Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН: СУЛҲ МЕҲВАРИ СИЁСАТ


Тоҷикистони ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз оғози истиқлоли давлатӣ сиёсати “дарҳои кушода” дӯстона ва боадолатро азм карда, бо тамоми давлатҳо ва шарикони стратегии худ муносибати некро ба роҳ монд ва татбиқи босамари ин сиёсати инсондӯстонаро ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор медиҳад.
Агар ба таърихи давлатдории навини тоҷикон назар андозем, ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли 1992 “Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардид. Мақсад аз қабули қарори мазкур ҳимояти сулҳу ваҳдати мардуми кишвар буд, ки дучори фитнаи бадхоҳони миллат гардида, дар ҳоли парешонӣ ва бадбахтӣ қарор доштанд. Дар ҳамон давра зуҳури шахсияти покдилу поктинат ва хирадманду фарзона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати тоҷикон дар ҳаёти мардуми сарсону ҳаросон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд овард.
Дилу нияти пок, талошу ташаббусҳои пайгирона, хиради азалӣ, донишу малака, ниятҳои неки сулҳдӯстонаву мардумпарварона, ҳисси баланди худшиносии миллӣ Президенти маҳбуби моро ба мақсаду ниятҳои некашон расонд ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун узви ҷудонопазири худ ва ҳоло ҳамчун ташаббускори сатҳи байналмилалӣ эътироф кард.
Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, чун Кофе Анан, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Ян Кубиш, Муҳаммад Навоз Шариф, Кочерил Раман Нараянан, Аҳмадшоҳи Масъуд ва даҳҳо сиёсатмадорони бонуфузи дигар ба таълимоти сиёсии сулҳофаринии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир, чун намои сулҳу оштӣ ва модели оштии мухолифон таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯзанда ва нақши меъмори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ин гуна арзёбӣ карда буд: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат сабақи беназир дорад ва дар ин раванд нақши Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст”.
Сиёсати “дарҳои кушода”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҳсоси волои мардумпарварӣ, дӯстӣ, сулҳхоҳӣ ободкориву созандагии Пешвои миллат сарчашма мегирад, ки ҳамчун як мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳомез амал карда, натиҷаҳои зарурӣ дод ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муқаррар кард.
Мардуми сулҳпарвару адолатхоҳи кишвар хизматҳои бузургу шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамарӯзу ҳамасоат мебинанд, мушоҳида мекунанд ва ба номи шарифу шоҳкориҳои мондагорашон арҷ мегузоранд.
Ҷангу даргириҳои ҷаҳони имрӯза, низоъҳои мусаллаҳона, сарвату ҷаҳонхоҳии баъзе сарварони беандеша вазъи амнияти инсониятро хатарзо гардонда, дар чунин вазъи ногувор сулҳи сартосарӣ наҷоти сайёра ва аҳли башар дониста мешавад. Аз ин хотир, 24-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, ки қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад, ки ҳадафи он таъмини сулҳу ваҳдат ва ояндаи бехатари бани одам мебошад.
Пешвои миллат дар иртибот ба ин пешниҳод чунин зикр намуда буданд: “Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем”.
Итминон дорем, ки дар вазъи бисёр печидаи ҷаҳони имрӯз ба ташаббуси навбатии кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ бархӯрди оқилона сурат мегирад, зеро он ба суботи рӯзгори аҳли башар нигаронда шудааст.


Сурайё ҲАЙДАРЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология