Баргашт Чоп кардан

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД


«МОШИНҲОИ БАРҚӢ. ЧӢ ТАВР СУДИ БЕШТАР БАРДОРЕМ?»
Хадамоти зиддиинҳисорӣ мақолаи «Мошинҳои барқӣ. Чӣ тавр суди бештар бардорем»-ро, ки 2 феврали соли 2026, №20 (25387) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар матни мақолаи болозикр дарҷ шудааст, ки дар нуқтаҳои барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду намуди нархи неруи барқ ҷорӣ гардидааст. Аз ҷумла, барои 1 фоизи ҳаҷми умумии фурӯши неруи барқи нақлиёт 1 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳои барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқи ноҳияҳо 1 кВт-соат неруи барқ 2,50 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ ва дигар истифодабарандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо неруи барқ Шартномаи консессия байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Помирэнерҷӣ" ба имзо расида, тарифи истифодаи неруи барқ барои ҳамаи истифодабарандагон (ба истиснои аҳолӣ) барои 1 кВт-соат ба андозаи 5,16 сенти ИМА муқаррар гардидааст. Ҳангоми аз доллари ИМА ба сомонӣ баргардондани маблағи истифодаи неруи барқ, арзиши миёнаи моҳонаи қурби асъори миллӣ муайян ва барои ҳисоб намудани маблағи неруи барқ истифода бурда мешавад.
Тибқи маълумоти дастрасгардида, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 11 нуқтаи барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ (дар шаҳри Хоруғ 4, ноҳияҳои Мурғоб 2, Шуғнон 1, Ванҷ 2 ва Дарвоз 2) мавҷуд аст, ки дар 9-тоаш хидматрасонӣ анҷом дода мешавад ва 2-тои дигараш аз фаъолият бозмондааст.
Баррасӣ ва таҳлил муайян намуд, ки аз 9 нуқтаи барқпуркунӣ дар 6-тоаш фурӯши неруи барқ тариқи фоизи ҳаҷми умумии барқи нақлиёт ва дар боқимонда фурӯши неруи барқ тариқи як кВт-соат ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳияи Мурғоб фурӯши неруи барқ дар нуқтаҳои барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ бо истифода аз таҷҳизоти барқистеҳсолкунанда (генератори дизелӣ) ба роҳ монда шуда, нархи фурӯши он барои як фоиз аз ҳаҷми умумии неруи барқ 6 сомонӣ, дар ноҳияи Шуғнон фурӯши неруи барқ тариқи фоиз бо нархи 2,5 сомонӣ, ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ фурӯши неруи барқ тариқи фоиз ва кВт-соат бо нархи 2 сомонӣ ва дар шаҳри Хоруғ фурӯши неруи барқ тариқи фоиз ва кВт-соат бо нархи 1,20 сомонӣ ба роҳ монда шудааст.
Баъд аз гузарондани таҳлилу омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ нархи фурӯши неруи барқ дар нуқтаҳои барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқии ноҳияи Мурғоб бо истифода аз таҷҳизоти барқистеҳсолкунанда (генератори дизелӣ) аз 6 сомонӣ ба 4 сомонӣ, ноҳияи Шуғнон аз 2,50 сомонӣ ба 1,80 сомонӣ, ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз аз 2 сомонӣ ба 1,60 сомонӣ ва дар шаҳри Хоруғ аз 1,20 сомонӣ ба 1 сомонӣ коҳиш дода шуд.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи фурӯши неруи барқро дар нуқтаҳои барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ зери назорати доимӣ қарор дода, дар доираи ваколатҳои худ чораандешӣ менамояд.


Раҷабзода Ҳ.Р.,
сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон