Табиат барои инсоният сарчашмаи асосии ҳаёт ва пешрафт мебошад. Ҳамаи неъматҳое, ки башар барои зиндагӣ истифода мебарад, аз табиат гирифта мешаванд. Дар байни ин сарватҳои бебаҳои табиат пиряхҳо мавқеи махсус доранд. Онҳо на танҳо як қисми зебоии табиат, балки манбаи асосии оби ширини сайёра ва кафолати зиндагии миллионҳо одамон ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз инсоният бо мушкилоти ҷиддии экологӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ ва таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист боиси обшавии бесобиқаи пиряхҳо шудааст. Агар ин раванд идома ёбад, дар оянда башарият метавонад бо мушкилоти бузурги норасоии об, афзоиши офатҳои табиӣ ва ноустувории экологӣ рӯ ба рӯ гардад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо на танҳо масъалаи экологӣ, балки масъалаи ҳаёт ва ояндаи тамоми инсоният мебошад.
Бо назардошти ин, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ яке аз кишварҳои фаъол дар масъалаи ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳои муҳими байналмилалӣ қабул гардидаанд: аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) 21-уми март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, таъсиси Бунёди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо, Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025 – 2034. Ин ташаббусҳо ба баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об равона шудаанд.
Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 қабул шудааст. Ин Стратегия ба мутобиқсозии иқтисодиёт ва низоми иҷтимоӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об равона шудааст. Дар доираи Стратегия, Тоҷикистон чораҳо меандешад, то таъсири обшавии пиряхҳо ба кишоварзӣ, энергетика ва ҳаёти аҳолӣ кам карда шавад.
Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 низ ба ҷавонон ва аҳолӣ сатҳи баландтарини огоҳиро оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла пиряхҳо, фароҳам овардааст. Ин Барнома таълим ва маърифати экологиро барои тарбияи насли масъули экологии кишвар дар бар мегирад ва ҷавононро ҷалб мекунад, то дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об саҳмгузор бошанд. Илова бар ин, солҳои 2020 – 2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидааст. Ин Бистсола ба рушди илм, таҳқиқоти экологӣ ва иқлимшиносӣ равона шудааст, ки дар баробари дигар масоил, омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои обшавии онҳоро низ дар бар мегирад.
Ҳамин тавр, ҳифзи пиряхҳо яке аз масъалаҳои глобалӣ ва стратегӣ барои Тоҷикистон ва ҷаҳон мебошад. Пиряхҳо на танҳо захираи оби тозаи минтақа, балки омили муҳими таъмини зиндагӣ, рушди кишоварзӣ ва энергетика мебошанд.
Бешубҳа, пиряхҳо на танҳо ҷузъи ҷудонашавандаи табиати кӯҳистони мо, балки "набзи" зиндаи сайёра ва мизони адолати байни наслҳо мебошанд. Мо бояд дарк кунем, ки пиряхҳо мисли "ҳисоби амонатӣ"-и мо дар бонки бузурги табиат ҳастанд, агар мо имрӯз ин сарватро бераҳмона ва бо беэътиноӣ сарф кунем, наслҳои оянда бо "суратҳисоби холӣ", ба хушксолии шадид ва ташнагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин амонат ба мо дода шудааст, то онро на танҳо истифода барем, балки барои давомнокии ҳаёт ҳифз намоем.
Ҳифзи пиряхҳо танҳо вазифаи олимон, мутахассисони соҳа ё сиёсатмадорон нест, балки масъулияти ахлоқии ҳар як фарди ҷомеа аст. Ин масъулият аз фарҳанги одии сарфаи об дар хонаводаҳои мо оғоз шуда, то сатҳи баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонони асри нав идома меёбад. Мо бояд ба ин ҳақиқати талх қоил бошем, ки як тонна яхи обшударо бо ягон пули дунё, бо ягон технологияи мураккаби муосир ва бо ягон ваъдаи сиёсӣ дубора барқарор карда намешавад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Пешвои миллат на танҳо ҳамчун иқдомҳои дипломатӣ дар сатҳи СММ, балки ҳамчун як нақшаи наҷоти глобалӣ барои фарзандони худ ва ояндаи тамоми Осиёи Марказӣ мебошад.
Обшавии пиряхҳо сарҳадҳои сиёсиро намешиносад; ин мушкилест, ки ба тамоми сокинони минтақа, аз деҳқони одӣ то саноатчиёни бузург, таъсир мерасонад. Эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалӣ як фурсати таърихӣ ва нуқтаи гардиш аст. Ин иқдомҳо имконият медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ захираҳои молиявию илмиро барои наҷоти криосфера сафарбар кунад ва Тоҷикистон дар ин раванд ҳамчун "лабораторияи зинда"-и омӯзиши иқлим нақши меҳвариро мебозад. Амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ бевосита ба ҳолати пиряхҳои Помир ва Ҳиндукуш вобаста аст. Ҳифзи ин захираҳо маънои пешгирӣ аз низоъҳои эҳтимолии обӣ ва таъмини сулҳу суботи дарозмуддатро дорад. Танҳо тавассути таҳқиқоти дақиқи илмӣ, истифодаи инноватсияҳои муосир, гузариш ба "иқтисоди сабз" ва муттаҳид кардани кӯшишҳои тамоми давлатҳо мо метавонем пеши роҳи фалокати экологиро бигирем. Дар ниҳоят, ҳифзи пиряхҳо на танҳо ҳифзи табиат ё қуллаҳои барфпӯш, балки ҳифзи ҳаёт ва таъмини ҳаққи наслҳои оянда ба зиндагии шоиста мебошад. Мо дар назди таърих масъулем, ки ин ганҷи сафедро ҳамчун мероси зинда ва сарчашмаи ҳаёт барои ҳазорсолаҳои дигар боқӣ гузорем. Ҳифзи пиряхҳо рисолати муқаддаси мо ва калиди ояндаи дурахшони инсоният аст.
Ҳилолабону ТОЛИБӢ,
донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон