Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» дар таҳияи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии синамои экологии «Astana Eco Film Festival 2026» сазовори ҷоизаи бонуфузи «Best Impact Storytelling Award» (Беҳтарин филми таъсирбахш) гардид. Дар ин бора аз Кумитаи телевизион ва радио хабар доданд.
Ин ҷашнвора дар ҳошияи Саммити минтақавии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор» баргузор шуда, дар он даҳҳо филм аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба намоиш гузошта шуданд.
Филми «Шоҳи қуллаҳо», ки коргардони он Усмон Юсуфов мебошад, дар бораи зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон ва ҳифзи озодапаланг (бабри барфӣ) нақл мекунад.
Ҳайати ҳакамон ва бинандагон ба сифати баланди наворбардорӣ ва паёми муҳими филм дар роҳи ҳифзи муҳити зист баҳои баланд доданд.
«УСТУВОНАИ КУРУШ: ПАЙВАНДИ ТАЪРИХИИ БАЙНИ ГУЗАШТА ВА ҲОЗИРА – НАЗАРИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН»
Зери чунин унвон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқоти хориҷии Токио ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қабули қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» ва қатъномаи СММ оид ба эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ (соли 2027) маълумот дода, нақш ва аҳамияти онҳоро шарҳ дод.
Зимни пешниҳоди маърузаҳо дар мавзуи мавриди назар, нақши тоҷикон дар таъриху тамаддуни башарият ва дастовардҳои Тоҷикистони муосир ба донишҷӯён муаррифӣ шуд.
60 ДОВТАЛАБ АЗ ДТТ БА ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» РОҲХАТ ГИРИФТ
Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои илмию таълимии мамлакат марҳалаи аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷараён дорад.
Чанде пеш дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ даври аввали ин Озмун баргузор гардид. Беш аз 500 омӯзгор, докторанти PhD, донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо ширкат варзиданд. Аз ин шумора, 60 кас имкони дар даври дуюм иштирок карданро пайдо намуд.
Бояд тазаккур дод, ки имсол Озмун аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад.
З. РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”