Баргашт Чоп кардан

ТОЗАГӢ БАРАКАТ МЕОРАД


Нақл мекунанд, ки дар диёре муддати зиёд борон наборид. Мардум назди як олими куҳансол рафта пурсиданд:
– Чаро баракат нест?
Олим гуфт:
– Шумо ба ҳолати кӯчаву соҳили дарёҳо нигаред. Кӯчаву дарёҳо ифлос ва муҳити зист вайрон шудааст. Ифлосӣ зиёд шуд, баракат аз байн меравад.
Мардум тибқи дастури ин пири хирадманд ҳашар ташкил карда, кӯчаву дарёҳоро тоза намуданд. Пас аз чанд рӯз аз баракати тозагӣ борони пурфайз бориду киштзорҳо сарсабз ва дарёҳо сероб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки чанд сол пеш аз бисёр дарёву рӯдхонаҳои кишвар бемалол об нӯшида метавонистем. Мутаассифона, имрӯз ифлосиҳои дарёро дида, кас ҳатто барои шустани даст ҷуръат намекунад.
Ҳангоми аз ағбаи Анзоб ба пойтахт омадан оби рӯди Варзобро софу зулол мебинем. Кас бе ягон тарсу ҳарос аз оби сарду гуворои он менӯшад. Мутаассифона, баъди ба пойтахт наздик шудан, мебинем, ки вазъи дарё дигар шудааст. Рӯ-рӯйи об зарфҳои пластикию партовҳои гуногун «шино» мекунанд. Дидани чунин вазъияти ногувор, ки бо сабаби пастфитратии баъзе сокинони деҳоти атрофи дарё ва истироҳаткунандагон рӯй медиҳад, табъи касро хира мекунад.
Солҳои ҳаштодуми асри гузашта, замоне ки мо донишҷӯ будем, бемалол аз оби дарёи Душанбе (Варзобу Лучоб якҷо шуда, номи Душанберо мегиранд) менӯшидем. На касе бемор мешуду на диламон дур мерафт. Афсус, ки имрӯз дар натиҷаи маърифати пасти экологии баъзе аз ҳамватанонамон вазъи соҳили аксар дарёҳои кишвар нигаронкунанда аст.
Об неъмати бузург ва унсури муқаддас аст. Аз ин рӯ, ба об беэҳтиромӣ кардан оқибати нохуб дорад. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳар рафтори ношоями содирнамудаамон рӯзе ба худамон бармегардад.
Чанд сол пеш дар телевизиони Таиланд барномаеро зери унвони «Доғҳои шаҳри мо» таъсис доданд. Ду нафар таҳиягарон бо скутер шахсони дар ҷойҳои мамнуъ партов мепартофтаро ба навор гирифта, тавассути телевизион нишон медоданд. Дар се моҳ ин барнома сербинандатарин барномаи телевизион гардида, кӯчаҳои Бангкок (пойтахти Таиланд) хеле тоза шуданд.
Хуб мешуд, ки дар кишвари мо низ тавассути камераҳои назоратӣ ашхоси дар кӯчаю соҳили рӯдхонаҳо партов мепартофтаро сабт намуда, тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон диҳанд. Шояд ба ин восита сафи ашхосе, ки кӯчаю соҳилҳоро ифлос мекунанд, камтар шавад.


Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»