Омодагиҳои вилояти Суғд ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар вилояти Суғд корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бомаром идома доранд. Тибқи нақша, дар вилоят то ин Ҷашни таърихӣ бунёд ва таъмиру навсозии 12000 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ шуд. То моҳи декабри соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12729 иншоот бунёд ва таҷдиду тармим гардид, ки ба 106,1 фоиз нақша баробар мебошад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки то Ҷашни фархундаи миллат шумораи умумии иншооти сохташуда ва таҷдидгардидаро ба 15000 расонанд.
Мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилояти Суғд бо ифтихори ватандорӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии диёр саҳми арзанда мегузоранд.
Бо меҳнати содиқона ва азму иродаи қавӣ сокинони вилоят дар ободонии маҳал, тақвияти иқтидори иқтисодӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан саҳм мегузоранд.
ХУҶАНД
Симои тозаи шаҳри бостонӣ
Шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази маъмурии вилояти Суғд дар ин раванд пешсаф аст. Имрӯзҳо дар шаҳр корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд. Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳр сохтмон ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим пешбинӣ гардида буд. Танҳо соли рафта 370 иншоот ба истифода дода шуд ва нақшаи умумии панҷсола 115 фоиз таъмин гардид. Ҳамин тариқ, ба ҷойи 950 иншооти пешбинишуда, аллакай, 1095 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Илова бар ин, то Ҷашни умумимиллӣ боз 400 иншооти дигар сохта мешавад.
Дар баробари рушди инфрасохтор, ба ободонии шаҳр низ диққати махсус дода мешавад. Соли сипаришуда 55,7 километр роҳҳои шаҳр асфалтпӯш ва таъмир гардиданд, ки 111,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, корҳои равшаннамоӣ, кабудизоркунӣ ва гулкорӣ дар кӯчаю хиёбонҳо вусъат ёфта, симои шаҳр боз ҳам зеботар мегардад.
ҶАББОР РАСУЛОВ
Авлавият ба рушди
устувори ноҳия
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ босуръат идома доранд. Дар ноҳия соли равон бунёду таҷдиди 100 иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳраки Меҳробод сохтмони тӯйхонаи «Якка Сарой», бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо, бинои нави омори ноҳия, тарабхонаҳои замонавӣ ва марказҳои хидматрасонӣ идома дошта, ҳамзамон, боғи фарҳангиву фароғатӣ ва варзишгоҳи марказӣ таъмир мегарданд.
Бино ба иттилои масъулон, дар деҳоти Ғӯлакандоз бинои бонк ва маркази хидматрасонӣ, бинои иловагии кӯдакистони №23 ва толорҳои варзиш дар муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд. Дар деҳоти Гулхона сохтмони кӯдакистон, дар деҳаи Навбунёд корхонаи истеҳсоли хишт, фермаи мурғпарварӣ ва чорводорӣ, инчунин, бунёди мағоза ва биноҳои хидматрасонӣ идома доранд. Дар деҳоти Ҳаёти Нав муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, кӯдакистони хусусӣ ва марказҳои хидматрасонӣ сохта шуда, роҳҳои марказии деҳаҳо асфалтпӯш мегарданд. Дар деҳоти Сомониён ва Деҳмой низ бунёди толорҳои варзиш, синфхонаҳои иловагӣ, нуқтаҳои хидматрасонӣ ва асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллӣ амалӣ шуда, шабакаҳои барқ таҷдид хоҳанд шуд.
ЗАФАРОБОД
Бунёдкорӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Зафаробод ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 590 банд чорабинӣ ба маблағи 112 миллиону 706 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида, солҳои 2022 – 2026-ум 610 банд чорабинӣ ба маблағи 153 миллиону 963 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, 103 фоизи нақша иҷро шудааст. Ҳамзамон, дар доираи ин тадбирҳо 763 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сокинони ноҳия дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат фаъолона саҳм мегузоранд.
ИСФАРА
Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
Дар шаҳри Исфара ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 935 иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёд, азнавсозӣ ва таҷдид мегардад.
Дар солҳои 2022 – 2025-ум 867 иншоот (93 фоизи нақша) ба истифода дода шудааст, ки арзиши умумии онҳо 281,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин иқдомҳо соҳаҳои муҳими ҳаёт – маориф, тандурустӣ, роҳсозӣ, саноат, фарҳанг ва инфрасохтори коммуналиро фаро гирифта, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”