Баргашт Чоп кардан

ХОРУҒ. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТӢ


Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Маркази зеҳни сунъӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар маросими ифтитоҳи Марказ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуд.


Иттилоъ дода шуд, ки Марказ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, таъсис дода шуд. Президенти ҷумҳурӣ дар Паём таъкид карданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд».
Маркази зеҳни сунъӣ имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯёну магистрантон ва докторанту муҳаққиқони ҷавон тавассути технологияҳои нав барномаҳои гуногун омода созанд, иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисосро дар самти технологияҳои рақамӣ тақвият бахшанд. Ифтитоҳи он қадами муҳим дар роҳи татбиқи дастовардҳои инноватсионӣ ва ҳамқадам гардидани Донишгоҳ бо равандҳои муосири илму техника ба ҳисоб меравад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо фаъолияти Марказ ва имкониятҳои техникӣ-илмии он зикр намуд, ки таъсиси чунин марказҳо барои рушди соҳаҳои зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, таҳлили маълумот ва дигар самтҳои афзалиятноки технологияҳои иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.


Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»