки 2-3 километр дур мебошанд, барои таҳсил мерафтанд.
Сохтмони муассисаи дуошёна, ки барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо мусоидат ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор чор моҳ қабл бо иштироки раиси шаҳр ва бо дуои пирони кор оғоз гардида буд. Айни замон сохтмони ошёнаи якуми бино анҷом ёфта, корҳои хиштчинӣ дар ошёнаи дуюм идома доранд.
Раиси шаҳр аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноат карда, ба масъулон барои ҳарчи зудтар дастрас намудани хишти боқимонда супориш дод.
Фаъолони деҳа аз дастгириҳо изҳори хушҳолӣ карданд ва бо ҳидояти раиси шаҳр тасмим гирифтанд, ки баъд аз анҷоми сохтмони мактаб, ки дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар дошта шудааст, ба бунёди як муассисаи замонавии томактабӣ иқдом намоянд.
Сипас, Ҷаббор Носирзода дар деҳаи Чуқураки деҳоти Навобод бо ҷараёни кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагии деҳқонии “Ҳайдар Миров” шинос шуда, ба механизаторон барои кишти босифат маслиҳату тавсияҳои судманд дод ва барои иҷрои нақшаи кишт, ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ба онҳо барору муваффақият орзу намуд.
Аснои боздид аз сардхонаи хусусии сокини деҳаи Ҳуҷуми деҳоти Навобод соҳибкор Акмал Соҳибов, ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки сардхона бо ғунҷоиши 800 тонна маҳсулот дар як вақт фаъолият дошта, айни ҳол дар он сабзӣ захира шудааст. Ҳамчунин, Ҷаббор Носирзода дар шафати сардхона бо шароити ду гармхонаи соҳибкор, ки дар онҳо лимӯ парвариш меёбад, шинос гардид.
Ҳайати меҳмонон, инчунин, дар деҳаи Лолагӣ бо рафти сохтмони бинои иловагии мактаб дар назди МТМУ №35, ки бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд мешавад, шинос гардиданд. Бино дуошёна буда, дорои 14 синфхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва маҷлисгоҳ мебошад. Бино дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Раиси шаҳри Ҳисор пас аз анҷоми боздид аз корҳои ободониву созандагӣ ва кишоварзӣ дар деҳоти Навобод бо фаъолон мулоқот намуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»