Дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Ӯзбекистон, ки дар рӯбарӯйи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бо деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, ҳайатҳои гумруки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқот намуданд.
Зимни он муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва муовини раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Надир Мусамухаммедов масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи гумрукро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои боз ҳам осон намудани ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ, такмили фаъолияти нуқтаҳои гузаргоҳ ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ табодули таҷриба анҷом доданд ва ҳайати Тоҷикистон низоми шиносоиву барасмиятдарории воситаҳои нақлиёт — VIN.TJ-ро, ки аз 16-уми марти соли 2026 мавриди истифода қарор гирифтааст, муаррифӣ намуд.
Намояндагони Ӯзбекистон таҷ-рибаи пешқадами Тоҷикистонро дар ин самт баланд арзёбӣ ва барои густариши ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобиларо дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ боз ҳам тақвият мебахшанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ГУЛИСТОН. САНОАТ: ОҒОЗИ БОБАРОРИ СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛ
Гулистон чун шаҳри муҳими саноатии рушдёфта ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтиву босифати ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, тадбирҳои муассир меандешад, ки самар меоварад.
Бино ба иттилои расмӣ, давоми се моҳи аввали сол корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1 миллиарду 641 миллиону 341,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 417,7 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Қобили зикр аст, ки аз 51 корхонаи саноатии шаҳр 38-тоаш ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 дарсад то 2,4 маротиба зиёд кардаанд, ки ин аз рушди соҳаи саноат дар шаҳр дарак медиҳад.
– Ҳадафи асосии мо дар бахши саноат ноил шудан ба дастовардҳои баланд ва ба таври назаррас афзоиш додани содироти маҳсулот аст, – мегӯяд Илҳом Пӯлотзода, раиси шаҳри Гулистон.
Ҷовиди АШТӢ, рӯзноманигор
СУҒД. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗОН ТАНТАНА ДОШТ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии пешвозгирии сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро бо сари баланд ба анҷом расондаанд, ба роҳ монда шудааст.
Чунин як чорабинии хотирмон таҳти шиори «Истиқболи сарбози шуҷои Ватан» дар шаҳри Бӯстон доир гашт. Дар фазои тантанавӣ сарбоз Қамариддин Ҳасанов дар назди манзили зисташ бо иштироки муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Хусравшоҳ Исмоилзода истиқбол гирифта шуд. Ба сарбози далер барои адои қарзи шаҳрвандӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ба волидайнаш барои тарбияи фарзанди ватандӯст миннатдорӣ баён гардид.
Чунин маросимҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳузури намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Боймурод Муҳиддинов саҳми сарбозонро дар ҳифзи марзу буми Ватан баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ ва нишони садоқат ба давлату миллат мебошад.
Ин иқдомҳо бо мақсади таҳкими руҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳандозӣ гардида, барои тарбияи насли худогоҳу масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ХОРУҒ. АВЛАВИЯТ БА ТАҲКИМИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ СОКИНОН
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ машқҳои васеи мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар он раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерал - лейтенант Бобоҷон Саидзода ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ҳадафи асосӣ санҷиши сатҳи омодагии умумӣ дар ҳолатҳои эҳтимолии ҳарбӣ арзёбӣ гардид.
Ба машқҳо шумораи зиёди сокинони шаҳр, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин, ҷавонони фаъол ҷалб гардида, омодагии низомӣ, малакаҳои амалӣ ва сатҳи тайёрии ҷангии худро нишон доданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин машқҳо барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ аҳамияти калидӣ дорад. Қайд шуд, ки ин тадбирҳо дар заминаи сиёсати давлатии амниятӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон, раиси шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки сокинони шаҳр бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсӣ омодаанд дар ҳама шароит барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи кишвар саҳм гузоранд. Гуфта шуд, ки ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ кафили амнияти пойдори кишвар мебошад.
Ба сатҳи омодагии сокинон ва сатҳи ташкилии чорабинӣ баҳои баланд доданд ва изҳори бовар карда шуд, ки чунин машқҳо ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти мудофиавии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”