Баргашт Чоп кардан

ҲАНӮЗ, КИ ИМКОН ҲАСТ...


Соли 2050.
Толори суд пур аз сукут аст. На овози одамон, балки хомӯшии табиат. Деворҳо бо харитаҳои кӯҳҳои барфпӯши ҷаҳон оро ёфтаанд, вале дар аксари онҳо сафедии пиряхҳо, аллакай, камранг шудааст. Дар курсии даъвогар – пиряхҳо. Сафед, вале заиф. Онҳо дигар мисли пеш қудратманд нестанд. Судя, ки рамзи адолати табиат аст, оромона мегӯяд: «Парвандаи №1: Пиряхҳо бар зидди инсоният».
Айбдоршаванда – тамоми башарият.
Дар ин сукути вазнин гӯё худи табиат сухан мегӯяд. Сухане, ки бо садо не, балки бо обшавии пиряхҳо, бо кам шудани захираҳои об ва бо тағйирёбии иқлим ифода меёбад. Дар даҳсолаҳои охир ҳарорати миёнаи Замин, тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, зиёда аз 1,1 дараҷа баланд шудааст. Барои инсони одӣ ин рақам метавонад ночиз намояд, аммо барои табиат ин оғози тағйироти амиқ аст. Пиряхҳо, ки ҳазорсолаҳо ҳамчун сарчашмаи устувори об хидмат мекарданд, имрӯз босуръат об мешаванд. Олимон ҳушдор медиҳанд, ки агар ин раванд идома ёбад, қисми зиёди пиряхҳои ҷаҳон метавонанд дар даҳсолаҳои наздик аз байн раванд. Тоҷикистон, ки дар қаламрави он зиёда аз 13 ҳазор пирях ҷойгир аст, ин равандро равшан эҳсос мекунад. Гузашта аз ин, беш аз 60 фоизи пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз дар ҳудуди кишвари мо қарор доранд. Аммо дар чанд даҳсолаи охир садҳо ва ҳатто ҳазорҳо пирях нобуд шудаанд. Пиряхи Федченко, ки яке аз калонтарин пиряхҳои қитъавии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, низ тадриҷан коҳиш меёбад. Ин дигар танҳо як тағйироти табиӣ нест, ин огоҳии ҷиддӣ барои инсоният аст.
Савол ногузир ба миён меояд: кӣ гунаҳгор аст? Оё табиат худ ба худ ба ин ҳолат расидааст ё инсон сабаби аслии он мебошад?
Далелҳо равшананд. Партоби газҳои гулхонаӣ, истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои табиӣ ва рушди беандешонаи саноат мувозинати табиатро вайрон кардааст. Инсон табиатро танҳо ҳамчун манбаи истеъмол қабул кард ва фаромӯш намуд, ки худ қисми ҷудонашавандаи он аст. Аммо дар ин мурофиа як овози дигар низ баланд мешавад – овози ҳимоятгар. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳомии фаъоли ҳифзи пиряхҳо баромад мекунад. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи пиряхҳо ва об ба яке аз мавзуъҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо як иқдоми таърихӣ мебошад, ки аҳамияти ин масъалаи глобалиро таъкид мекунад. Ҳамзамон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба ҳамгироии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об равона шудааст. Илова бар ин, Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025 – 2034 имконият медиҳад, ки омӯзиши илмии пиряхҳо ба сатҳи нав бардошта шавад. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки бо дарназардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон зарур аст, ки якҷо бо шарикони рушд ва муассисаҳои илмӣ экспедитсияҳои фарогири омӯзиши пиряхҳо ташкил карда шуда, дар кишвар озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳод на танҳо аҳамияти илмӣ дорад, балки метавонад ба таҳияи роҳҳои мушаххаси ҳифзи пиряхҳо мусоидат намояд.
Имрӯз илму технология низ ба ҳифзи пиряхҳо ворид мегардад. Аз ҷумла, истифодаи зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки ҳолати пиряхҳо дақиқтар назорат карда шавад. Бо ёрии додаҳои моҳвораӣ ва алгоритмҳои муосир олимон метавонанд суръати обшавии пиряхҳоро пешгӯйӣ кунанд, тағйироти иқлимиро таҳлил намоянд ва ҳатто хатари офатҳои табииро пешакӣ муайян созанд. Зеҳни сунъӣ ба як абзори муҳим табдил ёфтааст, ки метавонад дар қабули қарорҳои дуруст ва саривақтӣ нақши калидӣ бозад. Дар сатҳи миллӣ низ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 ба коҳиш додани таъсири манфии иқлим ва мутобиқ намудани соҳаҳои гуногуни иқтисод ба шароити нав равона гардидааст. Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021 – 2025 ба баланд бардоштани сатҳи шуури экологӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамзамон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 – 2040 заминаи муҳими рушди илм ва таҳқиқоти муосирро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин талошҳо, масъулият танҳо бар дӯши давлат нест. Ҳар як инсон бояд дарк намояд, ки ояндаи пиряхҳо ба рафтори имрӯзаи ӯ вобаста аст. Гузариш ба «иқтисоди сабз», истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат қадамҳои муҳим дар роҳи ҳалли ин мушкилот мебошанд. Агар инсоният имрӯз амал накунад, пайомадҳо ногузир хоҳанд буд. Кам шудани захираҳои об, мушкилоти кишоварзӣ, коҳиши истеҳсоли неруи барқ ва афзоиши буҳронҳои иҷтимоӣ метавонанд ба воқеияти наздик табдил ёбанд. Дар чунин шароит ҳатто ҳуқуқи асосии инсон – ҳуқуқ ба ҳаёт зери таҳдид қарор мегирад.
Судя аз ҷой бармехезад. Толор ба сукути амиқ фурӯ меравад.
«Инсоният гунаҳгор дониста мешавад…». Лаҳзае таваққуф.
«Аммо ҳукм ба таъхир гузошта мешавад».
Ин таъхир имконият аст. Имконият барои ислоҳи хатоҳо. Имконият барои тағйири муносибат ба табиат. Имконият барои ҳифзи пиряхҳо ва, дар асл, ҳифзи ояндаи худ. Пиряхҳо танҳо ях нестанд. Онҳо сарчашмаи ҳаёт, кафили оби тоза ва оинаи виҷдони инсониятанд. Онҳо имрӯз бо обшавии худ ба мо ҳушдор медиҳанд.
Савол ин аст: оё мо ин ҳушдорро мешунавем? Ё интизор мешавем, ки ҳукми ниҳоӣ дигар бе имкони тағйир содир гардад?


Соро РАҲИМОВА, ҳуқуқшинос